1. Нокомӣ танҳо як фурсат барои аз нав оғоз кардан аст, аммо оқилонатар.

© Ҳенри Форд

2. Агар мушкилотро ҳал кардан мумкин бошад, аз он хавотир нашавед. Агар мушкилот ҳалнашаванда бошад, дар бораи он ташвиш кардан ҷоиз нест.

© Далай Лама

3. Ҳатто агар шумо хеле боистеъдод бошед ва саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, баъзе натиҷаҳо танҳо вақтро талаб мекунанд: ҳатто агар аз шумо нӯҳ зан ҳомиладор шавад, шумо дар як моҳ кӯдакдор намешавед.

© Уоррен Баффет

4. Дар умри одам бахт як бор  дари ҳар касро мекубад, аммо дар ин вакт одам аксар вақт дар майхонаи наздиктарин нишаста, садои тақ-тақро намешунавад.

© Марк Твен

5. Камбудии бузурги мо дар он аст, ки мо хеле зуд таслим мешавем. Роҳи боэътимоди муваффақият ин як бори дигар кӯшиш кардан аст.

© Томас Эдисон

6. Шахсан ман қулфинай бо қаймоқро дӯст медорам, аммо бо кадом сабабе моҳӣ кирмҳоро афзалтар медонад. Барои ҳамин, вақте ки ман ба моҳидорӣ меравам, на дар бораи он чизе, ки ман дӯст медорам, балки дар бораи он фикр мекунам, ки моҳӣ чӣ дӯст медорад. © Дейл Карнеги

7. Саҳар аз хоб бедор шуда, аз худ бипурсед: «Чӣ кор кунам?». Бегоҳи пеш аз хоб рафтан: «Чи кор кардам?».

© Пифагор

8. Бечора, беҳтақдир, бадбахт ва носолим касест, ки калимаи «фардо»-ро бештар ба кор мебарад.

© Роберт Кийосаки

9. Пирон ҳамеша ба ҷавонон маслиҳат медиҳанд, ки пулро сарфа кунанд. Ин маслиҳати бад аст. Пулҳоро захира накунед. Ба худ сармоягузорӣ кунед. То чилсолагиам дар умрам ягон доллар сарфа накардаам.

© Ҳенри Форд

10. Ман инро мехоҳам. Ҳамин тавр мешавад.

© Ҳенри Форд

11. Ман мағлуб нашудаам. Ман танҳо 10 000 роҳеро ёфтам, ки кор намекунанд.

© Томас Эдисон

12. Меҳнати сахт ҷамъ шудани корҳои осонест, ки шумо дар ҳоле ки бояд анҷом медодед, анҷом надодаед.

© Ҷон Максвелл

13. Ман мегуфтам: "Умедворам, ки ҳама чиз тағйир меёбад". Он гоҳ ман фаҳмидам, ки танҳо як роҳи тағйир додани ҳама чиз мавҷуд аст - худамро тағйир додан.

© Ҷим Рон

14. Дарсе, ки ман гирифтам ва тамоми умр пайравӣ кардам, ин буд, ки кас бояд кӯшиш кунад, кӯшиш кунад ва бори дигар кӯшиш кунад - аммо ҳеҷ гоҳ таслим нашавад!

© Ричард Брэнсон

15. Имрўз кореро кун, ки дигарон намехоҳанд, фардо ту тавре зиндагӣ хоҳи кард, ки дигарон орзу мекунанд.