Муаммо сабӯи даҳманӣ.

Муиниддин гуфт: — Чунин як масъалаеро аз калонҳо шунидам: ду нафар дар биёбоне мерафтанд. Сабӯи даҳмание пур аз равғани зағир доштанд ва ду сабӯи дигари холӣ доштанд, ки яке ҳафтманӣ ва дигаре семанӣ буд. Дар нисфи роҳ хостанд аз ҳам ҷудо шаванд ва равғани зағирро баробар тақсим кунанд. Чӣ тавр метавонанд, ки онро панҷманӣ1 тақсим … Читать далееМуаммо сабӯи даҳманӣ.

Муаммои рақамҳо.

Ҷомӣ гуфт: — Рақамҳои аз як то нӯҳро дар се қатор сераҳӣ бояд гузошт, ки ҳосили ҷамъ аз ҳама тараф понздаҳ барояд. Ҳама навиштанд: 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9. Қариб ним соат гузашт. Низомиддин Довуд садо баровард: — Ман ёфтам. 15 15 15 15 15 15 6 7 2 15 15 … Читать далееМуаммои рақамҳо.

Ҷамоати панҷгона «Муаммои турнаҳо».

Ин ҷамоати панҷгона дар сабзазорон на танҳо дарс мехонданд, балки сӯҳбатҳои аҷибу ғариби завқовар меоростанд, луғзу чистон мегуфтанд, байтбарак мекарданд, қиссаву ривоят ва латифаю ҳикоятҳои дилангез нақл мекарданд, гоҳе дар майдону хиёбонҳои шаҳр ба тамошои дорбозу хирсбоз мерафтанд. Гоҳе масоили шунидаашонро низ ба ҳам гуфта, таҳлилу тасдиқи онҳоро аз якдигар дархост мекарданд. Рӯзе Камолиддин ҳикоят … Читать далееҶамоати панҷгона «Муаммои турнаҳо».

Дар маҷлиси Ҷомӣ.

Баҳори соли 1483 буд. Ҳар ду писари Хоҷа Аҳрор1 аз Самарқанд ба зиёрати Машҳад рафта, аз он ҷо ба Ҳирот омаданд ва дар Хиёбон меҳмони Ҷомӣ шуданд. Ҷомӣ ба шарафи онҳо зиёфат ороста, дар баробари шогирдонаш баъзе калоншавандаҳоро низ хабар кард. Ҳусайни Бойқаро2 ҳам ба ин маҷлис омад. Сӯҳбат гарм шуд. Ҷомӣ чун ҳарвақта аз … Читать далееДар маҷлиси Ҷомӣ.

Шеъри ростмазмун.

Мегӯянд: шахсе дар назди Мавлоно Ҷомӣ даъвои шеършиносӣ намуда, ба тарзи эътироз ба Мавлоно гуфт: Шеърҳои шумо ҳама cap то cap дурӯғ аст. Аз шумо муносиб он аст, ки шеърҳои ростмазмун гӯед. Ҷомӣ гуфт: — Ин тавр бошад, барои шумо як байти ростмазмун мегӯям, ки хонда завқ кунед. Ва ин байтро навишта дод: Латта дар … Читать далееШеъри ростмазмун.

Саҳви қалам.

Гӯянд Алишери Навоӣ девони қадимии Ҷомиро ба Абдусамад ном котиби хушнавис китобат фармуд. Девон бо лавҳ ва ҷадвалҳои нодиракорона ҳам зинат дода шуда буд. Навоӣ ин нусхаро ба Ҷомӣ дод, ки агар котиб хатое карда бошад, бо қалами худ ислоҳ кунад, ки сабаби обрӯи китоб меша¬вад. Ҷомӣ дид, ки котиб бисёр хато навиш¬та, баъзе лафзҳоро … Читать далееСаҳви қалам.

Соғарӣ.

Соғарӣ шоире буд бадшеър, шӯридаҳол, соддалавҳ, вале ба Ҷомӣ иродатманд буд ва аз ин рӯ гоҳ-гоҳе Ҷомӣ бо ӯ мутоиба мекард. Ҷомӣ дар шаъни ӯ қитъае гуфта буд: Соғарӣ мегуфт: Дуздони маонӣ бурдаанд, Ҳар куҷо дар шеъри ман маънии рангин дидаанд. Дидам аксар шеърҳояшро, яке маънӣ надошт, Рост мегуфт, он ки маъниҳошро дуздидаанд. Манзури Соғарӣ … Читать далееСоғарӣ.

Шаҷара (насабнома).

Шаҷара1 Мавлоно Ҷомӣ аз сарзанишу писханди амалдорони олирутба ҳам ибо намекард, кирдорҳои ношоистаашонро ҳамеша фош менамуд. Воқеан, Низомулмулк, ки вазири Султон Ҳусайни Мирзо буд, насаби худро ба асҳоби пайғамбар ва махсусан ба авлоди амуи ӯ Абдулаббос дуруст карда, шаҷарае нависонда буд ва аз тамоми калоншавандаҳо, қозиву муфтиҳои вилояти Хуросон илтимос мекард, ки ба зери он … Читать далееШаҷара (насабнома).

Пиндорам туӣ…

Мавлоно Ҷомӣ дар маҷлисе ғазале суруд, ки матлааш ин буд: Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ, Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ. Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки холӣ аз балоғат набуд ва даъвии шеъру шоирӣ мекард, бар матлаи ғазали Мавлоно Ҷомӣ эътироз намуд ва гуфт: — Ҷаноби Мавлано! Шумо дар ин матлаъ … Читать далееПиндорам туӣ…

Ҷомӣ ва Ҳотифӣ.

Рӯзе Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои табъозмоӣ хоҳарзодаи худ Мавлоно Ҳотифиро водошт, ки чанд мисраъ аз ашъори Фирдавсиро, ки ба сурати ҳаҷв суруда аст, истиқбол намояд. Мавлоно Ҳотифӣ қабул кард ва гуфт: — Он шеър кадом аст? Ҳазрати Ҷомӣ шеърро ба Ҳотифӣ бисупурд, ки он қарори зайл аст: Дарахте, ки талх аст, ӯро сиришт, Гараш барнишонӣ … Читать далееҶомӣ ва Ҳотифӣ.

Ҷомӣ ва шогирд.

Яке аз бузургзодагони Ҳирот фарзандашро барои омӯзиши забон ба ҳузури ҳазрати Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бурд. Ҳазрати Ҷомӣ дарси ӯро аз «Сарфи мир» оғоз карданд. Аввалин дарсро гуфтанду баъд ба шогирд, ки роҳаш аз миёни бозорчаи шаҳр буд, таъкид намуданд, ки дарсро чандин рӯз такрор намояд. Писар рафт ва бо шавқу дилбастагӣ дарсашро хуб такрор кард … Читать далееҶомӣ ва шогирд.

Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ва Ҷомӣ.

Дафъае Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ном шоире аз Ҳинд ба зиёрати Ҷомӣ омада буд. Дар маҷлиси аввалин ӯ дар боло нишаст. Чун вай дар либосҳои ҷанда буд, ба яке аз амалдорони вақт Амир Ҷалоир бад расид. Гуфт: — Миёни туву саг чӣ қадар фарқ аст? Ҷамолӣ гуфт: — Як ваҷаб. Ҷомӣ аз тарзи каломи ӯ мутааҷҷиб шуда … Читать далееФазлуллоҳ Ҷамолӣ ва Ҷомӣ.