Моҳи июни соли 1777 Конгресси Амрико барои қабул намудани парчам маҷлис тартиб дод ва дар ин маҷлис парчами Амрико расман пазируфта шуд.  Дар тули таърих парчам чанд маротиба шакли худро дигар карда,  ба он тағйиротҳо ворид карда шуданд. Дар Парчами кунунии Амрико ҳоло 50 ситора, 13 хати рости сафеду сурх дида мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо рамзӣ мебошанд. Масалан 50 ситора рамзи 50 штат ва 13 хати рости сурху сафед рамзи он мебошанд, ки ҳамин 13 штат барои муборизаи Истиқлолияти Амрико аввалин шуда ба мубориза хестанд.