Садриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 2

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Бар боғи ҷаҳон нахли шакарбори ман ин аст!
Дар хони амал лаълии хушбори ман ин аст!
Ҷони ману ҷонони ману ёри ман ин аст!
«Гў халқ бидонанд, ки дилдори ман ин аст!
Дилдори ҷафокори ситамгори ман ин аст!»
Эй бод, расон бар қадамаш мултамаси ман!
Шояд шавад ин лутфи ту фарёдраси ман!
Дар олами имкон ба ҷуз ў нест каси ман,
«Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман,
Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст!»
Ҳарчанд ки як бор накардӣ ту маро ёд,
Бе ёди ту ҳаргиз нашавад хотири ман шод,
Вақте ки дилам аз ғами ту буд ғамобод,
«Бўи сари зулфат ба ман овард шабе бод,
Аз ҳамнафасон ёри ҳаводори ман ин аст!»
Айнӣ шуда дар анҷумани ишқ ғазалхон,
Хурсанд нишинад чи ба васлу чи ба ҳиҷрон,
Онҳо, ки надонанд сурури ғами ҷонон,
«Гўянд: Камол, аз паи ў чанд канӣ ҷон?
То ҳаст зи ҷонам рамақе — кори ман ин аст!»

Читать далееСадриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 2

Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо

Сарандозон ҳамеоӣ, нигорини ҷигархора?! Дилам бурдӣ, намедонам, чӣ овардӣ дигарбора?! Фиғон аз чашми маккорат, к-аз аввал буд ин корат, Ки пора-пора пеш оиву бирбоӣ дили пора. Барои моҳи бечунро кашидӣ ҷаври гардунро, Мусаллам гашт Маҷнунро, ки оқил нест инкора. Биёр он ҷоми пуроташ, ки то мо даркашемаш хуш, Ба ишқи рўи он маҳваш бурун аз … Читать далееМавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо