Дар Ситоиши Хайём

Хайёмро чунин васф кардаанд: «Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Низомии Арўзии Самарқандӣ), «Аз машоҳири ҳукамои ҷаҳон ва аз наводири шуарои замон» (Ризоқулихони Ҳидоят), «Ҳакими Нишобурӣ марди фавқулодда» (Ризо Файласуф), «Устод, файласуф, Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Байҳақӣ), «Ватандори ду ватан» (Е. Долматовский) . Ӯро дар тўли беш аз 900 сол бо номҳои «Ҳаким, Ҳуҷҷат-ул-Хаққ, Хоҷа, Имом, ал-Файласуф, Ҳакими ҷаҳон, Файласуфи гетӣ, Шайх-ул-имом, Аллома, … Читать далееДар Ситоиши Хайём

Эй даҳр…

Умари Хайём маҳсули афкори иҷтимоӣ ва фалсафии асри XI ва XII мебошад. Аз ин ҷост, ки дар оинаи ақли хеш замони хешро аксандозӣ мекунад. Азбаски дар он замон на ҳар гуна суханро метавонист ошкоро бигўяд, бо сохтани ибораҳои халосгар «эй даҳр», «эй чарх», «фалак», «давр», «лайлу наҳор», «қавм», «доранда» ва ғайра ақидаҳои пешқадам ва фошгари … Читать далееЭй даҳр…

Мақоми Инсон

Хайём худ тимсоли ҷовидона, мураккаб, зебо ва дилпазири рубоиҳои худ буда, дар сатрҳои кўтоҳ — кохҳои забарҷадии мунаққашу оддиэҷоду олимазмун аввал Инсонро бо муҳаббати бузург ситоиш намуда, онро бо худаш шиносонида: Мақсуд зи кулли офариниш моем, Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем. Ин доираи ҷаҳон чу ангуштариест, Беҳ ҳеч шак(к)е, нақши нигинаш моем. Чун инсон … Читать далееМақоми Инсон

Маргу зист

Ибрози назар оид ба масъалаи маргу зист мураккабу нозук аст. Дарк мекунем, ки Инсон бузургтарин офаридаи табиат мебошад. Замин гаҳвораи аҷзу ниёз, гиру дор, такопў, ҳарбу зарб, набардгоҳи шоҳу гадо, кору пайкори неку бад, маргу зист, шодиву ғам, хунистони гўёи безабон, биҳишту дўзахи оламиён аст, онест, ки ҳамаро ба оғўши худ ҷой медиҳад: баду хуб, … Читать далееМаргу зист

Қаноат ва некукорӣ

Мавзўи дигаре, ки дар ашъори Хайём ба чашми мо бархўрд, панд додан дар хусуси фузунӣ наҷустан — ҳариси молу чиз набудан, балки дил ба даст овардан аст. Чун вориди рубоиёти Хайём мегардем, осорхонаи хаёл, тасвирхонаи мунаққаш, сеҳрхонаи килки мафтунгари худовандӣ, адабгаҳи хирад, даргоҳи бениёз, муаммогоҳи сипеҳр, гулистони ҳамешасабз, муқаддаскадаи бузургдоштаи инсониро мебинем. Агар байти зери … Читать далееҚаноат ва некукорӣ

Рози сипеҳр

Рози сипеҳр мавзўест доманадор, мураккаб, пурмаъно ва дарки шарҳу баёнаш душвор. Гирди ин мавзўъ ҳар ҷо — ҳар ҷо сухане ба чашм мехўрад. Вале мавзўъ ҳал ношуда. Мо низ ҳалли онро бар дўш намегирем. Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад. Мепиндорам, ки сипеҳр ба муроди инсонҳои асил, заҳматкаш, бахусус муздуру раззоқу сонеъ, рўшандилу озодандеш, … Читать далееРози сипеҳр

Манзури Хайём аз шароби ноб чӣ чизе буда?

