Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан мумкин нест. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб аст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор,

Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқа  ғанимат аст ва онро баҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад.

Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омухтани ҳунари бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянду ҳунаре омузанд. Бехабар аз он ки омухтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад.

Тавре бузургон мегуянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, хамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад, хамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба кассе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсиати бузург созад. Ин бузургӣ бахираду дониши кас вобастагӣ дорад. Бузургон гуфтаанд:

Айбаст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамизаст.

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Бекорӣ — вабои тан аст мегӯянд. Модом, ки бекорӣ дард меовардааст, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунари волое ба даст овард.