Терминология

Терминология илмест, ки типология, пайдоиш (этимология), мазмун (моҳият) ва амалкарду истифода, ҳамгунсозӣ ва сохтани  лексикаи махсусро меомўзад. Ибтидои ин илм ба номи донишманди австрягӣ Ойген Вюстер ва терминологии маъруфи рус Дмитрий Семёнович  Лотте алоқаманд аст. Онҳо аввалин корҳои илмии худро солҳои 30-юми асри гузашта нашр карда буданд. Ҳоло ба коркард ва баррасии проблемаҳои назарияи терминология як қатор мактабҳои миллии пурқуввати терминологӣ, аз қабили  мактабҳои австриягӣ –олмонӣ, франсузӣ –канадагӣ, Россия, Чехия ва ғ. Аз тарафи донишмандони ин мактабҳои бонуфуз зиёда аз 2300  рисолаҳои илмӣ дифоъ шудааст.

Имрўз дар терминология якчанд самтҳои мустақили таҳқиқотро ҷудо мекунанд. Дар навбати аввал терминологияи назариявӣ меистад, вай қонуниятҳои инкишоф ва истифодаи лексикаи махсусро ба риштаи таҳқиқ мекашад. Дуввум терминологияи амалӣ аст, ки  дар заминаи  терминологияи назариявӣ бунёд шудааст ва баҳри бартараф кардани нуқсонҳои истилоҳот ва истилоҳшиносӣ (термин ва терминология), тавсифу ташхис, баррасӣ, таҳриру мураттабсозӣ, истилоҳсозӣ ва тарҷумаву истифодабарии истилоҳот  принсипҳо ва тавсияҳои амалӣ таҳия мекунад.

Терминологияи умумӣ хусусиятҳо, прблема ва протссесҳои нисбатан умумии лексикаи махсусро меомўзад, терминологияи хусусӣ ё соҳавӣ бошад, ба омўзиши лексикаи махсус ва мафҳумҳои соҳаҳои муайяни илми забонҳои алоҳида машғул аст. Терминологияи типологӣ ба таҳқиқоти муқоисавии хусусиятҳои  терминологияҳои ҷудогона сари кор дорад. Максади он вобаста аз хислатҳои соҳаҳои илм муқаррар кардани хусусиятҳои умумии терминология ва  хосиятҳои терминология ҷудогона мебошад. Терминологияи муқоисавӣ ба таҳқиқоти муқоисавии хосиятҳои умумӣ ва хусусиятҳои лексикаи махсуси  забонҳои гуногун, масалан, забонҳои тоҷикӣ ва русӣ машғул аст. Терминологияи семасиологӣ  проблемаҳои ба семантикаи  (маънои) лексемаҳои махсус, тағйироти маъно ва зуҳуроти имконпазири  семантикӣ- синонимия, антонимия, омонимия ва ғ. –ро мавриди омўзиш қарор медиҳад. Терминологияи ономасиологӣ шаклҳои сохтории лексемаҳои махсус, протссеси номгузории мафҳумҳои махсус ва интихоби шаклҳои оптималии номҳоро меомўзад. Терминологияи таърихӣ таърихи истилоҳотро меомўзад, то ин ки  анъанаҳои истилоҳсозӣ ва инкишофи онҳоро барқарор созад ва бо дар назардошти он  баҳри мураттабсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот тавсияҳои илман асоснок  пешниҳод шавад. Имрўзҳо дар асоси ин намуди терминология як фанни мустаъқили лингвистӣ ба вуҷуд омадааст, ки  антрополингвистика ном дорад. Терминологияи функсионалӣ ё вазифавӣ ба омўзиши  функсияҳои муосири  истилоҳ дар  матнҳо ва ҳолатҳо ё вазъиятҳои гуногуни муоширати касбӣ (профессионалӣ) ва тайёр кардани кадрҳо, ҳамчунин  хусусиятҳои  истифодабарии истилоҳот дар нутқ ва системаи компютерӣ машғул мебошад.

