Калимаи "Наврӯз" маънои "Рӯзи нав"-ро дорад. Ин иди баҳор,   айёми шукуфоӣ, рӯзи баробаршавии шабу рӯз мебошад. Наврӯз ҷашни байналмилалӣ буда, дар саросари ҷаҳон тибқи қарори Созмони Миллали Муттаҳид бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.  Ҳоло дар Точикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн ҷашн гирифта мешавад. Бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштини паҳлавонҳо, арғамчинбозӣ маъмултарин анъанаҳои наврӯзӣ мебошанд. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Ороиши махсуси дастурхон ба симои ин ҷашни бошукуҳ шаҳомати дигар мебахшад. Чун анъанаи нек дар арафаи Наврӯз дастурхонро ба таври хос бо “Ҳафтсин” ва “ Ҳафтшин” оро медиҳанд. Занҳо ҳама муттаҳид шуда ба омода намудани рамзи Наврӯз – Суманак машғул мешаванд.  Суманак аз гандум тайёр карда мешавад. Духтарон ба қошҳои худ усма мекашанд ва атлас ба бар намуда, ба сайри наврӯзӣ мебароянд.

Наврӯз пеш аз ҳама ба кӯдакон шодӣ меорад. Кӯдакон либосҳои идона ба бар намуда, ба хонаи наздикону ҳамсояҳо барои табрики ҷашни Наврӯз мераванд. Калонсолҳо ба онҳо ҳамчун идона ширинӣ тақдим мекунанд. Анъанаҳои неки наврӯзӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҳафта давом мекунанд.