Гӯед, дигар номи Худоро нафурӯшанд,
Гӯед, ки виҷдону сафоро нафурӯшанд.
Эй он, ки таманнои ту дар ҷони малакҳост,
Ман ошиқи ту, гӯй, ки моро нафурӯшанд.
Донишгаҳи мо, мӯъҷизаи илму амал шав,
Бар пири хирад гӯ, ки баҳоро нафурӯшанд.
Адвор тамаддуни фиреб асту фиребо,
Эй кош, ба бозор риёро нафурӯшанд.
Ман омадам аз дуртарин уфқи забарҷад,
Он ҷо, ки ба зар ишқу вафоро нафурӯшанд.
Ин аҳли тиҷорат, ки фурӯшанд ҳама чиз,
Аз баҳри Худо, гӯ, ки ҳаворо нафурӯшанд.
Қонуни заминро ҳама бишкаста чу савганд.
Гӯед, ки қонуни саморо нафурӯшанд.
Аз гумшудаҳо, кош шуниданд табибон,
"Гӯед дилу гурдаи моро нафурӯшанд".
Дар тоқи фалак шамс диҳад дарси накӯӣ, -
Ин аҳли фалак нуру зиёро нафурӯшанд.
Бар дилсияҳоне, ки фурӯшанд ҳама кас,
Гӯед, ки имони шуморо нафурӯшанд.
Адиба Хуҷандӣ