Дар эҷодиёти Хайём тавсифи май мақоми хоса дорад. Ин намунаи закои инсонӣ алайҳи мутаассибони гузарое, ки баҳри ақли инсониро занҷирбанд, дилашро аз хушиҳои ҳаёт сард, дасташро дар доманаи фалак муаллақ мондану дар ҷони тираашон ғашдоруи ороминогузор рехтан мекўшиданд аз ин тимсоли аҷиб — образи май бо камоли маҳорату ҳунармандӣ истифода бурд. Пеш аз Хайём низ … Читать далееМанзури Хайём аз шароби ноб чӣ чизе буда?

Дар базми бодагусорон

Чаро бузургтарин шуаро амсоли Хайём ва тавонотарин абармардони тавсифкардаи шуарои яздонқудрат дар лаҳзаҳои дар чорсўи зиндагӣ ҳайрону «нотавон» монданашон, дар ҳолатҳои дар ҷисми худ гунҷида натавонистан, заминро сахту осмонро баланд пиндоштан, додрасу додхоҳу додгоҳу муаммокушои роз наёфтан, бо фалаку сипеҳру «Яздон» даст ба гиребон шудану таслим нашудан, сари фарозу ғурур паст накардан, ҳеч илоҷе наёфтан, … Читать далееДар базми бодагусорон

Хайём ва Убайди Зоконӣ

Яке аз суханвароне, ки ба қимати ганҷи сухан мерасиду аз неши ҳаҷваш ҳар сустмағзу фиребгар фурў мерехту аз ў шоҳон ҳазар доштанд, Убайди Зоконӣ (ваф. 1370) буд. Аз осори ин адиб чанд рубоие мисол меорем, ки метавон ҳамоҳангу дар пайравӣ ба рубоиёти Хайём эҷодшуда донист. Хайём фармуда: «Эй дўст, биё то ғами фардо нахўрем», «Олам … Читать далееХайём ва Убайди Зоконӣ

Хайём ва Саноӣ

Ҳаким Саноӣ ва Хайём ҳамаҳданд. Оид ба қариният дар ашъори ин ду бузургмард, дар адабиётшиносӣ ҳеч тадқиқоти кўчаку бузурге ба чашм нарасид. Мутолиа ва муқоисаи начандон серпаҳлўи рубоиёти ин ду тан аз он шаҳодатест, ки рубоиёти Хайём ба дасти Ҳаким расида, ўро ба риққат оварда будааст. Дар сатрҳои зери Саноӣ суратҳои муҷаллои Хайёмро мебинем: «Эй … Читать далееХайём ва Саноӣ

Хайём ва Саъдӣ

Падари пандофарини ҷаҳониён шоир ва адиби нодирагуфтор Саъдии Шерозӣ на қаламкаше буда, ки ба ҳар кас назар биафканад, аз чакидаҳои хомааш ба завқ ояд, пайраваш гардад. Вале қотеона метавон иброз дошт, ки ў аз нашъаи рубоиёти Хайём басе баҳра бардошта. Хайёмро таровиши чеҳраи баҳору Наврўз мафтун карда. Ин марди қадршиноси зиндагӣ ба имрўз «хуш» будан … Читать далееХайём ва Саъдӣ

Пайравӣ аз Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ

Рубоӣ (шеъри иборат аз чаҳор мисраъ) навъи адабии бисёр гуворо ва гўшшинам буда, дар пояи таронаҳои дилангези мардумӣ ҳанўз дар замоноои куҳан падид омада, дар асри X — XI феьлан он ифодагари рўхи инсон, бузургии он, шукўҳу шаҳомат, талхию ширинии ҳаёт бо тамоми мураккабиҳояш гардида буд. Рубоӣ хосияти оҳанрабо дорад. Мекашад сўи худ. Дар рубоиёти … Читать далееПайравӣ аз Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ

«Ҷоми Хайём» (рубоиёт)

