Умумӣ

Таъмини бехатарии манбаҳои иттилоотӣ

Мирзоев Н.Ҳ. н.и.ф.-м  ДМТ, Разоқова А.-аспиранти ДМТ

Дар системаҳои компютерӣ  ба иттилооти ҷамъбастӣ ба шахсон ва гурўҳи шахсон аз рўи вазифаи ишғол кардаашон  ва ташабусашон  ҳуқуқи истифодабари дода мешавад.  Барои он ки бехатарии  манбаҳои иттилоотӣ  таъмин карда шаванд, имкониятҳои  бе иҷозат  истифодабари  бартараф карда шаванд, таквия додани назорат аз болои иттилоотҳои махфи карда шуда иҷозат дода  шавад,  системаҳои гуногуни  фаҳмидагири  (ташхиси)  ҷори  карда  мешавад.   Барқароркунии  объект  ё субъекти  ҳақиқӣ  ва маҳдудкунии  иҷозати  истифодабарии  иттилоотҳо  ба воситаи   системаҳои  гуногуни  фаҳмидагири,  яъне  таввасути системаҳои ташхис  ҷорӣ карда  мешаванд.

Мафҳумҳои асоси   дар  ин  системаҳо  идентификация  ва  аутентификация  мебошанд.

Идентификация – ин  ба  объект  ё  субъект  гузоштани  номи махсус мебошад.

Аутентификация – барқароркунии  аслӣ  ва ё  ҳақиқиро меноманд.

Мақсади  ниҳоии  қоидаҳои  идентификатсия  ва  аутентификатсия  рухсатдиҳии объект  ё субъкти иттилоот  мебошад.

Дар  ҳолати   назорати  дурусти  объект  ё  субъект  ботил  намудани  рухсати  онҳо  ба  иттилоот зарур аст.

Объектҳои  идентификатсия  ва  аутентификатсия  одамон  (истифодабарандагон,  аператорон,  ва  ҳуҷҷатҳои  гуногун)  шуда метавонанд.

Барқарор  намудани  ҳақонияти  объект  ба  воситаи  дастгоҳҳо,  барномаҳо  ва  одамон   гузаронида мешавад.  Барои  ҳимояи иттилоотҳо  дар  системаҳои  компютерҳо  махфияти  номҳо  ва  рамзҳо  таъмин карда мешавад.

Барои  мубодилаи  иттилоот  байни  инсон  ва  компютер  ташхиси  аслии онҳо  ба  назар  гирифта  мешавад.  Барои  он  ки  ҳар  як  объект  ва  субъект  дар  хотираи худ  хуҷҷатҳои  бегонаро рухсат  надиҳад,  руихати номҳо, яъне  рамзҳои  объектҳо,  ки  ба  онҳо  мубодилаи  иттилоот  ба қайд  гирифта  мешавад,  нигоҳ  дошта  мешавад.

Яке  аз  усулҳои  аудентификатсия  ин  номгузори  паролҳо  ва  рақамчинии онҳо  мебошад. Парол – ин символи махсусест,  ки  барои муайян намудани  объектҳо  ва  субъектҳои  иттилоот  хизмат  мекунад. Барои  интихоби  рамзи  парол  мувофиқи ҳаҷми  он  рақамгузори карда  мешавад.

Дар  замони  ҳозира  паролҳои  бисёррамздор,  ки  аз  10  калима  ё  символ  иборатанд истифода  бурда  мешаванд.

Меъёри  баланди  бехатари  дар  вақти  ба  ду  қисм  ҷудо  кардани  паролҳо  мебошад.

Яке  аз  равияҳои  бехатарии  таъминоти  иттилоот,  ки  имрўзҳо  самаранок  коркард  шуда  истодаанд,  идентификатсия  ва символи  рақами  мебошад.

Символи  рақами  ин  тарзи  рамзгузори  ба  воситаи   криптография  шуда  метавонад,  ки  аз  равонкунанда  ва  дастраскунандаи  иттилоот  иборат  мебошад.

