Вабо

Дар тобистони соли 1893 (1310 ҳиҷрӣ) дар Бухоро боз вабо пайдо шуд. Маъмурони Руссияи подшоҳӣ, ки дар Когон менишастанд, дар ин кор бетараф намонданд: онҳо дар Когон, ки бевосита дар таҳти тасарруфи худашон буд, беморхонаи вабоӣ ташкил намуданд ва дар вокзали роҳи оҳан қоидаҳои карантинро ҷорӣ карданд. Ба ҳукумати Бухоро ҳам таклиф намуданд, ки беморхонаи вабоӣ кушояд ва дар роҳҳои корвонгузар карантин барпо кунад.

Дар Бухоро зотан як беморхона буд, ки дар он як доктори рус, як тарҷумон аз одамони маҳаллӣ ва як фелдшери қашқарӣ (қошғарӣ) кор мекард. Ин доктор ва фелдшер ҳам дар беморхона ва ҳам дар амбулатория, ки дар даруни бинои ҳамон беморхона буд, кор мекарданд. Ин беморхона дар наздикии Дарвозаи Шайх Ҷалол воқеъ шуда буд, ки дар ифлосӣ аз ҳамаи қитъаҳои шаҳри Бухоро пешӣ мекард.

Одамони ҳолдон мегуфтанд, ки он доктор он қадар маҳорат надорад ва маълумоташ аз маълумоти  як фелдшер беш нест. Бинобар ин бойҳои  калони Бухоро агар бемор шаванд, аз Чорҷўй ё аз Самарқанд доктор ҷеғ мезаданд ва агар бемориашон ба сафар монеъ набошад, ба шаҳрои мазкур рафта  муолиҷа мекунонданд.

Тақдири вабозадагони Бухоро ана ба ҳамин доктор ва фелдшер супурда шуд ва беморхонаи вабоӣ ҳам дар зери назорати ҳаминҳо ташкил ёфт.

Беморхонаи вабоиро дар беруни Дарвозаи Шайх Ҷалол, ки ба беморхонаи шаҳр наздик буд, барпо карданд. Аммо дар он ҷо на бино буд, на дарахт ва на оби ҷорӣ. Дар он ҷо як кўли васеъ буд, ки дар зимистон пуроб гардида, дар тобистон ҷоҳои баландаш мехушкид…

Беморхонаи вабоӣ дар ҳамин кўли хушкида, ки тарафи шимолаш хандақи заҳкаши зери девори қалъа, ғарбаш мазори Хоҷа Исмат, шарқаш роҳи калон ва ҷанубаш замини чимтоли нокорам буд, ташкил дода шуд.

Бинои “беморхона” иборат буд аз каппаҳои бурёӣ ва чодирҳои оддии ҷўгигӣ, ки ин “биноҳо” на офтоби майдагудози Бухороро нигоҳ медоштанд ва на тафбоди ҷигарсўзи вайро.

Дар ҳафтаи ташкил дода шудани ин беморхона маъмурони Бухоро – мулозимони қозикалон ва раис, шогирдпешагони  қушбегӣ ва одамони миршаб беморони тасодуфан дар кўча дучоромадаро дошта, ба ин беморхона, ки ҳақиқатан кушишхонаи одамон буд, оварда дар дасти доктор ва фелдшери мазкур супурдан гирифтанд. Атрофи беморхонаро сарбозони амир посбонӣ мекарданд, ки барои гурез ба беморон роҳ набуд. Аммо дар ҳафтаи  аввал аз даҳҳо беморон, ки дар ин ҷо оварда буданд, яке ҳам саломат ёфта набаромад; ҳар  кадоми онҳо дар он ҷо аз як шабонарўз то се рўз зиндагӣ мекарданд ва баъд аз он аз мурда ва зиндаи онҳо касе хабар  наёфт ва мегуфтанд, ки мурдагонро шабона дар ҳамон мазори Хоҷа Исмат, ки дар паҳлўи беморхона буд, пинҳонӣ мегўронданд.

Ба муқобили  ин аҳвол мардуми Бухоро ғавго бардоштанд, касе сарашро баста ба кўча намебаромад ва рангкандагон ҳам, ки бештарини мардуми Бухороро ташкил мекарданд, хонанишин шуданд, бозорҳо баста шуд ва  аз қитъаву гузарҳо одамони баҷуръаттари тандуруст гурўҳ – гурўҳ ҷамъ шуда, ба арки амир рафта ба қушбегӣ бо фарёду фиғон аз ин аҳвол шикоят кардан гирифтанд.

Оқибат ҳукумати амир бо беморхона бурдани раияҳои Бухороро манъ кард. Акнун вазифаи беморхонаи вабоӣ фақат куштани раияҳои Россия шуда монда буд: ду маъмури ҳукумати Бухоро, ду казаки савора аз посбони гумоштаи сиёсии давлати Россияи подшоҳӣ ва як ходимаи тиббии беморхона кўча ба кўча гардиш мекарданд ва ҳар беморе, ки дучор шавад, ҳуҷҷатҳои шахсии вайро тафтиш намуда ва раияи давлати Россия буданашро муайян карда, баъд аз он ба беморхона мебурданд.

Рўзе ман ба воқеаи зерин рост омадам: ду маъмури Бухоро бо як ходимаи тиббӣ як занро, ки аз қиёфаташ арманизан менамуд, дар як фойтуни дуаспа зер карда, ба тарафи беморхона мебурданд. Казакони савор дар ду тарафи фойтун посбонӣ мекарданд. Занак “ман мусулмон шудаам, ман раияи ҷаноби олӣ шудаам” гўён фарёд мекард ва ў чунон пурзўр буд, ки аз таги дасти се нафар дар даруни фойтун рост хеста, худро партофтанӣ шуда, аз миён болояшро ба замин хам карда, бо дастони пурзўраш заминро ханҷол мекард ва саворони казак бо қамчин ба дасту сари ў мезаданд, аммо ҳеҷ парвое надошт ва фарёд мекашид, ки “ман мусулмонам, ман раияи ҷаноби олӣ мебошам, ҳақ надоред, ки маро ба куштан баред!”

Карантинҳои ҳукумати Бухоро яке дар роҳи Қаршӣ – дар мавзеи Четариғ, дигаре дар роҳи Кармина – дар мавзеи Хонработ ташкил шуда буд. Дар ҳар кадоми он ҷоҳо, ки дар домани дашт воқеъ шудаанд, як табиби маҳаллии бухороӣ  ва як даста навкарони савораи амир меистоданд ва дар он ҷоҳо ҳам каппачаҳои бўрёӣ сохта буданд ва дар паҳлўи он каппачаҳо дар ду – се деги калони мис об ҷўшида меистод,  ба даҳони дегҳо ба ҷои сарпўш бўрё  пўшонда буданд.

Навкарон роҳгузаронро аз роҳу бероҳа дошта меоварданд, табиб набзи онҳоро дида, ба тандуруст будани онҳо ҳукм мекард, баъд аз он роҳгузарҳо ҳар кадом либосҳошонро кашида, ба каппа даромада, аз сарашон як сатил об мерехтанд ва либосҳошонро маъмурон бар рўи бўрёи сари дег паҳн карда, буғ медоданд. Аммо таншўии роҳгузарон ҳам аз оби ҳамон дегҳо буд. Бо ҳамин маросими «дезинфексия» тамом шуда, роҳгузар либоси бо буғ намгирифтаи худро пўшида, ба роҳи худ мерафт.

                                                                                              (С.Айнӣ)

Likes:
0 0
Views:
86
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply