Орзую мақсадҳо асосан дар кӯдакӣ пайдо мешаванд. Одатан ин орзуҳо дар асоси муваффақиати атрофиён оғоз меёбанд. Вақте кӯдак мебинад, ки бародари калонии ҷӯрааш ҳуқуқшинос асту соҳиби хонаву мошин ва дар ҷамъият обрӯи хоса дорад, ин кӯдак низ мехоҳад ба чунин қуллаҳо расад. Талхтараш дар он аст, ки бисёри наврасон маҷбур мешаванд, ки дари ояндаи худро ба ғайр аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ба дигар имкониятҳо банданд.

Ба ҷамъияти солим ҳама мутахассисон лозиманд: ҳам духтуру ҳам ҳуқуқшинос. Аммо иқтисодиёт бе мутахассиони техникӣ пеш рафта наметавонад. Пешравии тек динамики рушди иқтисодиро дар саросари ҷаҳон тағйир додааст. Тоҷикистон метавонад тавассути кадрҳои техникӣ ба ин иқтисодиёти глобалӣ пайваст шавад. Барои ин зарур аст, ки олимону кадрҳои созанда бисёртар омода карда  шаванд.

Технология босуръат ба пеш меравад. Талабот ба кадрҳои техникӣ девонавор зиёд мешавад ва маъош дар ҷода бештар аз ҳама соҳаҳои дигар аст. Пас, агар шумо довталаб бошед, маслиҳат медиҳам, ки дар интихоби касб эҳтиёткор бошед ва ҳамон касберо  интихоб кунед, ки ояндаи шуморо бисозад.