Тамоми шаҳр хоб асту ману борон бедорем,

Магар дар ин шаби сармо ману борон ғам дорем?

Ман аз борон боронтар ба марзи ишқ мерезам,

Миёни ваҳшати шабҳо ҳамоҳанги шабовезам.

Даруни синаам буғзе аз эҳсоси пушаймонӣ!

Чи маъюсанд ин соат, чаковакҳои боронӣ!

Ҳавои чашмҳои ман, шабеҳи абру борон аст,

Магар борон ҳам чун ман, аз ишқи худ пушаймон аст?

Чаковакҳош ғамгинанд ба ҳаҷми дарди ашъорам,

Дар ин шаҳри мусофиркуш, тамоми умр бедорам.                                                                         𝓞𝓻𝔃𝓾𝓘𝓼𝓸𝓮𝓿