Парол  ҳамчун  воситаи  таъминоти   бехатари  барои  истифодаи  идентификатсия  ва  барқароркунии терминали  ҳақиқи,  ки  истифодабарандагон  ба  воситаи  он  дохили  система  мешаванд  ва  инчунин  барои  таъмини  боваринокии  компютерҳои  истифодабарандагон  мавриди  истифода  қарор  мегирад.

Барои  омўхтани  паролҳои  муҳим  назоратбарии  чунинин  омилҳои  пай дар  пай  зарур  аст:

1)Сабт  накардани  парол  дар  шакли  шрифтҳо;

2)Чоп  накардан  ва  нишон  надодани парол  дар  шакли  кушод;

3)Истифода  накардан  дар  лаҳзаи паролгузори  аз  номи худ ва дигар номҳои рафиқону  дўстон  ва  инчунин маълумотҳо  дар  бораи  рўзи таввалуд  рақамҳои  телефонии мобили  ва хонагӣ  ва ғайра, ки сифати  кодгузориро  дурушт  месозанд;

4)Қабул кардани символҳои  гуногун  дар  вақти  кодгузори;

5)Истифодабарии  ду калимаи содда ва символхои   (+;=);

6)Зуд-зуд иваз  кардани  парол.

Кодиронии  рақамии  информатсияҳо  намудҳои  гуногун  дорад. Раванди  ташаккули  тарзи  муайяни тасвири  иттилоотро  кодронии  (рамзсози, рамзбанди)  иттилоот  мегўянд.  Одатан дар  зери  мафҳуми  кодиронии  иттилоот  гузариш  аз  як  тарз ба  дигар  тарзи  тасвири  иттилоотро  мефаҳманд, ки вай барои  нигоҳдори,  интиқол  ва  коркард қулайтар аст.

Компютер  танҳо намуди иттилоотро  кор  карда  баромада  метавонад,  ки вай дар шакли  рақами  тасвир шуда бошад. Ҳар  гуна иттилооти намуди дигар –садо, наво, матн, график, расм, нишондоди асбобҳо ва ғайра  ҳангоми  коркарди  компютерӣ бояд аввал  ба шакли рақами табдил дода шавад. Масалан, барои садои мусиқиро ба шакли адади  табдил додан, кифоя аст, ки дар  фосилаҳои  начандон  калони вақт  баландии  (шиддати) садоро  барои  зудиҳои  муайян  чен намоем  ва натиҷаҳои  ченкуниҳоро  дар  шакли  рақами  ба қайд гирем. Бо ёрии программаҳои компютерӣ  бошад, ин табдилотро  дар шакли  садои мусиқи  аз  нав  барқарор  намудан  мумкин аст.

Айнан ҳамин тавр,  бо ёрии  комютер  иттилооти матниро низ кор карда баромадан мумкин аст. Ҳангоми ба компютер дохил намудани рамзҳо  (ҳарф, рақам, аломат) онҳо бо ёрии ягон  адади муайян кодиронида мешаванд. Дар вақти ба қисмҳои  беруна  (экран, принтер) хориҷ  намудан бошад, баръакс, аз рўи коди онҳо тасвири худи рамзҳо  сохта мешавад. Ана ҳамин мувофиқати байни рамзҳову ададҳоро рамзсози  мегўянд.

Имзои электронии рақамӣ ин рамзсози таввасути табдилдиҳиҳои криптографики буда, аз таҳлилгар қабулкунанда ва таркиби иттилооти интиқолшаванда вобаста аст.

Табдилдиҳиҳои криптографии яке аз усулҳои самараноки таъминоти бехатарии иттилоот мебошад. Аз ҷумла бехатарии иттилоот таввасути шабакаҳои компютерӣ интиқолшаванда. Маълумотҳое, ки дар хотираҳои  рафъкардашуда нигаҳдори мешаванд. Ва иттилооте, ки байни объектҳои рафъшуда истифода карда мешавад. Чунин вазъият баъд аз нашри китоби Шеннон дар бораи  «Назарияи иттилоот ва кибернетика» ки  соли 1949 чоп шудааст ба амал омад.

