Адабиёт

Зебуннисо (1639 – 1702)

Духтари шоҳам, валекин рў ба фақр овардаам
Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.

Шарҳи ҳол

  Зебуннисо дар гӯшаи танҳоӣ нишаста, аз рӯзгор, нобаробариҳои замон менолид, оби чашм мерехт. Ӯ барои он ашк мерехт, ки озод набуд, мурғе буд дар қафас фарёдрасе надошт:

Сад таъна бар оташ зада дуди нафаси мо,
Эй вой, агар сабр набудӣ қафаси мо.
Гар замзамаи мо шунавад санг, шавад нарм,
Андар дили пурдард садои ҷараси мо.
Кардем басе аз ситаму ҷаври ту фарёд,
Ҷуз гиря нашуд ёд зи фарёдраси мо.

Зебуннисо соли 1639 дар Деҳлӣ таваллуд ёфтааст. Падари шоира Аврангзеб (1658-1707) подшоҳи Ҳиндустон буда, бо ҷоҳилию золимии худ дар байни шоҳони ин сулола машҳур буд. Модари Зебуннисо Дилрасбону духтари яке аз саркардагони Эрон Бадеуззамон буда, хату саводи хубе доштааст. Бинобар ин барои савод омўзонидани Зебуннисо кўшиши зиёд карда, ба хонадони худ Ҳафиза Марям ном зани оқила ва фозилаеро даъват мекунад. Марям дар як муддати кўтоҳ ба Зебуннисо, ки духтари хушзеҳн ва закӣ буд, хату савод омўзонида, шавқу завқи ўро ба адабиёту каломи мавзун афзун мегардонад.

Зебуннисо аз китобхонаи падар, ки дар он ҷо китобҳои нодиру камёфти шоирони бузурги гузашта маҳфуз буданд, пайваста мутолиа мекунад ва абёти зиёдеро аз бар менамояд. Бо ёрии муаллимаи худ дар маънидоду омўхтани санъати сухан малакаю маҳорат пайдо мекунад. Инчунин забони арабӣ ва «Қуръон»-ро дар давоми ду солу се моҳ аз бар менамояд.

Зебуннисо аз синни 13-14-солагиаш барои шеър гуфтан қалам ба даст мегирад. Шеърҳои аввалини ў ба устодаш писанд омаданд. Устодаш шеърҳои шогирдонаи ўро суфтаю равон намуда, дар рушду комолоти ў ёрӣ ва мададгорӣ менамояд.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Зебуннисо дар дарбори падараш китобхонаи калоне ташкил карда, гоҳ-гоҳ аз падар пинҳон базми шеър меорост ва шоиронеро, ки аз дигар кишварҳои дунё ба Ҳиндустон меомаданд, пуштибонӣ мекард ва ёрии моддӣ  мерасонд.

Аврангзеб намехост, ки духтараш шеър гўяду шоира шавад. Аз ин ҷост, ки рафтору кирдори духтараш ба ў маъқул набуд. Ҳар гоҳ ўро сарзаниш менамуд. Зебуннисо ба ҳамин маънӣ дар як ғазалаш ишорат менамояд, ки хомўш бошу дам назан, зеро султон тоқати шунидани суханҳои булбули хушилҳонро надорад. Дар ин ҷо шоира худашро ба булбули хушилҳон монанд кардааст:

Эй булбули хушилҳон, махрўшу дам фурў каш,
Табъи латифи султон тоби сухан надорад.

Вале ин духтари ҷасуру нотарс аз хашму ғазаби падар наҳаросид ва пайваста ғазалҳои шўрангези худро эҷод кард. Зебуннисо кору кирдорҳои ношоиста, маҷлису базмҳои назарфиребонаи аҳли дарбори падарро дида, дилаш танг мешуд, худашро бечораю танҳо ҳис мекард, ба зебу зинатҳои шоҳона чандон майл надошт. Зеро зебоии инсонро на дар зебу зинати зоҳирӣ, балки дар ақлу тамиз, донишу камолоти вай медид.

Зебуннисо дар оянда низ дониши худро такмил медод, ў илмҳои мантиқ, таърих ва ҳикматро омўхта, инчунин машқи хат мекунад ва дар навиштани хати настаълиқу насх ҳунарманд мешавад. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо шоира аз сўҳбатҳои адибони машҳури ҳамзамонаш Носиралии Сарҳиндӣ, Неъматхони Олӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил баҳра бурдааст.

Шоҳи мутаассиб Аврангзеб аз шеърхои эҷодкардаи духтараш худро ҳамеша нороҳат ҳис мекард ва Зебуннисоро азоб медод. Шоира худашро дар зиндон ҳис мекард. Ҷои гурез надошт. Ў ҳамаи дарду алами худро ба воситаи ашки чашмон ва ғазалҳои шўрангезаш андаке сабук мекард:

Зи хуни дида зиндонро бех аз рашки чаман дорам,
Зи доғи ғусса сад гулшан ба зери пираҳан дорам.
Ба сони ғунча гар бастам лаб аз гуфтушунид, аммо
Ба хуни дида оғушта саропои бадан дорам.
Ба сони абри найсонӣ зи ашки дидаи ҳиммат,
Кашида дар раги ҷон сад ҷаҳоне дар сухан дорам.

Зебуннисо аз дўстон ва наздиконаш хоҳиш мекунад, ки дар шаҳри Лоҳур барояш боғе бунёд кунанд. Барои боғи оянда худи шоира ҳар гуна ниҳоли мевадиҳанда интихоб менамояд. Ниҳолҳо сарсабз гашта, боғи шоираро зебу оро медиҳанд. Зебуннисо дар синни 63-солагӣ соли 1702 дар Деҳлӣ вафот мекунад. Ў пеш аз вафоташ васият карда буд, ки ҷасадашро дар шаҳри Лоҳур дар боғи худаш дафн намоянд. Дўстони наздики Зебуннисо васияташро иҷро мекунанд. Ўро дар боғи худаш дафн намуда, дар санги болои қабраш байти зерини адибаро ҳаккокӣ намудаанд:

Бар мазори ман, ғарибон, не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сўзад, не садои булбуле.

Мероси адабии Зебуннисо

  Девони ашъори ӯ чандон бузург нест. 4000 байтро дар бар мегирад. Асосан қисми зиёди девони шоираро ғазал ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ғазал 7 қасида, 5 тарҷеъбанд ва як мухаммас низ эҷод кардааст. Дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки Зебуннисо «Зеби тафосир» ном асаре иншо кардааст. Асари номбурда дастрас нест.

Мавзўи ғазалиёти Зебуннисо гуногун аст. Шоира дар ғазалҳои худ ҳаёти вазнину беҳуқуқии занони мазлуми Шарқро инъикос кардааст. Ў дар образи қаҳрамони лирикӣ, яъне худаш, садои шикоятомез ва эътирози занони замонаашро нишон додааст.

Зебуннисо дар ғазали зерин аз бахти баргашта, аз ранҷу озорҳои рўзгор шикоят дорад. Ў нишон медиҳад, ки ин бахти баргашта насиби миллионҳо одамони мазлуму бечора аст. Ба ҳамаи ин «чархи ҷафопеша», «каҷниҳод» айбдор аст. Шоира зимни ин ибораҳо золимон, ҳокимон ва шоҳони замонаашро тасвир намудааст. Ў дар анҷоми ғазал садои эътирози худро баланд карда, ба ситамгарону золимонро огоҳӣ месозад, ки аз оҳи дили мазлумон, бечорагон ҳазар кунанд, зеро тири оҳи онҳо синаи шумо золимонро маҷрўҳ месозад:

Фиғони булбулон имшаб ба ҳар гулшан асар дорад,

Магар дарду алам оҳе зи дунболи саҳар дорад.

Ба кини ман камар баста магар ин бахти баргашта,

Ки аз рўзи дигар ҳар рўз ҷонамро батар дорад?!

