Ду раҳсозему раҳпаймо - ману дарё, ману дарё,
Ду ҳамроҳему ду танҳо - ману дарё, ману дарё
Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ,
Ба поинҳо аз он боло - ману дарё, ману дарё.
Ман аз вай шӯр мегирам, вай аз ман шеър мегирад,
Ду пуршӯрему пурғавғо - ману дарё, ману дарё
Дили ӯ масти тӯфонҳо, дили ман масти туғёнҳо,
Ду сармастему пурсавдо - ману дарё, ману дарё
Ғазал мехонад ӯ, ман ҳам, фиғон месозад ӯ, ман ҳам
Ду шоир, ду дили шайдо - ману дарё, ману дарё.
На парвои маломатҳо, на парвои сиёсатҳо,
Ду девона, ду бепарво - ману дарё, ману дарё.
Ба ёди ёр менолем - ёри орзуҳомон,
Ду маҷнунем дар саҳро - ману дарё, ману дарё.
Гаҳе дар худ намегунҷем, меҷӯшему мешӯрем
Ба қасди соҳилу маҷро - ману дарё, ману дарё.
На боки садди раҳ дорему на бок аз халалгорон,
Ду ҷӯёи раҳи фардо - ману дарё, ману дарё.
Ба чандин ранҷу тобу таб суруди зиндагӣ дар лаб
Давонем аз пайи дунё ману дарё, ману дарё...

Лоиқ Шералӣ