Ёддоштҳо-Қисми (охир) 9

УСУЛИ НАВИ ОДАМКУШӢ           Мувофиқи таърифе, ки дар боло нишон дода шуд, шогирдпешагони қушбегӣ, амалдорони хурд, муллобачагон, ғазоталабон ҳар рўз садҳо одамони бегуноҳро дастгир карда, зада, чашмони онҳоро баро-варда, сарҳошонро кафонда, дасту поҳошонро шикаста, аммо бинобар мухолифат накардан ба фармони охирии амир, онҳоро накушта, ба арк оварда ба дасти дарбориён месупориданд. … Читать далееЁддоштҳо-Қисми (охир) 9

Ёддоштҳо-Қисми 8

Натиҷаи ин ҳаракати провокасионӣ ин шуд, ки амир одамони бисёреро дар Бухоро ва вилоятҳои вай бо шубҳаи болшевикӣ, револютсионерӣ ё бо тўҳмати алоқа доштан бо онҳо бо як сурати ваҳшиёна кушт. (Бародари ман Сироҷиддинро ҳам аз қишлоқи тағоиҳомо, ки дар он ҷо пинҳон шуда буд, дастгир карда оварда, дар обхонае, ки ман хобида будам, хобонда, … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 8

Ёддоштҳо-Қисми 7

Дар он маҷлис ман ҳам иштирок кардам. Дар он ҷо тамошобинҳо ва агентҳои махфии амир ҳам хеле буданд. Масъалаи намоиши шодиёна ва шукрона ба маҷлис гузошта шуд. Ман ба ин кор сахт муқобил истодам ва гуфтам: аввал он ки ин фармон ба ташаккур намеарзад, дуввум ин ки намоиши шуморо баҳона кар-да, ҳукумат аксулҳаракат мехезонад ва … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 7

Ёддоштҳо-Қисми 6

IV                     Заводи пахтатозакунии Қизилтеппа аз они як бои бухорӣ буд, дар он ҷо ҳам пахтаҳои худи хўҷаини завод ва ҳам пахтаҳои чистачӣ (пахтаҷаллоб)-ҳои дигар тоза карда мешуд. Дар он завод аз русҳо, маҳаллиҳо, барбариҳо ва пирсиёнҳо тахминан 150 кас кор мекард. Дар ин миён тоҷикони кўҳистонӣ қаротегинӣ ҳам бисёр буданд. Бинобар зиёд шудани пахта … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 6

Ёддоштҳо-Қисми 5

Дар он замон мавзӯи шеър дар Бухорои амирӣ, аз     дунё ва аз замон шикоят, мадҳияҳои бардурўғ, ҳаҷвияҳои шахсии беодобона, май ва маҳбуб ва аз ҳамин қабил мавзўъҳои феодалӣ буд. Агар мо Аҳмади   Калла, Шоҳин52, Ҳайрат ва баъзе чунин касонро истисно кунем, ҳамагӣ муқаллиди якдигар ва тақлидчии бемуваффақияти гузаштагони худ буданд, Аммо забони шеърӣ то охирҳои … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 5

Ёддоштҳо-Қисми 4

Дар cоли таҳсили 1894—95 Ғафур-маҳдум, ки қории ҷамоаи мо буд, дусола дарсро якбора партофта «пешқадам шуд» (барои зудтар хатм карда қозӣ шудан). Дар ҷамоаи мо дигар махдуми намоёне набуд. Бинобар ин Мулло Иброҳим ном яке аз бойбачагони Бухоро қорӣ шуд, Иброҳим саводи форсӣ-тоҷикӣ дошт, дўстдори адабиёт буд, ҳатто худаш шеър ҳам машқ мекард. Аммо саводи … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 4

Ёддоштҳо-Қисми 3

Таҳсили соли 1890—91 тамом шуд  (ба ҳисоби ҳо-зира дар 22-уми март). Баробари тамом шудани таҳсил озуқаи акаам ҳам тамом шуд. Ӯ барои хароҷоти соли ояндаро ёфтан ба саҳро баромаданӣ шуд. Як шарики туркманаш ўро ба Каркӣ бурд, ки дар овулҳои туркман  ўро дар  айёми тобистон  мактабдор   (муаллим) кунад. Акаам на танҳо забони туркманиро, ҳатто ўзбакиро … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 3

Ёддоштҳо-Қисми 2

—Хон,    дар чӣ    гуна душворӣ   бошад ҳам,    хон      одам шав! Лекин қозӣ, раис19 ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат! — чашмонашро пўшид. Баъд аз ягон дақиқа на ин ки бо хаш-хаш, балки бо хар-хар  нафас кашидан гирифт. Дар ин миён якбора дар ҷояш қад рост кард, чашмонаш калон кушода шуданд,аммо берун буданд,   ба ҳар … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 2

Ёддоштҳо-Қисми 1

Ёддоштҳо Куллиёти Садриддин Айнӣ дар асоси қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 15-уми январи соли 1955, рақами 12, чоп карда мешавад. Аз рўи корҳои тайёрие, ки ҳайати таҳририя пешакӣ бурд, мероси адабии нависандаро ба 15 ҷилд тақсим кардан лозим меояд. Дар тақсимоти асарҳо ба ҷилдҳо асосан принсипи хронологӣ, яъне тартиби пасупешии солҳои таълифи онҳо риоя … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 1