Гаҳе парвона месўзад, гаҳе шамъ аз ҷудоиҳо,

Ба олам ҳар киро бинӣ ту, доғе бар ҷигар дорад…

Ҷафоҷўё, ситамгоро, ҳазар аз оҳи мазлумон,

Ки тири оҳи мазлумон ниҳон дар санг асар дорад!

Шоира ҳамин маъниро боз дар ғазали «Дар бағал дорам» равшантар баён намуда, ба золимон таъкид менамояд, ки ба дардмандон ҷафою ситам кардан оқибати хуб надорад. Зеро оҳи мазлумон басо дарднок ва сахт аст. Ин оҳ ба мисли тири заҳролудест, ки пинҳонӣ ба нишон мерасад ва аз он ҷон ба саломат бурдан муҳол мебошад. Ин оҳ мавҷи тўфони даҳшатнокеро ба ёд меорад. Барои ҳамин дурусттар андеша кунед ва оқибати онро пеши назар оред:

Ману он сар, ки сад савдо зи ҷонон дар бағал дорад.

Ману он дил, ки сад новак зи мижгон дар бағал дорад.

Ту бераҳму ҷафоҷўӣ, мани озурда метарсам,

Ки оҳи синаи маҷрўҳ пайкон дар бағал дорад.

Ду чашмам гиряолуду дилам чун бед меларзад,

Ки ашки дардмандон мавҷи тўфон дар бағал дорад.

Зи оҳи сарди мазлумон ҳазар, золим, намедорӣ,

Ба заҳр олуда сад пайкони пинҳон дар бағал дорад,

Аз ин порчаҳо равшан мегардад, ки Зебуннисо ҳаёти пуразоб, қашшоқӣ ва муфлисии мардуми оддии ватанашро басо хуб медонистааст. Аз ин рў, аз ин зиндагии талхи омма дилаш ба дард омада, ашк мерехтааст ва садои эътирозашро ба муқобилии золимон баланд намуда, чунин мегўяд:

Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,

Пас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.

Ба ҷои зулму тааддӣ, – мегўяд Зебуннисо, – ба дармондагон некӣ кардан лозим. Ба касони мусибатзада кўмак расон, мисли булбулу парвона бош.

Гар сари осудагӣ дорӣ, ба ғам ҳамхона бош,

Аз тариқи офият маҷнунсифат бегона бош,

Ҳар куҷо базми мусибат гарм гардад дар ҷаҳон, Дар такаллум булбулу дар сӯхтан парвона бош.

Дили шоира ба ҳоли дармондагону бечорагон месӯзад. Аз ин ҷост, ки Зебуннисо онҳоро дилбардорӣ мекунад, таъкид менамояд, ки ҳаёт тағйир меёбад, дар оянда зиндагиашон беҳтар хоҳад шуд. Зеро аз пайи шом саҳар аст:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.

Ё ки:

Баст агар Махфӣ дар гулшан ба рӯят боғбон,

Бо умеди нашъаи бӯ дар паси девор бош!

Дар поёни умр диду эҳсос намуд, ки дар дарбори падар шахсони нолоиқ, хушомадгӯ, пастфитрат ҷамъ омадаанд, онҳо барои беҳбудии зиндагии меқнаткашон чорае намебинанд ва баръакс бо чоплусию порадиҳӣ соҳиби мансаб мешаванд, қалбаш реш-реш мегардад. Ӯ мебинанд, ки аҳли ҳунар хору забун аст, қадру қимате надорад, сабр аз дасташ меравад ва ошкоро мегӯяд, ки дар ин рӯзгор Хари Исо агар зар дошта бошад, сохибҳунар ба ҳисоб меравад:

Ба кори кас намеояд ҳунар, Махфӣ, дар ин олам,

Хари Исо ҳунарманд аст, агар дар киса зар дорад.

Барои ҳамин акнун косаи сабрро бояд бишкаст, ба по бояд хест, то ки ҳақ ба ҳақдор бирасад:

Зи ҷаври аҳли ситам, дўстон, чӣ чора кунам?

Ба ғайри он ки гиребони сабр пора кунам?

Тараннуми муҳаббати поки инсонӣ дар ғазалиёти Зебуннисо

  Мавзўи ишқу муҳаббат дар ғазалиёти Зебуннисо мавқеи асосӣ дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро қаҳрамони лирикӣ пеш аз ҳама зан аст. Аз ин рў, дарду алами зан, ишқу муҳаббати занро беҳтару хубтар эҳсос мекард. Аз тарафи дигар, дар ишқ ў ноком буд. Ў 63 баҳорро дид, аммо аз гулистони муҳаббат гуле начида, хазон гашт:

Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,

Лолаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.

Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,

Пир шуд Зебуннисо, ўро харидоре нашуд.

Ё ки:

Рафт ҳангоми баҳору гули боғам нашукуфт,

То кай ин ғунча дар ин парда ниҳон хоҳад буд?

Зебуннисо зани соҳибмаърифат, боандешаю соҳибҷамоле будааст. Ў зиндагиро фаҳмид, дарк кард. Духтари шоҳ буд, зару зевар, молу чиз дошт, вале ў худашро хушбахт ҳисоб намекард. Шоира озод набуд. Барои инсон озодӣ муҳим аст. Ў касеро дўст дошта, ба мурод расида наметавонист. Адиба орзу дошт, ки шавҳар, фарзанд, хонаи мустақиле дошта бошад, аммо ба доди ў падари ҷоҳил нарасид. Бинобар ин Зебуннисо дар ғазали «Вайронае пайдо кунам» дарду алам, мақсадашро бисёр мўҷаз тасвир кардааст:

Меравам, то баҳри худ вайронае пайдо кунам,

В-андар он вайрона аз ғам хонае пайдо кунам.

Шуд баҳори умру боғи орзу хуррам нашуд

Меравам то гиряи мастонае пайдо кунам.

Раҳ биёбам пеши шамъе аз барои сўхтан,

Махфиё, бояд пари парвонае пайдо кунам.

Аммо умри шоира ба охир расиду издивоҷ накард. Аз ин рў, бо сўзу гудоз, бо сухан дарду аламашро ифода намуда, аз духтари шоҳ буданаш хиҷил мегардад. Барои худ шарму ҳаёро занҷири по ҳисоб мекунад. Ў худашро ба Лайлии дар ишқ ноком, ба булбули чаман, ба парвона монанд кардааст, ки дар ғами ёр менолад, месўзад:

Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар  ҳавост,

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

Булбул аз шогирдиям шуд ҳамнишини гул ба боғ,

Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост.

Дар ниҳон хунем, зоҳир гарчи ранги нозанин,

Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.

Духтари шоҳам, валекин рў ба фақр овардаам,

Зебу зинат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.

Доир ба ин масъала афкори Зебуннисо, яъне қаҳрамони лирикӣ характери умумӣ ва ҷамъбастӣ дорад. Ишқи ў, муҳаббати ў, дарду алами ў ба ҳамаи занону духтарони ҷомеаи онрўза баробар тааллуқ дошта, шоира аз номи онҳо нобаробарӣ, беадолатии занро дар рўзгори гузашта ҳаққонӣ ба қалам додааст.

Ишқи қаҳрамони лирикӣ ҳаётист, поку беолоиш аст. Яъне дар ғазалҳои ишқии ў муҳаббати байни марду зан инъикос ёфтааст. Шоира ба ҳамин маънӣ ишорат карда, дар мақтаи як ғазалаш мегўяд:

Дили марде ба даст овар, агар мардонаӣ, Махфй,

Ки дилҳоро ба дилҳо дар ҳақиқат кор меафтад.

Умуман, ғазалҳои ишқии шоира илова ба ҳаётӣ буданашон боз як хусусияти ба худ хос доранд. Дар онҳо дарду сўз, эҳсосоти амиқи зан ба дилдодааш хеле табиӣ тасвир ёфтааст.

Баъзе андешаҳои ахлоқию тарбиявии шоира

  Ба ҳар ҳол Зебуннисо бо зиндагии мардуми оддӣ, аҳли ҳунар, ки ба дарбори шоҳ барои беҳбудии ҳаёташон мерафтанд, ошно буд. Ҳаёти талх, оби чашми бенавоёнро дида, дилаш реш мегашт. Аз ин рў, ба худ ва ба аҳли дарбор хитоб карда мегўяд, ки набояд мо танҳо дар ғами худ бошему халос. Лозим аст, ки ба дармондагон низ кўмак расонем.

Эй дил, асири доми ҳавою ҳавас мабош,

Ғофил зи ёди ҳамнафасон як нафас мабош.

Зебуннисо дар масъалаи одоби сухан, ҳамсўҳбатони лоиқ пайрави адибони бузурги гузашта буда, бо сухани худ фикрҳои онҳоро тақвият медиҳад. Масалан, ў бо шахси хирадманд, доно, сўҳбаторо дар зиндон нишастанро беҳтар медонад аз он ки бо ашхоси худписанд, бехирад дар гулистон бошӣ:

Дар гулистон доштан сўҳбат ба ноҷинсон аз ин,

Назди доно беҳтар аст танҳо ба зиндон зистан.

Шоира ҳангоми сўҳбатҳо бо ашхоси гуногун мебинад, ки як гурўҳ нокасон фақат айби дигаронро мегўянд, одамони дилсофро тўҳмат мекунанд. Аз ин рў, ба онҳо таъкид мекунад, ки пеш аз ҳама бояд айби худро дид:

Махфӣ, мабин ба айби касон, дида боз кун!

Бингар ба айби худ, ки ҳунарҳо дар ў гум аст.

Дар замони гузашта ва махсусан дар асрҳои ХУИ-ХУШ чи дар Ҳиндустон ва чи дар Осиёи Миёна хушомадгўӣ, тамаъкорӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Аз ин ҷост, ки Зебуннисо ба муқобили тамаъ ва тамаъкорон баромада, онҳоро сахт накўҳиш менамояд ва дар баробари ин таъкид менамояд, ки инсон бояд иззаташро нигоҳ дорад. Барои ин чун магас дар дастархони аҳли ҷоҳу мансаб нашавад:

Хоҳӣ, ки обрўй нарезад ба зери хок,

Бар суфраи замонаи дун чун магас мабош!

Зебуннисо ба масъалаи дўстӣ аҳамияти калон додааст. Албатта, ин бесабаб набуд. Пеш аз ҳама шоира ба дўсти ҳақиқӣ мўҳтоҷ буд. Барои ҳамин бисёр мехост, ки дўст, ҳамсўҳбат дошта бошад, дарди дил гўяд, дилашро таскин диҳад. Аз тарафи дигар, дар он рўзгор дар Ҳиндустон дар байни ҳиндуҳою мусулмонон зиддиятҳои диннию мазҳабӣ хеле тезу тунд шуда буданд. Зебуннисо ҳамчун як инсони ватанпараст, адолатхоҳ ба муқобили ҳамаи ин низоъхои миллӣ буд. Аз ин рў, дўсти ҳакиқиро аз ҳамаи неъматҳои дунё болотар мегузорад. Дар ғазали зер шоира таъкид менамояд, ки садои дўст дилро равшан мегардонад. Агар аз дўст камбудие дидӣ, наранҷ, зеро дашноми дўст аз саховату дуои душман афзалтар аст:

Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дўст,

Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дўст

Гар ғубори хотире аз дўстон бинӣ, маранҷ,

К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дўст.

Не хумор орад, на бадмастию не дарди саре,

Нашъаи оби ҳаёте дар сарам аз ҷоми дўст.

Чунон ки дидем, ғазалҳои шоира бо камоли маҳорат ва санъати баланд иншо шудаанд. Зебуннисо аз мактаби шеъру шоирӣ ба хубӣ гузашта, дар ин ҷода соҳибмақом аст. Ғазалҳояш равону сода, тару тоза ва хушоҳанг ҳастанд:

Меравам, имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,

Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.

Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор

Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.

Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,

Бас дили аҳли ситам абгор хоҳам карду рафт.

Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,

Риштаи тасбеҳро зуннор1 хоҳам карду рафт.

Ғазали боло бо санъати баланд эҷод шудааст. Ташбеҳоти мувофиқ, тавсифҳои табиӣ ғазалро пуробуранг кардаанд, ки ба кас ҳаловат мебахшад.

Ибораҳои «нақди ҷон», «сарфи як дидор», «водии ҳиҷрон» тавсифҳои марғубанд. Такрори радифи «карду рафт» ва ҷонишини «ин» низ шеърро боназокат гардонидаанд.

Барои ҳамин Зебуннисо кўшиш намудааст, ки ба мазмун шакли мувофиқ пайдо кунад. Ў ягонагии шаклу мазмунро дар асари бадеӣ аз ҳама муҳим ҳисоб мекунад. Шоира мазмунро ҷон ва шаклро тани ў мешуморад. Агар мазмуну шакл ҳамбастагӣ надошта бошанд, дурри мақсуд ба даст намеояд:

Шеър бувад ҳамчу тан, маънии ў – ҷони ў,

Гармии бозори ў – равнақи дўкони ў.

Дояи ман шуста буд сина ба хуноби дил,

Шир зи хун хўрдаам аз сари пистони ў

Аҳли сухан нохуне беҳуда бар дил занад,

Марҳами захми дил аст гарди намакдони ў.

Хулоса, дар ғазалҳои шоира ишқ, дарду алами занон дар симои қаҳрамони лирикӣ ҷамъбаст гардидаанд.

1 Риштаи зуннор - риштае, ки дарвешон, зардуштиён, насрониён ба миён мебастанд.

          АЗ ҒАЗАЛИЁТ

Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ,

Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост,

Дар ниҳон хунем, зоҳир гарчи ранги нозанин,

Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.

Баски бори ғам бурун андохтам бар рўзгор,

Ҷома нилӣ кард, инак бин, ки пушти мо дутост.

Духтари шоҳам, валекин рў ба фақр овардаам,

Зебу зинат бас ҳаминам: Номи ман Зебуннисост.

* * *

Дур бод аз тан саре, к-ороиши доре нашуд,

Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд.

Дар қиёмат сар чи сон берун кунад аз ҷайби хок

Синаи он кас ки доғи лоларухсоре нашуд.

Дар назар шоҳид надорӣ, дида аз олам бипўш,

Кўр беҳ чашме ки лаззатгири дидоре нашуд.

Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт

Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.

Ҳайф бар аммомаи зоҳид, ба чандин печу тоб

Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд.

Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,

Пир шуд Зебуннисо, ўро харидоре нашуд.

Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост ,

Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост.

Карашма теғу мижа — ханҷару нигаҳ — алмос,

Шаҳодат ар талабӣ, дашти Карбало ин ҷост.

Агар биҳишт диҳандат, фиреби кас нахўрӣ,

Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо ин ҷост.

Зи пой то ба сараш ҳар куҷо, ки менигарам,

Карашма домани дил мекашад, ки ҷо ин ҷост.

Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам

Хати ту дидаму гуфтам, ки муддао ин ҷост.

Закоти ҳусн агар медиҳӣ барои Худо

Биё, ки Зебуннисо ҳамчу ман гадо ин ҷост.

НОМИ МАН ЗЕБУННИСОСТ

Гарчи ман Лайлиасосам дил чу Маҷнун дар ҳавост,

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ,

Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост.

Дар ниҳон хунем зоҳир гарчи ранги нозанин,

Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.

Баски бори ғам бурун андохтам бар рўзгор

Ҷома нилӣ кард инак бин, ки пушти мо дутост.

Духтари шоҳам валекин рў ба фақр овардаам,

Зебу зиннат бас ҳаминам: номи ман Зебуннисост.

ХОКИ ҒУРБАТ

Машқи савдои xунунам боз домангир шуд,

Риштаи доноиям бар пои ман занҷир шуд.

Қатраи хун буд дил, дар сина оҳам об шуд

Ҳиммате ёрон, ки дилро кор аз тадбир шуд

Муждае боди сабо аз мо ба арбоби нишот

К-аз саришки мо замини Ҳинд чун Кашмир4 шуд.

Шуд чунон кўтоҳ умри офият дар даври мо

К-аз фироқи дидани рўи ҷавон, пир шуд.

Шаб гарав бурдам ба афғон аз дили танги ҷарас5,

Ҳар ки паҳлӯям нишаст аз нолаам дилгир шуд

Нест уммеди раҳо, то ба рўзи растхез

Хоки ғурбат ҳар киро дар маҳд6 домангир шуд.

ҲУШЁРОНРО ЧӢ ШУД?

Дар вафо оину расми дўстдоронро чӣ шуд?

Ман агар девона гаштам, ҳушёронро чӣ шуд?

Рўзи навмедӣ намепурсад зи ҳоли ман касе,

Ҳамнишинонам куҷо рафтанду ёронро чӣ шуд?

Зулму бедодӣ дар ин дунёи дун аз ҳад гузашт,

Манҷаниқи7 чарху тарзи сангборонро чӣ шуд?

Дар гулистони умедам як гули сероб нест,

Тозакориҳои айёми баҳоронро чӣ шуд?

Нест маҳбубе, ки ёбад равнақи бозори ишқ,

Турраи8 шабгуни ҳусни гулузоронро чӣ шуд?

Аз муҳаббат нолаву зорӣ намеояд ба гўш,

Махфиё, хорошикоф,9 кўҳсоронро чӣ шуд?

СИПОҲИ НОЛА

Ситам аз ҳад гузашт оҳи cаҳар афрохтан дорад,

Ба заҳр олуда тири нолае андохтан дорад.

Ситамгорон намедонам киро ғорат кунанд имшаб,

Сипоҳи нолаву оҳам ҳавои тохтан дорад.

Дили афсурдаам то кай даруни синаам бошад?

Чу гул пажмурда шуд аз дасти худ андохтан дорад,

Агар парвонаро сўзад пару боле аҷаб набвад.

Дар ин оташ саропо шамъи он бигдохтан дорад,

Ба рўи доди аввал, эй фалак, бар ман дағо кард;.

Зи баҳри имтиҳон як бори дигар бохтан дорад

ҒУНЧАИ ЛАБ

Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағафул бишкуфад.

Бишкуфам чун булбуле, к-аз дидани гул бишкуфад,

Гар сабо орад шамими пираҳан сўи чаман,

Ғунчаро дил дар даруни сина чун гул бишкуфад

Бар димоғат мехӯрад аз бедимоғӣ бўи гул,

Хотири ошуфтаам аз нашъаи мӯл14 бишкуфад.

Ғунчаи табъам намехандад ба шўристони Ҳинд,

Ҳиммате ёрон, ки аз гулзори Кобул бишкуфад.

ё ба домони муҳаббат каш, ки Махфӣ оқибат

Дар биёбон лоларо дил аз таҳаммул16 бишкуфад.

 

АЗ ПАИ ҲАР ШОМ САҲАРЕ ҲАСТ

То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст

Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст.

Навмед на бояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом ояд зи паи он саҳаре ҳаст.

Бинишин нафасе булбули шўрида ки имрўз

Бо нолаи зори дили ман ҳам асаре ҳаст

Гаҳ шарбати васлат ба лаби ташна надоданд,.

Бемори ғами ишқи туро чашми таре ҳаст.

Чашмам ба раҳи қофилаи бўи висолат,

Дар кўи ту аз боди сабо то хабаре ҳаст

Бедод макун ин ҳамаҳо бар дили Махфӣ

Андеша намо ғайри ту ҳам додгаре ҳаст.

НАШТАРИ НОЛА

Меравам имшаб туро бедор хоҳам карду рафт,

Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.

Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор

Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.

Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,

Бас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.

Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,

Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

Чанд рўзе гар диҳад фурсат маро пайки аҷал,

Фикр бар ҳоли дили бемор хоҳам карду рафт.

Боғбон биншин дар ин гулшан ба коми дил, ки ман

Ҳамчу булбул нолаҳои зор хоҳам карду рафт.

Дарди дилро чун дар ин бозор дармон нест ёфт,

Дарди дил арзон дар ин бозор хоҳам карду рафт.

Кай бурун ояд ба афсун аз сари савдои ишқ,

Сар чу Маҷнун дар сари ин кор хоҳам карду рафтг.

То кунам ҳоли дилам равшан зи чашми ашкрез,

Вақти рафтан гиряи бисёр хоҳам карду рафт.

Чун ба осонӣ намегардад муяссар коми дил,

Махфиё бас тарки ин душвор хоҳам карду рафт.

ГУФТУГЎИ ДЎСТ

Нест меҳробе диламро ҷуз хами абрўи дўст,

Ҳар касеро қибла бошад, қиблаи мо рўи дўст.

Матлаби дигар надорам з-омаду шуд дар чаман,

Мекунам умри киромӣ сарфи ҷустуҷўи дўст.

Гўш кун эй дил зи ман ҳарфию худ дар гўш кун

Қути рўҳ омад шунидан ҳарфи гуфтугўи дўст.

Дар шиканҷи зулф мурғи дил чунон гирад қарор

Гар насими ғамза гардонад парешон мўи дўст.

Гар биранҷад халқи олам аз ту Махфӣ бок неет,

Бошадат як ҷав умеди лутф агар аз сўи дўст.

 

ХОТИРИ ҒАМНОК

Гар на дардолудаӣ ин дидаи намнок чист?

В-ар на дил аз роҳ бурд ин хотири ғамнок чист?

Гар наменолад даруни сина дил ин нола чист

В-ар намесўзад ҷигар ин оҳи оташнок чист?

Куштанамро дилбаро, бо чини абрўят бас аст

Ин қадар оташмизоҷӣ бо хасу хошок чист?

Эй дили ғамдида гар оҳи маро таъсир нест,

Ҳар намози шом бар хун домани афлок чист?

Нест гар он нозанинро Махфиё қасди шикор

Баста чандин сайди дил бо домани фитрок чист?

ПАЙҒОМИ ДЎСТ

Тоза созад гулбуни уммедро пайғоми дўст,

Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дўст.

Гар ғубори хотире аз дўстон бинӣ маранҷ,

К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дўст,

Не хумор орад, на бадмастию не дарди саре

Нашъаи оби ҳаёте дар сарам аз ҷоми дўст,

Чин агар афканд бар абрў ба ман он бок нест,

Илтифоти маҳз бошад Махфиё иброми66 дўст.

 ДАВО ДУШМАН ШАВАД

Рўзи навмедӣ чу ояд ошно душман шавад,

Ғам ҷудо, шодӣ ҷудо, давлат ҷудо, душман шавад.

Ҳар ки пеш аз вақт дармонхоҳи дарди худ шавад,

Гар ҳакимаш Буалӣ бошад, даво душман шавад.

Рў ба сўи ҳар ки орам, рў бигардонад зи ман,

Бахт чун гардад забун, бар тан қабо душман шавад;

Бар муроди мо вазад дар ҳам агар боди мурод,

Дар муҳити офият ҳам нохудо душман шавад.

Нест Махфӣ дар дили мо бо касе чун душманӣ,

Ҳар ки бо мо душман аст, ў бо Худо душман шавад;

ЧӢ МАЗМУН ДОРАД?

Ҳар куҷо мавҷи ғами ишқи ту шабхун дорад,

Пои худ ақл аз он силсила берун дорад.

Лофи дониш назанӣ ҳон, ки ғами нодонӣ,

Дил пур аз доғ таҳи хок Фалотун дорад.

Гашт такрор басе номаи ишқи ту, вале

Кас надонист, ки ин нома чӣ мазмун дорад?

Рӯзу шаб даври фалак даст дар оғўши ман аст

Улфат ин аст ба ман гардиши гардун дорад

Мерасад дам задан аз ишқ касеро ки мудом

Дида аз гиряи мастона чу Ҷайҳун дорад.

Дида аз ашк тиҳӣ з-он нашавад Махфиро,

Ки шабу рўз назар бар дили пурхун дорад.

Leave a Reply