Бадое-ул-вақое-Қисми 9

РАДИФИ  ИН  ҚАСИДА ОМАДА ЯКСАР ГУЛИ СЕРОБ

То намояд роҳ, булбулро сўи гулзор гул,
Пораҳои ҷомаи худ баст бар ҳар хор гул…
Баргҳояш дар талош афтода бар болои ҳам,
Резаи зар кард азбас дар чаман исор 3 гул.
Дар чаман ҳар сў набошад лолаҳо, к-оташ задаст
—Ошёни булбулонро аз сари озор гул.
Дар чаман мехонд булбул ин ғазал вақти саҳар
Дар гиребон чок зад аз шавқ ошиқвор гул:
То задӣ, эй сарви раъно, бар сари дастор гул,
Аз тафохур суд сар бар гунбази даввор гул.
Барги гул набвад, ки хунолуднохунҳо басе
—Дорад аз рашки рухат дар синаи афгор гул.
Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ
Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор гул!..
Васфи рўят мекунад булбул, аз он рў гаштааст
—Пой то сар гўш дорад гўш бар гуфтор гул.
Ғунча кард аз мушт хунолуд рухсораш, магар
—Кард пеши оразат даъвии ҳусн изҳор гул…

1Ҳасбулҳол — арзи ҳол.
2Макнун — пўшида,    ниҳон.
3Исор — дар ин ҷо ба маънои бахшиш.

Чун ин қасидаро покнависӣ карда, бар коғазҳо бардоштам, дар дил гуфтам: «Бояд ба ҳузури хоҷа Ҳошимӣ рафта, инҳоро аз назари олӣ гузаронам» ва ба тарафи сарои волои он раҳсипор гардидам. Дар роҳ яке аз ходимони Хоҷа ба ман рост омад ва гуфт:

— Панҷ рўз аст, ки Ҳоҷа мунтазири ҳузури шумоанд ва чашм дар роҳ доранд, агар дар рафтан шитоб кунед муносиб аст.

Бо суръати тамом бар он мақом расидам ва баъд аз мулоқот қасидаҳоро аз назари кимиёасарашон гузаронидам.

Он ҷанобро фараҳмандие даст дода, аз роҳи лутф ва меҳрубонӣ ба фақир гуфтанд:

— Дар ин чанд рўз, ки мо аспи кўшишро дар ин майдон тохтем, охир як қасида аз он қасидаҳо чизи дигаре насохтем. Ин коре, ки шумо кардед, аз ҳеҷ шоире то ҳол ба вуҷуд наомадааст.

Дар ин вақт хабар расид, ки Убайдуллохон аз Қаршӣ омада ба Бухоро даромада, бар тахти салтанат нишастааст. Хоҷа бо шунидани ин хабар рў ба дарбор оварданд ва фақирро ҳамроҳи худ бурданд.24

Пас аз ҳикояти ҳамсