- Алмосро бо алмос мебуранд.
- Бадбахтӣ омўзгори хуб аст.
- Камбағал он нест, ки кам дорад, балки онест, ки орзуҳои бешумор дорад.
- Қашшоқ касест, ки дўст надорад.
- Бенавоён интихобро намедонанд.
- Агар орзую умед намебуд, дил кайҳо мекафид.
- Бе занбўр асал гирифта наметавонӣ, бе кор – пул.
- Ҷойи бехавф – мобайн.
- Аз чоҳи хушкшуда об кашидан бефоида аст.
- Худо ба он кас ёрӣ медиҳад, ки худ ғами худро мехўрад.
- Сарватмандӣ ғуломӣ аст.
- Сарватмандӣ бидуни саломатӣ ҳеҷ аст.
- Боигарӣ меравад, номи нек мемонад.
- Сарватманд шахсест, ки дўстони зиёди бовафо дорад.
- Моҳии калон моҳии хурдро фурў мебарад.
- Аз даруни халта аз будаш зиёд гирифта намешавад.
- Киштии калон оби чуқур мехоҳад.
- Хум бўи онро дорад, ки бори аввал ба он андохта буданд.
- Издивоҷ лоторея аст.
- Ақди никоҳ дар осмон баста мешавад.
- Агар сахӣ будан хоҳӣ, аввал одил бош.
- Барзаговро аз шоху одамро аз забонаш медоранд.
- Пул решаи бадбахтиҳост.
- Дар сафари дур ҳар як хас вазне зам мекунанд.
- Дар зиндагии ҳар як шахс имтиҳонҳои мушкил рўй медиҳанд.
- Дар баҳри ором ҳар кас ҳам нохудо шуда метавонад.
- Дар мамлакати нобиноён шоҳ якчашма аст.
- Дар торикӣ ҳамаи гурбаҳо хокистарранг метобанд.
- Дар Рим мисли римиҳо рафтор кун.
- Рад кардан бо сухани хуш беҳ аз дағалона пазируфтан.
- Шутур дар ҷустуҷўи шох гўшҳояшро гум кардааст.
- Дўсти ҷонӣ мисли доруест барои ҳамаи бемориҳо.
- Табъи болида – беҳтарин дору.
- Шамолро бо тўр дошта намешавад.
- Шароб ба дарун, ҳақиқат ба берун.
- Шароб даромад, ақл берун шуд.
- Рангорангӣ – лаззати ҳаёт.
- Ҷанг бозии шоҳон аст.
- Ҷанг касонеро ҷалб мекунад, онро намедонанд.
- Шарқ ё Ғарб хуб, аммо хона беҳтар аст.
- Вақт – табиби бузург.
- Вақт – тилло.
- Вақт парвоз мекунад.
- Ҳамаи духтарон хубанд, аммо занҳои бад аз куҷо пайдо мешаванд?
- Ҳар кореро агар бо майлу хоҳиши худ иҷро кунӣ, осон метобад.
- Ҳамеша он чӣ рўй медиҳад, ки интизораш нестӣ.
- Фикри дуюм беҳтар аз фикри якум.
- Некии маҷбурӣ ба сипосгузорӣ намеарзад.
- Куҷое, ки ифлосӣ ҳаст, он ҷо пул ҳам ҳаст.
- Агар хоҳиш бошад, роҳи кор пайдо мешавад.
- Чашм аз шикам бузургтар аст.
- Хашм – душмани ашаддии одам.
- Хашм – бехудшавии кўтоҳ.
- Хашм ва шитоб хирадро тира мегардонанд.
- Андеша нокарда гуфтан мисли бенишон тир андохтан аст.
- Каллаи пиронро ба китфи ҷавонон гузошта намешавад.
- Гуруснагӣ беҳтарин кушояндаи иштиҳо аст.
- Сарсахт касест, ки танҳо бошад.
- Деге, ки дар болои сараш назорат карда меистанд, ҳаргиз намеҷўшад.
- Ишқи сўзону марғуб зуд аланга мегирад ва зуд хомўш мешавад.
- Ба муқобили бадӣ омода бош, хубӣ худаш омадан мегирад.
- Дағалӣ муҳаббатро мекушад.
- Моҳии беҳтарин ҳам баъди се рўз бўй мекунад.
- Ҳатто ба воситаи шакар ҳам таоми болаззатро вайрон кардан мумкин аст.
- То метавонӣ коре бикун, ҳарчанд дар вазъияти душвор қарор дорӣ.
- Кор намаки зиндагист.
- Пул ҳам хизматгори хуб аст ва ҳам хўҷаини бад.
- Пуле, ки сарфи донишомўзӣ шудааст, ҳаргиз барбод намеравад.
- Кўдакон – боигарии камбағалон.
- Барои бойҳо як қонун, барои камбағалон қонуни дигар.
- Дар хушбахтӣ вақт баназар наменамояд.
- Номи нек беҳ аз сарват.
- Дўстон вақти туро медузданд.
- Агар абрҳо намешуданд, мо бо баромадани офтоб шодӣ намекардем.
- Агар то вақти субҳона бихандӣ, пеш аз хўроки шом гиря мекунӣ.
- Агар хоҳиши кор бошад, усули иҷрои он пайдо мешавад.
- Агар сирро се кас донанд, пас ҳама мефаҳманд.
- Агар харе ҳангос занад, дар ҷавоб ба ў мисли хар ҳангос назан.
- Агар корро барвақт сар кунӣ, барвақт тамом мекунӣ.
- Агар дудила ҳастӣ, беҳтараш ҳеҷ кор макун.
- Агар дар коре муваффақ нашудӣ, рўҳафтода нашав, ҳамаашро аз нав сар кун.
- Баҳона ҳаст, ё нест, барои хук фарқ надорад, хур-хур кардан мегирад.
- Хоҳиш – падари фикр аст.
- Зани мўзадўз пойпўшӣ фарсуда дорад.
- Зиндагӣ кун ва омўз.
- Таҷрибаи рўзгор – модари хирад.
- Зиндагӣ шиноварии оҳиста дар обҳои ором нест.
- Зиндагӣ мисли муносибати гурбаву муш аст.
- «Пагоҳ» тамомшавӣ надорад.
- Ба ҳама чиз чанг занӣ, аз ҳамааш мемонӣ.
- Пас аз нобарориҳо акасар вақт комёбӣ ҳаст.
- Даҳони халтаро пеш аз оне, ки пур шавад, бибанд.