Ҳаким аз шахсе мепурсад:

Рӯзгорат чӣ гуна аст?

Мард гуфт:

Хело бад мебошам. Имрӯз аҳволам аз рӯзҳои гузашта ҳам бадтар шуд. Маҷбур шудам кӯзаи сафолиро, ки ёдгории сесадсолаи аҷдодам буд, барои харидории озуқаворӣ савдояш бикунам.

Ҳаким гуфт:

Худованд рӯзиятро аз сесад сол пеш канор гузоштааст ва боз носипосӣ дорӣ.


Ҳазрати Алӣ (р.а.) фармудааст;
Аллоҳ (ҷ.ҷ) бар ризқ кафил аст, на дар имон. Аз ин рӯ ғами имонатонро хӯред, на ғами ризқатонро (ҳазрати Алӣ (р.а.)).

Албатта ки барои ризқу рӯзӣ бояд камар баст. Танбалӣ ва бе узр талбидан аз сифтаҳои мусалмонӣ нест.

Манбаъ: "Роҳ ба сӯи муваффақият" - Субҳон Қурбонов.