Имрўзҳо  як қатор самтҳои нави илми терминология арзи вуҷуд кардаанд, ки  терминологияи когнитивӣ ва гоносеологӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Онҳо проблемаҳои нақш ва аҳамияти истилоҳотро дар идрок (фаҳмиш) ва тафаккури илмӣ  мавриди баҳс қарор медиҳанд.

Терминография низ ба терминология робитаи қавӣ дорад. Терминография илм дар бораи тартиб додани луғатҳои терминологӣ ё соҳавӣ аст.

Термин маҳсулоти асосии забони илм ва системаи терминологияи тамоми соҳаҳои илму техника ба шумор меравад.

Термин(аз лотинии terminus – ҳад, ҳудуд) –калима ё ибораҳое мебошад, ки  мафҳум ва муносибати онро бо мафҳумҳои дигар дар ҳудуди соҳаи махсус  дақиқ ва мушаххас ифода мекунад. Калимаи термин дар забони тоҷикӣ бо вожаи арабии истилоҳ низ ифода карда мешавад. Истилоҳот дар муқоиса аз лексикаи умумӣ, ки сермаъно ҳастанд ва рангубори эмотсионалӣ доранд, дар доираи соҳаи истеъмолшавиашон якмаъно ва орӣ аз экспрессия ҳастанд.

Вожаи «термин» аз номи Худои Рими қадим Терминус пайдо шудааст, ки муҳофизаткунандаи марз ва ҳудуд, нишонаҳо сутунҳо ва сангҳои байнисарҳадӣ, ки муқаддас шуморида мешуданд, буд. Худои Терминусро дар шакли нимпайкараи одам дар болои сутуни роҳ тасвир кардаанд, ин нишонаи он аст, ки вай ҳеҷ гоҳ аз он ҷое, ки гузошта шудааст, наҷунбад.

Термин (истилоҳ) –калима ё ибораи номинативие (исм ё ибораи асосаш исм) мебошад, ки барои номгузории мафҳумҳои умумӣ ба кор бурда мешаванд.

Истилохот калима ё иборахое мебошанд, ки мафхумхои махсуси ягон сохаи касбу кор, истехсолот, илм ё фархангро ифода мекунад. Хар як термин бояд таъриф ё худ дефинитсия дошта бошад, ки аосои вокеии онро  баён мекунад, ба хамин восита ашё ё зухуротро хеле дакик ва ихчам номбар мекунанд.

Истилохотро метавон ба гуруххо чудо кард, истилохоти умумии илми, ки дар илмхои гуногун истифода мешаванд ва дар мачму ба услуби илми дохиланд: эксперимент,эквивалент,реаксия ва г. Истилохоти махсуси илми, ки ба як сохаи муайяни илму техника, ё сохаи истехсолот марбутанд: мубтадо, хабар, чонишин, сифат (дар забоншиноси инфаркт, миома, пародонтит, кардиология (дар тиб) ва г.

Ба акидаи Ш. Балли чунин истилохот «намуди идеалии ифодахои забонианд, ки забони илм хоху нохох ба онхо майл мекунад».

Яке аз хусусиятхои умдаи истилохот ин аст, ки онхо хусусияти информативи (иттилоърасони) доранд, аз ин ру терминхо ивазнашавандаанд.

Винокур Г.О. мегуяд, ки «Хар як калима метавонад, ки термин шавад,термин ин  калимаи махсус нест, балки калимаест, ки вазифаи махсус-вазифаи номгузории мафхумхоимахсус,номи ашё ва ё зухуроти махсусро ичро мекунад».

Терминҳо дар чаҳорчўбаи системаи терминологияи муайян вуҷуд дошта метавонанд, яъне онҳо танҳо тавассути системаи терминологияи муайян ба системаи муайяни лексикии забон дохил мешаванд.  Истилоҳоти идеалӣ дар муқоиса аз калимаҳои маъмулии забон  ба матн робита надоранд, яъне мустақиланд. Дар ҳудуди ҳамон як системаи терминология истилоҳи идеалӣ бояд, ки якмаъно, дорои система ва аз ҷиҳати услуби нейтрал (бетараф) бошад.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан 300 таърифи калимаи термин вуҷуд дорад, вале  ба ин нигоҳ накарда, ҳанўз ҳам мазмуну мўҳтавои он пурра ва то охир маълум карда нашудааст.

Одатан  истилоҳи хуб бояд ба чунин талабот ҷаоб диҳад, ки дар ҳар муаллиф ҳар хел ҳастанд:якмаъноӣ,дақиқӣ, мухтасарӣ (ихчамӣ), системанокӣ,орӣ будан аз обуранги эмоьтсионалӣ ва экспрессивӣ, набудани функсияи (қобилияти) модалӣ  ва услубӣ, рабт надоштан ба матн, набудани синонимҳо ва омонимҳо дар ҳудуди як системаи терминологӣ.

Баъди омўзиш ва таҳлили соҳаҳои гуногуни  лексикаи махсус муқаррар гардид, ки дар баробари терминҳо  воҳидҳои дигари забонӣ низ ҳастанд ҳастанд, ки онҳоро муҳаққиқон чунин тасниф кардаанд.

Дар натиҷаи омўзиши соҳаҳои гуногуни лексикаи махсус муқаррар гардид, ки дар баробари истилоҳот воҳидҳои дигари лексикаи махсус низ мавҷуд аст. Онҳоро номен (Г.О.Винокур,1939), профессионализм (Н.П.Кузмин,1970), арготизмҳои профессионалӣ(Л.И.Сквортсов, 1972), жаргонизмҳои прфессионалӣ (Н.М.Гладкая, 1977), предтермин ва квазитермин (В.М.Лейчик (1981), терминоидҳо (А.Д.Хаютин), прототерминҳо (С.В.Гринев,1990) номиданд. Ин лексемаҳои махсус ва истилоҳот як катор аломатҳои мушобеҳ, вале фарқият низ доранд.

Номенҳо (Винокур,1939) –  номгузории  воҳидҳои алоҳида, ҳамчунин  маҳсулоти мушаххаси оммавӣ, ки бо ҳамон як намуна истеҳсол мешавад (Канделаки, 1970).  Фарқи байни истилоҳ ва номен ин аст, ки  номенҳо  мафҳумҳои ҷудогонаро, терминҳо бошанд мафҳумҳои умумиро ифода мекунанд.

Предтерминҳо – лексемаҳои махсусе, ки  ба сифати истилоҳ барои номгузории мафҳумҳои ташаккулёфта истифода мешаванд, вале ба талаботҳои асосии термин ҷавоб гуфта наметавонанд. Ба сифати предтермин асосан инҳо истифода мешаванд:

  • Таркиб ва иборахои тасвири таркиб ва иборахои бисёркалимае, ки барои номгузории мафхумхо истифода мешаванд,имконият медиханд, ки мохияти вай пурра тасвир карда шавад, валеба талаботи ихчами ё кутохи чавоб намедихад;
  • Иборахои тобеъ;
  • Иборахои аз сифати феъли ваз арф сохташуда.

Предтерминхоро барои ифодаи мафхумхои нав, ки барояшон дархол истилохи муносиб намеёбанд, интихоб мекунанд. Онхо аз термин бо он фарк мекунанд, ки муваккатияндшакли устувор надоранд, кутох нестанд, аз тарафи умум кабул нашудаанд. Бо гузашти замон предтерминхоро терминхо танг карда мебароранд, баъзан предтерминхо мавкеашонро нигох дошта, квазитермин мешаванд.

Предтерминҳо – инҳо лексемаҳои махсусусе мебошанд, ки ба сифати истилоҳ барои ифодаи мафҳумҳои нав истифода мешаванд, вале ба талаботҳои асосии истилоҳ ҷвавб дода наметавонанд. Ба сифати предтермин асосан истифода мешаванд:  а) ибораҳои тавсифӣ – ибораҳи бисёркалимаи номинативӣ,ки барои ифодаи мафҳум истифода мешавад ва имконият медиҳад, ки моҳияти он ба таври дақиқ тавсиф карда шавад, аммо талаботи муҷазӣ, кўтоҳбаёниро ҷавбгў нест: б) ибораҳои пайваст: в) таркибҳое, ки ибораҳои сифати феълӣ ва феъли ҳол доранд. Предтерминҳо барои ифодаи номи истилоҳоти нав, ки фавран ё ба зудӣ барои ифодаи онҳо итилоҳи муврфиқ ёфта намешава истифода мешаванд.  Предтерминҳо дар муқоиса аз терминҳо бо хусусиятҳои  муваккатӣ буданашон, шакли ноустувор доштанашон, ҷавбгў набудан ба талаботи муҷазбаёнии истилоҳот ва аз тарафи умум қабулшудагӣ, баъзан бетарафии услубиашон фарқ мекунанд. Аксар маврид предтермнҳоро терминҳо иваз мекунанд. ё танг карда доираи истеъмолашонро маҳдуд месозанд. Дар мавридҳои дигар бошад, ба термин ивазшавии воҳиди луғавие, ки ба талаботи истилоҳот бештар ҷавбгў аст, тўл мекашад ва предтермин дар лексикаи махсус хусусияти устуворӣ пайдо карда, ба квазитермин (истилоҳоти козиб) табдил меёбад.

Мавқеи профессионализмҳо мураккаб аст, онҳоро баъзе мутахассисон а) бо истилоҳот айният медиҳанд, як чиз медонанд,  б) бо воҳидҳои лексикаи касбу кор дохил мекунанд, в) ба лексикаи махсуси  ғайри номинативӣ дохил мекунанд (феъл, зарф,сифат), г) ба лексикаи махсуси ненормированный, яъне ғайримеъёрӣ,ки танҳо дар нутқи шифоҳии профессионалӣ дар муҳити ғайрирасмӣ истифода мешавад ва аксар вақт дорои коннотатсияи эмотсионалӣ –экспрессивӣ аст. Як намуди профессионализм ин жаргонизми профессионалӣ ба ҳисоб меравад, вай қобилияти характери меъёрӣ гирифтанро надорад ва гўяндагон хусусияти муваққтӣ дощтани онро ҳис мекунанд.

Терминоидхо – лексемаи махсус аст, ки барои ифодаи мафхуми на чандон ташаккулёфта ва устувор ва якхела  фахмиданашаванда истифода мешавад, ки сархади муайян ва дефинитсия надорад. Гарчанде онхо мафхумро ифода хам кунанд, хусусиятхои истилохро (дакики, робита надоштан ба матн,устувори ва г.) доро нестанд.

Прототерминхо – лексе6махои махсусе мебошанд, ки то пайдошавии илм пайдо шуда ва истифода мешуданд (30-40 хазор сол пеш), онхо мафхумро ном намебаранд, балки тасаввуроти махсусанд.

Азбаски моҳияти истилоҳро мавқеи он дар системаи мафҳумҳои соҳаи мушаххаси дониш муайян мекунад, лексемаҳои ташкилдиҳандаи истилоҳот, этимология ва  семантикаи онҳо барои мутахассиси онҳоро истифодабаранда аҳамияти ночиз дорад. Масалан, агар калимаи «тираж» (фр. tirage) аз феъли tirer (кашидан, кашида гирифтан, баровардан, ҳосил кардан) ба вуҷуд омада, исми ҷинс бошад ва маънои «он чӣ, ки  кашида гирифта мешавад, бароварда мешавад»- ро ифода кунад, барои полиграфист ин маъноҳои маъмулиро донистан танҳо халал мерасонад. Истилоҳи грамматикии «тире» низ аз ҳамин феъл (фр. tiret) аст, ки барои дуруст истифода бурданаш маъноҳои дар боло зикршударо донистан шарт нест, баръакс зиёдатист.

