Модаре ба назди яке аз ректорҳои донишгоҳи Амрико Ҷеймс Герфилд омад ва гуфт:

Ҷаноби ректор! Дарсҳоятонро каме саҳлтар (осонтар) намекунед? Фарзанди ман ҳамаи дарсҳоро таъқиб карда наметавонад. Ҳамзамон фарзандам мехоҳад, ҳарчӣ зудтар донишгоҳро хатм намояд.

Ректор ба модари донишҷӯ мегӯяд:

- Хуб, пешниҳод қабул карда мешавад, аммо ба ман бигӯед, ки фарзандатон кӣ шудан мехоҳад? Ин саволро ба он хотир ба шумо додаам, ки Офаридгор дарахтеро дар тули 100 сол месабзонад ва кадуро даро ду моҳ.

Бузургтарин сармоя барои инсон, ин боварӣ ва эътимоди инсонҳо аст.
Қарор то амалӣ нагардад, қарори комил номида намешавад.

"Роҳ ба сӯи мувафақият" - Субҳон Қурбонов