Дар маҳаллае ду ширинфурӯш буд. Яке аз онҳо пирамардеро зиёрат мекунад ва мегӯяд;

- Ман ин дуконро маҳкам мекунам ва дар дигар маҳалла дукон мекушоям.

Пирамард:

- Чаро дуконатро маҳкам мекунӣ?

Тоҷир:

- Зеро рақибам аз ман зиёдтар фоида ба даст меорад.

Пирамард:

- Ту аз куҷо медонӣ, ки рақибат аз ту дида зиёдтар фоида ба даст меорад?

Тоҷир:

- Донистанаш осон аст. Доимо мебинам, ки муштариҳо ба дукони ӯ даромада халта- халта харидорӣ мекунанд.

Пирамард:

- Мушкилии ту фаҳмида шуд. Ҳамон миқдор замонеро, ки барои таваҷҷуҳи дукони ҳамсоя сарф мекунӣ, агар барои мукаммал гардонидани кори хеш сарф мекардӣ, бешубҳа ки ту ҳам муваффақ мешудӣ ва ҳаргиз фикри баста кардани дуконатро намекардӣ.

Боварӣ кардан ба хеш, аввалин сирри муваффақият аст. (Ралф Эмерсон).