Убайди Зоконӣ — «Муш ва Гурба»

Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш, Биё, бишнав ҳадиси «Гурбаву Муш!» Бихонам аз бароят достоне, Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ. *** Эй, хирадманди оқилу доно, Қиссаи «Мушу гурба» бархоно! Қиссаи «Мушу гурба»-и манзум, Гўш кун ҳамчу дури ғалтоно!296 Аз қазои фалак яке гурба, Буд чун аждаҳо ба Кирмоно. Шикамаш таблу синааш чу сипар, Шердумму […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ — Қитъаот

Маро қарз ҳасту дигар ҳеҷ нест, Фаровон маро харҷу зар ҳеҷ нест. Ҷаҳон, гў ҳама айшу ишрат бигир, Маро з-ин ҳикоят хабар ҳеҷ нест. Ҳунар худ надонам в-агар низ ҳаст, Чу толеъ набошад, ҳунар ҳеҷ нест. Инони иродат чу аз даст рафт, Ғаму фикри баргу дигар ҳеҷ нест. Ба даргоҳи ў илтиҷо кун, Убайд, Ки […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 3

Афтод бозам дар сар ҳавое, Дил боз дорад майле ба ҷое. Ў шаҳриёре, ман хоксоре, Ў подшоҳе, ман бенавое. Болобаланде, гесўкаманде, Султони ҳусне, фармонравое, Абрўкамоне, нозукмиёне, Номеҳрубоне, шанге,272  дағое.273 3-ин дилнавозӣ, з-ин сарфарозӣ, 3-ин ҷавфурўшӣ, гандумнамоӣ. Бе ў набахшад хуршед нуре, Бе ў надорад олам сафое. Ҳар ҷо, ки лаълаш дар ханда ояд, Шаккар надорад […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 2

Маро зи васли ту ҳосил ба ҷуз таманно нест, Хаёли зулфи ту бастан хилофи савдо нест. Вафо зи аҳди ту меҷуст дўш хотири ман, Ҷавоб дод, ки худ ин матоъ бо мо нест! Басе бигуфтамат, эй, дўст, ҳаст раъи манат? Даҳон зи шарм фурў бастаӣ, ҳамоно нест. Ҳазор бўса зи лаб ваъда кардаиву яке Намедиҳиву […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 1

Бикушт ғамзаи он шўх бегуноҳ маро! Фиканд себи занахдони ў ба чоҳ маро! Ғуломи ҳиндуи холаш шудам, надонистам, К-асири хеш кунад зангии сиёҳ маро. Дилам ба ҷову димоғам салим буд, вале Зи роҳи рафтани ў дил бишуд зи роҳ маро. Ҳазор бор фитодам ба доми дидаву дил, Ҳанўз ҳеҷ намебошад интибоҳ214  маро. Зи меҳри ў […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 3

Ҳикоят   Шахсе меҳмонеро дар зери хона хобонид. Ними шаб садои хандаи вайро дар болохона шунид. Пурсид, ки дар он ҷо чӣ мекунӣ? Гуфт:— Дар хоб ғалтидаам. Гуфт:— Мардум аз боло ба поин ғалтанд, ту аз поин ба боло ғалтидӣ? Гуфт:— Ман ҳам ба ҳамин механдам. Ҳикоят   Маҷди Ҳамгар 96 зане зиштрў дар сафар […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 2

Ҳикоят Шайтонро пурсиданд, ки кадом тоифаро дўст дорй? Гуфт: — Даллолонро. Гуфтанд: — Чаро? Гуфт: —Аз баҳри он ки ман ба сухани дурўғ аз эшон хурсанд будам. Эшон савганди дурўғ низ бад-он афзуданд. Ҳикоят Ҷанозаеро ба роҳе мебурданд. Дарвеше бо писар бар сари роҳ истода буданд. Писар аз падар пурсид, ки бобо дар ин ҷо […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 1

Ҳикоят   Талҳакро ба муҳимме пеши Хоразмшоҳ  фиристоданд. Муддате он ҷо бимонд, магар Хоразмшоҳ риояте, чунон ки ў мехост, намекард.  Рўзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд.  Талҳак гуфт: -Ҳеҷ мурғе аз лаклак зирактар нест. Гуфтанд: -Аз  чӣ донӣ? Гуфт: -Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд. Ҳикоят   Шахсе даъвои […]

Continue Reading

Убайди Зоконӣ

Убайди Зоконӣ яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти форсу тоҷики асри XIV—дар масъалаи ҳаҷв ва танқиди бераҳмонаи сохти феодалии асри худ шўҳрати тамом ёфтааст ва бузургии ў низ, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст. Убайди Зоконӣ тақрибан дар соли 1270 дар деҳаи Зокони шаҳри қазвин (дар шимолии Эрон) ба дунё омадааст. Ҳамон навъе ки аз рўи […]

Continue Reading