Буд набуд, ду бузича, ду бузичаи ширмасти шухаку ҷингилапо буд. Ду бузича дар ду канори ҷуй шодӣ кардаю бозӣ карда, чарида мегаштанд. - Эй ҷура, ба ин тараф гузар; ҳамроҳ бозӣ кунем! - гуфт як бузича.

  • Не, ту худат ба ин тараф гузар! - гуфт бузичаи дигар.
  • Хайр, ман ба пеши ту мегузарам, - гуфт бузичаи аввала.
  • Не, ман ба назди ту мегузарам! – гуфт бузичаи дуюм.
    Ҳамин хел гуфта, ду бузича дар як вақт ба купрук баромаданд, Дар худи миёначои купрук cap ба cap шуданд. Купрук борик буд. Онҳо аз паҳлуи якдигар гузашта наметавонистанд.
  • Ту ақиб гард, ман аввал мегузарам! – гуфт як бузича.
  • Не ту ақиб гард, аввал, ман мегузарам? - гуфт бузичаи дигар.
    Ҳеч кадомаш намехост ақиб равад.
  • Ба гапи ман надароӣ, рузатро нишон медиҳам! - гуфт як бузича.
  • Канӣ зур бошӣ як нишон дода бин! – гуфт бузичаи дигар.
    Бузичаҳо ҳар ду дар каҳр шуда, ба ду пои пушташон нимхез шуданду калла ба калла заданд.
ду бузича


Калла ба калла заданду ҳар ду якбора ба ҷуй ғалтида рафтанд. Ҷуй чуқур буду обаш тез. Оби тез ду бузичам ширмасти шуху ҷингилапоро гирифта бурд.

Манбаъ: китоби "Афсонаҳои халқи тоҷик"