Симои Зулайхо.

Зулайхо низ образи мусбат ва намунавист, ки қиёс надорад. Ў ҳанўз Юсуфро(а) дар хоб дида ошиқ мешавад ва аз пайи ана ҳамин орзуяш ҳастии худро ба гарав мегузорад. Вайро ғайри хоҳиш ба Азизи Миср хонадор мекунанд, вале ў устувориро якумрӣ нигоҳ медорад. Албатта, аз рўи хоби дидааш Азизи Мисрро Юсуф (а) мепиндораду розӣ мешавад. Чун … Читать далееСимои Зулайхо.

Симои Юсуф.

Накши Юсуф (а) дар таърихи адабиёти форс-тоҷик бемисл ва муқоисанашаванда аст. Ў ба ҳарамсарои Зулайхо оварда мешавад ва ҳатто бо дахолати Зулайхо канизакҳо бо ў нияти ишқварзӣ мекунанд, вале ин ҳама ҳиссиёти ўро заррае ангезиш намедиҳад. Пурсида мешавад, ки чаро? Барои он ки ў аз хонадони набавист ва бандаи нафсу ҳиссиёти дигар нест. Вай вуҷудан … Читать далееСимои Юсуф.

Образҳои достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

 Образҳои достон низ хеле ҷолибанд. Ду образи марказии асар-нақшхои Юсуф (а) ва Зулайхо аст. Образҳои фаъоли дигар Яъқуб(а), хоҳари бузурги Яъқуб(а), ки ў низ сидқан Юсуфро (а) ҳамчун модар дўст медорад ва ҳастиашро бе ҳастии бародарзодааш тасаввур карда наметавонад. Ҳатто чун ба таври ошкоро ба мақсад расидани хешро пайдо намекунад, пас бо роҳи макр ба … Читать далееОбразҳои достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Шоир ёде аз пайғамбарон намуда: Одам, Шис, Идрис, Нўҳ, Халилуллоҳ, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф, ки ёздаҳ бародар дорад, дар ибтидо зикр мекунад. Баъд аз ҳамин лаҳза достон оғоз мешавад, ки чун Яъқуб(а) аз Шом ба Канъон омаду муқимӣ шуд, завҷааш фарзанди охиринаш- Бинёминро таваллуд намуд. Роҳил модари Юсуф ҷаҳони фониро падруд гуфт. Дар ин муддат Юсуф(а) … Читать далееМазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Тавзеҳи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Шояд дар олам мисли қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» қиссаи ҷонгудозу ҷигарсўзе набошад, зеро ба таъсирнокии ин қисса китобҳои муқаддаси «Таврот» ва ба хусус «Қуръон» таъсири бештаре зам намуд ва баъд ба эҷоди бадеъ роҳ ёфт. Маснавии «Юсуф ва Зулайхо» асари ишқӣ буда, ҳанўз дар ибтидо бо номи «Аҳсан-ул-қассас» («Беҳтарин қиссаҳо») машҳур аст ва ҳатто аз … Читать далееТавзеҳи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.