Дар муносибатҳои ҳуқуқӣ як предмет метавонад ҳам нақши мусбӣ ва ҳам нақши манфӣ дошта бошад. Масалан пул дар муносибатҳои ҳуқуқи  гражданӣ барои иҷрои кор ё хизмат ҳамчун предмети асосӣ баромад мекунад, нақши мусбӣ дорад. Дар муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бошад, пул ба сифати музди меҳнат баромад карда, нақши мусбат дорад. Лекин дар муносибатҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ бошад, пул предмети манфӣ ба ҳисоб меравад. Масалан дар ҷиноятҳои характери коррупсионидошта пул ба сифати предмети манфӣ баромад мекунад.  Ҳамин тавр ҳамон як предмет дар муносибатҳои ҳуқуқӣ гоҳе  ба сифати мусбӣ, гоҳе ба сифати манфӣ баромад мекунад.