Забоншинос В. П. Даниленко менигорад, ки «истилоҳот ба вуҷуд намеоянд, пайдо намешаванд, балки сохта мешаванд ва истилоҳгузунӣ фаъолияти бошууронаи забонӣ аст, аз ин рў, вай идорашаванда ва танзимкунанда мебошад» (61, 57-58).

Вобаста ба мавзўи мавриди назар пажўҳишгар Н. П. Кузмин дар бораи чаҳор консепсияи таъйини истилоҳ изҳори ақида кардааст;

а) истилоҳ калимаест, ки ба вазифаи дефинитивӣ омада метавонад;

б) истилоҳ калимаест ҳамвазну ҳамтарозуи номи мафҳум;

в) истилоҳ калимаест барои ифодаи мафҳуми тахассусӣ;

г) истилоҳ калимаест инъикосгари мафҳуми махсус (97, 66).

Ба андешаи  В. Г. Гак  муносибати байни луғатҳои истилоҳӣ ва ғайриистилоҳиро аз ҷиҳати ифода ба се навъ ҷудо кардан мумкин аст:

а) воҳидҳои луғавии якҷиҳата, ки вазифаи истилоҳиро ба ўҳда надоранд;

б) воҳидҳои луғавии якҷиҳата, ки фақат бори вазоифии истилоҳро мекашанд;

в) воҳидҳои луғавии дуҷиҳата, ки ҳам ба вазифаи истилоҳ ва ҳам ба вазифаи луғатҳои ғайри истилоҳӣ корбаст мешаванд (49, 9).

  1. Тамоюли якмаъноӣ. Истилоҳ дар системаи муайяни илми мушаххас сирфан як мафҳумро ифода меунад ё рўй ҷониби ифодаи якмаъноӣ дорад;
  2. Тамоюли мустақилият аз қарина. Ҳар қадар истилоҳ ҷавобгўйи талаботи якмаъноӣ бошад, ҳамон қадар дараҷаи тобеъияти вай аз қарина кам мешавад;
  3. Тамоюл ба бетарафии услубӣ ва баёнӣ. Истилоҳ бояд берун аз экспрессия бошад, мазмуну маҳтавояш фақат ба таносуби мантиқиву шайъонӣ маҳдуд гардад ва дар «майдон»-и истилоҳии худ бетараф бошад (189. 40-41).

Дар хусуси маъёрҳои истилоҳот забоншинос Д. С. Лотте талаботи зеринро муҳим мешуморад;

  1. Муназзамияти истилоҳ;
  2. Мустақилияти истилоҳ аз қарина;
  3. Якмаъноии мутлақу нисбии истилоҳ;
  4. Таносуби байни маънии истилоҳу қисматҳои таркибии он;
  5. Дақиқии системаи истилоҳоту кўтоҳии онҳо (113, 72-73).

Ҳамин тавр, ба андешаи мо  истилоҳ  калима ва ё ибораи махсусест,ки аз тобишҳои иловагии семантикӣ маҳрум буда, дар доираи амалкарди илм мафҳуми комилан мушаххасеро ба таври дақиқ ифода,таносуби мафҳуму номро таъмин ва дар робита  бо воҳидҳои дигари забонӣ як системаи муназзаму мукаммали истилоҳотро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, истилоҳ бо як қатор хусусиятҳои умда аз калимаи маъмулӣ фарқ мкунад, ки бархе аз онҳоро ном мебарем;

  1. Истилоҳ- калима ё ибораи интихобшуда ба вазифаи махсус аст;
  2. Истилоҳ маънии ягона, вежа ва дақиқ дорад, вале калимаи маъмулӣ метавонад сермаъно бошад;
  3. Истилоҳ ба мафҳум пайванди ногусастанӣ дорад, вале на ҳар гуна калима бо мафҳум дар иртибот мешавад;
  4. Доираи нуфузи истилоҳ аз ҳадди муайяни маъноӣ таҷовуз намекунад.

 

Likes:
0 0
Views:
114
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply