Фарзанд гуфт:

Модарам ҳиссае аз хӯроки худ ба ман илова мекарду худаш кам мехӯрд. Рӯзе ман ба он кас гуфтам: “Модарҷон, даркор нест. Худатон хуред, охир ин аз они шумост” гӯям ҳам:

- “Ман гурусна нестам, бачаҷон!” гуён ба ман моҳӣ доданд. Баъд ба ман бо табассум нигоҳ карда:

- “Ба ман моҳӣ на он қадар маъқул аст, ту хӯр, ош шавад” гуфтанд.

Ман беҳолшавии он касро бисёр медидам. Аммо ба ман:

-  “Ҳоли ман хуб аст, хавотир нашав” мегуфтанд. Агар барои нӯшидан об биёрам:

-  “Ман ташна нестам бачаҷон, худат хӯр” мегуфтанду ба ман медоданд.

Пас аз вафоти падарам ба қароре омаданд, ки дигар хонадор намешаванд ва ба ман:

- “Ман бо дигар нафар хонадор шуданро намехоҳам. Мехоҳам танҳо барои ту зиндагӣ кунам”  гуфтанд.

Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо гузашт ва ман калон шудам. Пас аз ба кор даромадан ба яке аз ташкилотҳои бонуфуз як қисми маошамро барои он кас гуфта ҷудо кардам. Аммо маблағҳои додаи маро нагирифта ба ман гуфтанд:

-  “Ман ба пул муҳтоҷ нестам. Барои худат гирифта мон. Бароям пули лозимаро дорам”.

Рӯзе бо сабаби кор кардан модарамро дар хона монда ба дигар кишвар ба сафар рафтам.  Пас аз якчанд рӯз ҳолатам хуб шуд ва ба модарҷонам занг зада гуфтам, ки аҳволам хуб аст. Ва гуфтам: “Мехоҳам, ки дар наздам бошед”. Аммо таклифи маро раъд карда гуфтанд:

-  “Намехоҳам ба ту халал расонам”.

Бо гузашти солҳо модарам пир шудан гирифтанд. Аммо рӯзе аз хабари мудҳише, ки дар хаёлам набуд фаҳмида худамро гум кардам.  Модарҷонам, меҳрубонам ба касалии саратон дучор шуда буданд. Пас аз фаҳмидани хабари мазкур изтироби сахт кашидам, худамро аз гиря дошта истода натавонистам. Ба ҳузури меҳрубонам, ҷаннатам гирякунон даромадам. Аммо... модарҷонам боз ба ман гапи дурӯғ гуфтанд:

- “Гиря накун, бачаҷонам. Оби чашмонатро нарез. Дарде, ки ба ман озор медиҳад, ягонтаашро ҳис накарда истодаам”.

Дар ҳаёти ҳамаамон аҳамияти МОДАР хеле бузург аст.               МОДАР -  ҷонфидогиву покмеҳриаш нақадар бузург.                           Меҳри МОДАР -  малҳами тамоми дардҳои олам аст.                                   Меҳри МОДАР - ҳиссе ки ҷояшро ягон чиз иваз карда наметавонад. Худоё, ягон касро аз меҳри падару модар маҳрум накун.