Бисёр одамон аз суханронии оммавӣ ё танҳо мулоқот бо одамони нав метарсанд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки шармгинӣ умуман хислати модарзодӣ нест. Роҳҳои бартараф кардани он вуҷуд доранд.
1.    Фикр кунед, ки барои чи ва чаро шармгинед. Кӯшиш кунед, ки шармгинии худро фаҳмед ва он дар ҳаёти шумо чӣ гуна зоҳир мешавад. Мушоҳида кунед, ки кадом омилҳо ин эҳсосро ба вуҷуд меоранд. Донистани сабабҳои шармгини, халос шудан аз онро хеле осонтар мекунад.
2.   Худ ва вазъиятро дуруст дарк кунед. Ҳама чиз дар сар оғоз мешавад ва баъд ба воқеият табдил меёбад.
3.    Бидонед, ки шумо дар чизе аз ҳама беҳтаред. Бартариҳои худро ҷустуҷӯ кунед. Албатта корҳое ҳастанд, ки шумо аз дигарон беҳтар мекунед. Худро барои қуввататон дӯст доред ва дар бораи нокомиҳо хавотир нашавед. Одами комил вуҷуд надорад!
4. Ба хатогиҳо кор кунед. Рӯйхати вазъиятҳоеро тартиб диҳед, ки шуморо нороҳат кардаанд. Дар хотир доред, ки шумо наметавонед ҳама чизро якбора ба даст оред. Оҳиста-оҳиста, ҳар рӯз  аз болои худ кор кунед. Ҳатто хурдтарин ғалаба ҳам боварӣ ва хоҳиши пеш рафтанро медиҳад.
5.   Худро бо дигарон муқоиса накунед. Ҳеҷ гоҳ худро бо дигарон муқоиса накунед. Ҳама кушиш мекунанд, ки хислатҳои бади худро пинҳон дошта, комёбиҳои худро ба гуш меандозанд. Шумо як шахси тамоман дигар, беназир ҳастед!
6. Шиносоии нав пайдо кунед. Дӯстони навро ҷустуҷӯ кунед. Ба курсҳо равед, бисёр одамони ҷолиб ба он ҷо мераванд. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки ба ҷаҳон бо чашми дигар нигоҳ кунед, чизи навро омӯзед, эҳтироми худро баланд кунед.
7.  Бо худ ифтихор кунед. Дафтарчае гиред ва  дар он шумо тамоми дастовардҳои худро нависед. Дар бораи ғалабаҳои худ гаштаю баргашта хонед. Бо худ фахр карданро оғоз кунед.