Ғазали «Оташ андар хирмани мо зад»-и Ҷомӣ.

Оташ андар хирмани мо зад рухат в-ин равшан аст, Холи мушкини ту бар рух донае з-ин хирман аст. Он рухи нозук чу об аз дида рафт, аммо ҳанўз, Нақши холаш чун сиёҳӣ монда дар чашми ман аст. Ту маро чашмиву то бар бому равзан омадӣ, Чашми ман гаҳ бар канори бому гаҳ бар равзан аст. … Читать далееҒазали «Оташ андар хирмани мо зад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Шабам дар мотами ҳиҷрон»-и Ҷомӣ.

Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абрӯ дар хаёл омад, Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад. Пас аз марг, эй ҳумоюнзоғ, афган устухонамро Дар он саҳро, ки рӯзе бӯи он мушкинғизол омад. Равам дар сояи девори он хуршедрӯ мирам, Чу хоҳад офтоби умрро рӯзе завол омад. Нишони наълҳои маркабаш ҷӯяд сиришки ман, Бале, … Читать далееҒазали «Шабам дар мотами ҳиҷрон»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд»-и Ҷомӣ.

Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд, Ростон майл бад-он қомати дилҷӯй кунанд. Ғамзаҳоро макун ангез паи ғopaти дин, Кофиронанд, мабодо, ки бад-ин хӯй кунанд, Чун хати сабзи ту нозук натавонанд навишт, Хушнависон ба масал гap қалам аз мӯй кунанд. Чун шавад хок сарам, бар сари кӯяш фиганед, Бошад, ин коса сафоли саги он кӯй кунанд. … Читать далееҒазали «Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд»-и Ҷомӣ.

Мундариҷаи ғазалҳои Ҷомӣ.

1. Аз ёри куҳан намекунӣ ёд. 2. Он ки бар гул гиреҳ аз ҷаъди суманбўи ту баст. 3. То диламро по дар он кӯ баста шуд. 4. Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст. 5. Оташ андар хирмани мо зад рухат в-ин равшан аст. 6. Боз ҳавои чаманам орзуст. 7. На ғизоле, … Читать далееМундариҷаи ғазалҳои Ҷомӣ.

Ғазали «Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст»-и Ҷомӣ.

Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст, Гар ба сурат ғоиб аст, аммо ба маънӣ ҳозир аст. Ошиқ андар зоҳиру ботин набинад ғайри дўст, Пеши аҳли ботин ин маънӣ, ки гуфтам, зоҳир аст. Дар ҳузури дўст ҳар ҷониб назар кардан хатост, Як замон ҳозир нишин, эй дил, ки ҷонон нозир аст. Хотирам … Читать далееҒазали «Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст»-и Ҷомӣ.

Ғазали «То диламро по дар он кў баста шуд»-и Ҷомӣ.

То диламро по дар он кў баста шуд, Роҳи рафторам зи ҳар сў баста шуд. Ноқаи азми ҷаҳонпаймойро Бар сари он кўй зону баста шуд. Он миён омад чу мўям бар хаёл, Риштаи ҷонам бар он мў баста шуд. Шишаи дилро ба фикри қоматаш, Дар дарун сад нахли дилҷў баста шуд. Чашми ман н-омад ба … Читать далееҒазали «То диламро по дар он кў баста шуд»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад»-и Ҷомӣ.

Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад, Нурам аз омадани ӯ ба басар1 бозомад. Аз нами дидаи соҳибназарон сӯи чаман Лолаву сунбули ӯ тозаву тар бозомад. Он ҷигаргӯша, ки чун ашк бирафт аз назарам, Хун шуд аз ғaм ҷигарам, то ба назар бозомад. Бандам аз ҷон камари бандагии ӯ, ки ба лутф Баҳри хунрезии ман … Читать далееҒазали «Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад»-и Ҷомӣ.

Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад, Саҳрову шаҳр бар дили мо танг мекунад. Эй номабар, ба маҷлиси ӯ номи ман мабар, К-аз гуфтугӯи номи манаш нанг мекунад. Шарҳи камоли шавқ ҳамин бас, ки чашми ман Унвони ин саҳифа ба хун ранг мекунад. Ошиқ фишонда ҷон ба раҳи каъбаи мурод, Зоҳид нишаста пурсиши фарсанг мекунад. … Читать далееҒазали «Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед»-и Ҷомӣ.

Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед, Хонае созеду ҷонамро дар ӯ манзил кунед. Чун бирезад хуни ман ин бас дият, к-аз баъди қатл Гоҳ-гоҳе нисбати хунам ба он қотил кунед. Ҳайф бошад хуни ман дар гарданаш, баҳри Худо, Пеш аз он дам, к-ӯ кашад ханҷар, маро бисмил кунед. Тан агар бемор шуд, … Читать далееҒазали «Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад»-и Ҷомӣ.

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад, Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад. Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил, 3-он лаби нӯшин киноят мекунад. Аз рақибон мекунад паҳлӯ тиҳӣ, Ҷониби моро риоят мекунад. Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо, Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад. Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст, «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»1, 3-он … Читать далееҒазали «Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Сароям ба хаёлаш ғазале»-и Ҷомӣ.

На ғизоле, ки сароям ба хаёлаш ғазале, Ё занам аз рухи хуршедмисолаш масале. На кариме, ки кунам фикри мадеҳаш, чу фитад, З-офати даҳр дар аркони маишат халале. На фасеҳе, ки ба бурҳони суханҳои латиф, Бошадам қуввати баҳсею маҷоли ҷадале. Тай шуд асбоби сухан, соқии гулчеҳра куҷост? Ки маи лаъл бувад, он чи надорад бадале. Май … Читать далееҒазали «Сароям ба хаёлаш ғазале»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Боз ҳавои чаманам орзуст»-и Ҷомӣ.

Боз ҳавои чаманам орзуст, Ҷилваи сарву суманам орзуст. Накҳати гулро чӣ кунам, эй насим. Бўе аз он пираҳанам орзуст. Тавба зи май кардаму омад баҳор, Соқии тавбашиканам орзуст. Ман кияму базми ту, лекин зи дур Дидани он анҷуманам орзуст. Зистанам бе ту муяссар мабод, Бе ту агар зистанам орзуст. Беш магў, Ҷомӣ, аз он лаб … Читать далееҒазали «Боз ҳавои чаманам орзуст»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Он ки бар гул гиреҳ»-и Ҷомӣ.

Он ки бар гул гиреҳ аз ҷаъди суманбўи ту баст, Риштаи ҷони маро дар шикани мўи ту баст. Таъна бар тўтии табъам мазан аз камсуханӣ, Ки бар ў роҳи сухан лаъли сухангўи ту баст. Лиллаҳулҳамд, ки ҷон мўътакифи ҳазрати туст, Гарчи тан бори иқомат зи сари кўи ту баст. Субҳу шаб дида набандам мани ғамдида … Читать далееҒазали «Он ки бар гул гиреҳ»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Аз ёри куҳан намекунӣ ёд»-и Ҷомӣ.

Аз ёри куҳан намекунӣ ёд, Ин пешаи нав муборакат бод! Фарёди касе намекунӣ гўш, Пеши кӣ кунем аз ту фарёд? Бо давлати бандагет ҳастем, Аз хоҷагии ду олам озод. Шояд, ки туро фаришта хонанд, К-ин лутф надорад одамизод. Он сўхта ёфт лаззати ишқ, К-аз васл нишон надиду ҷон дод. Аз шаккари ҷонфизои Ширин Парвез наёфт … Читать далееҒазали «Аз ёри куҳан намекунӣ ёд»-и Ҷомӣ.

Саноии Ғазнавӣ — Ғазалҳо

Аҳсанту зеҳ, эй нигори зебо, Ороста омадӣ бари мо. Имрўз ба ҷои ту касам нест, К-аз ту ба худам намонд парво. Бикшой камар, пиёла бистон, Ороста кун ту маҷлиси мо. То кай камару кулоҳу мўза? То кай сафару нишоти саҳро? Имрўз замона хуш гузорем, Падруд кунем дию фардо. Ман тоқати ҳаҷри ту надорам, Бо ту … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Ғазалҳо

Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо

Сарандозон ҳамеоӣ, нигорини ҷигархора?! Дилам бурдӣ, намедонам, чӣ овардӣ дигарбора?! Фиғон аз чашми маккорат, к-аз аввал буд ин корат, Ки пора-пора пеш оиву бирбоӣ дили пора. Барои моҳи бечунро кашидӣ ҷаври гардунро, Мусаллам гашт Маҷнунро, ки оқил нест инкора. Биёр он ҷоми пуроташ, ки то мо даркашемаш хуш, Ба ишқи рўи он маҳваш бурун аз … Читать далееМавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо