Дар бораи мо

Дониш дар ҳама давру замон равшанибахши зиндагӣ  ва калиди хазинаҳои беҳисоби илм аст.
Сомонаи misol.tj барои баланд бардоштани савияи дониш ва бехтар азхуднамуднамоии маводҳои таълимӣ барои наврасону ҷавонон таҳия шудааст.  Дизайни мувофиқ, истифодабарии осон ва содаву фаҳмо будани маводҳои омузишӣ ба корбарон имконият медиҳад, ки дар камтарин фурсат донишҳои навро аз худ карда, ҳамчунин байни корбарон ҳамфикрони худро пайдо намоянд ва , байни ҳамдигар онро ба иштирок гузоранд. Misol.tj  бо истифода аз технологияи навтарин таҳия шудааст, ки ин бехато ва босуръатии раванди кори  онро таъмин менамояд. Дар он муҳите амал мекунад, ки корбарон бе ягон монеа маводҳои ҷолибу хонданиро пайдо намуда, мутолиа намоянд. Мақсад аз таҳия намудани он пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон бо истифода аз технологияҳои навтарин, беҳтар намудани қобилиятҳои ҷавонон ва кашфи истеъдодҳои нав, дар руҳияи некиву накукори тарбия намудани онҳо ва саҳми назаррас гузоштан дар фикрронии ғайриоддии ҷавонон ташкил шудааст.
Сомона бо дастгирии ТҶ Пешрафт таҳия шудааст, ки яке аз самтҳои фаъолияти он мебошад, ҳамчунин дар таҳия ва пешбурди он саҳми кормандони он зиёд буда, бо  боварӣ метавон қайд намуд, ки он дар пешрафти насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо ва минбаъд дар кашфи истеъдодҳои наву чеҳраҳои тоза байни ҷавонони хирадманди диёр саҳмгузор хоҳад буд.