Хайём, дилат аз дили мо огаҳ аст, Ҳар як суханат суруди дарду оҳ аст, Байти ту дарест боз бар каъбаи дил, Шеъри ту чу умри одамӣ кӯтоҳ аст. Хайём, суханҳои ту нотакрор аст, Ҷоми хиради ту ҷовидон саршор аст. Ҳар кас, ки нахӯрд ҷоми ту, мастӣ кард, Ҳар кас, ки бихӯрд, оқилу ҳушёр аст. Ҷомеву … Читать далее«Ҷоми Хайём» (рубоиёт)

Хайём ва Ибни Ямин

Таъсири Хайёмро ба эҷодиёти Ибни Ямини Фарюмадӣ (1286 — 1368) дар сатрҳои зер аён мебинем. Хайём гуфта: Дар фасли баҳор агар буте ҳурсиришт, Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт… Ваё: Ҷомеву бутеву барбате бар лаби кишт… Ибни Ямин аз Хайём мазмунан (нусхабардорӣ) карда: Бо мутрибу май ҳурсириште гар ҳаст, Бо оби равон канори … Читать далееХайём ва Ибни Ямин

Дар пайравӣ аз Хайём

Хайём дар «Наврўзнома»- аш нигошта, ки «таъсири калом салоҳ ва фасоди мамлакатро коре бузург аст ва худовандони қаламро, ки мўътамад бошанд, азиз бояд дошт». Ҳамзамонон ва удабои баъди Хайём сухани олии ин абармади раъйқавӣ, гавҳари фозил, тозарўю покмазҳаб, роздору покизаҷомаро, ки ба қадри сухан мерасиду суханро покгари фасодиҳои мамлакат меҳисобид, азиз медонистанд. Аз ин рўст, … Читать далееДар пайравӣ аз Хайём

Андар оини подшоҳони аҷам

Мулуки Аҷам расме доштанд дар хони некў ниҳодан ҳар чӣ тамомтар ба ҳама рўзгор. Ва чун навбат ба хулафо расид, дар маънии хон ниҳодан, на он такаллуф карданд, ки васф тавон кард, хоса хулафои Аббос аз абоҳо ва фаллаҳо ва ҳалвоҳои гуногун ва фуққоъ ҷузви инон ниҳоданд ва пеш аз ин сон набуд.  Ва он … Читать далееАндар оини подшоҳони аҷам

Моҳҳои порсӣ

Фарвардинмоҳ — Ба забони паҳлавӣ аст, маънияш чунон бошад, ки ин он моҳ аст, ки оғози рустани набот дар вай бошад ва ин моҳ мар бурҷи Ҳамалрост, ки сар то сари вай Офтоб андар ин бурҷ бошад. Урдибиҳиштмоҳ — Ин моҳро аз биҳишт ном карданд, яъне ин моҳ он моҳ аст, ки ҷаҳон андар вай … Читать далееМоҳҳои порсӣ

Оғози асари Наврўзнома

Дар ин китоб, ки баён карда омад, дар кашфи ҳақиқати «Наврўз», ки ба наздики мулуки Аҷам кадом рўз будааст ва кадом подшоҳ ниҳодааст ва чаро бузург доштаанд онро ва дигар оини подшоҳон ва сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда ояд… Аммо сабаби ниҳодани «Наврўз» он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад.. … Читать далееОғози асари Наврўзнома

Наврўзнома

«Наврўзнома» яке аз асарҳои илмӣ-таърихии Умари Хайём буда, тахминан дар соли 471 ҳ./1079 м. ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Асари мазкур доир ба урфу одат ва расму ойинҳои давраи Пешдодиён (Сосониҳо), аз қабили таьрихи маросими идҳо ва тарзи гузаронидани онҳо, тартиби тақвими фаслҳои сол ва таърихи номгузории моҳҳои қадимии мардумони эронинажод ва ғайраҳо маълумотҳои зиёд … Читать далееНаврўзнома