Баъд аз ин усули криптографикии табдилоти иттилоот аз ҷониби олимони зиёд омўхта шуда дар фаъолияти бонкҳо ва низомҳои тиҷорати истифода бурда шудаанд.

Ҳимояи иттилоот таввасути  усулҳои криптографикӣ бо он ифода меёбад, ки дар он қисмҳои  таркибии иттилоот  (ҳарф, рақам, ҳиҷо, калима, таввасути алгаритмҳои махсус ва воситаҳову  рамзҳои калиди ба чизи ноаён  табдил дода мешавад. Дар ин ҷо калидҳо васеъ истифода бурда мешавад, ки қисми таркибии низоми криптографикӣ буда махфият ва имконияти ноайёнсозии  иттилоотро  муйян мекунад.

Барои табдилдиҳии ин гунна алгаритмҳои маъмул ва ё таҷҳизотҳо низ васеъ истифода бурда мешаванд. Дар ин  ҷо идоракунии раванди табдилдиҳи  бо ёрии рамзи ивазшавандаи калид  амали шуда, маънии воқеии иттилоотро  ҳангоми истифодаи ҳамон як  алгаритм ва ё таҷҳизот таъмин карда мешавад.

Донистани калид имкон медиҳад, ки зуд қулай ва боэътимод матнӣ табдил дода шуда хонда шавад. Воқеан бе донистани калид  хондани матн ҳатто бо истифодаи компютер низ ғайри имкон аст.

Ба методҳои табдилдиҳии  криптографикӣ  талаботҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1)Устувории дар кушиши ошкорзозии матни ибтидои дар асоси матни табдил дода шуда;

2)Хароҷот барои  табдилдиҳиҳои  ҳимояти бояд ба дараҷаи додашудаи нигаҳдории иттилоот мувофиқ бошад;

3)Хатогиҳо ҳангоми табдилдиҳии ахбор бояд ба чунин шаклҳои он оварда нарасонад;

4)Дарозии матни табдил дода шуда набояд аз матни ибтидои дароз бошад.

Якчанд усулҳои табдилдиҳии криптографики мавҷуд аст, ки онҳоро ба чор гурўҳ ҷудо мекунанд:

1)Тағйирдиҳии  ҷойҳо; 2)Ивазкунӣ;3)Адиктивӣ;  4)Усули конвиронӣ.

Усулҳои номбаршудаи табдилдиҳии криптографикӣ  ба усулҳои тадилдиҳии симетрӣ  мансубанд, яъне ҳамон як калид  ҳам барои ошкоркунии матн истифода бурда мешаванд.

Солҳои охир аз ҷониби олимон усули ғайрисиметрии  табдилдиҳи пешниҳод шудааст, ки дар он барои табдилдиҳии иттилоот як калид ва  барои ошкоркунии он калиди дигар истифода бурда мешавад. Усулҳои асосии табдилдиҳиҳои криптографикӣ усули тағйирдиҳии ҷойҳо  ва ивазкуни мебошад. Моҳияти усули мазкур дар он аст, ки матни ибтидои ба блокҳои алоҳида тақсим крда шуда, сабти блокҳо  ба хондани матнӣ табдил дода шуда аз рўи фигураҳои гуногуни геометрӣ  сурат мегиранд. Масалан сабти матни ибтидои аз рўи сатрҳои матритса  ва хондани он аз рўи сутунҳои маритса сурат мегирад.

Табдилдиҳии  матн аз рўи усули ивазкуни бо он маънидод  карда мешавад, ки символҳои матнӣ ибтидои  ба як алифбо навишта шуда, дар ниҳоят ба символҳои алифбои дигар таввасути калиди табдилдиҳи  иваз карда мешаванд.

Leave a Reply