Писарчае мехост санги калонеро аз ҷояш ба ҷойи дигар кашонад. Хело кушиш намуд, аммо сангро ба ҳаракат дароварда натавонист. Падараш, ки ӯро аз дур назорат мекард, назди фарзандаш омаду гуфт:

- Он чӣ, ки аз дастат меомад,  анҷом додӣ?

Фарзанд гуфт:

- Бале, истифода бурдам.

Падар гуфт:

- Не, фарзандам. Он чӣ аз дастат меомад, анҷом надодӣ. Ҳанӯз аз ман кумак ва ё маслиҳате напурсидӣ.

Миллате, ки насиҳатгар надорад ва ё насиҳатгаронро дӯст намедорад, дар он хайр нест. (ҳазрати Умар (р.а.)).