Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шўъла фурў рафтану нагдохтан аст.

Ишқ аз ин гунбади дарбаста бурун тохтан аст,
Шишаи моҳ зи тоқи фалак андохтан аст.

Салтанат нақди дилу дин зи каф андохтан аст,
Ба яке дов ҷаҳон бурдану ҷон бохтан аст.

Ҳикмату фалсафаро ҳиммати мардӣ бояд,
Теғи андеша ба рўйи ду ҷаҳон охтан аст.

Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,
Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.

Иқболи Лоҳурӣ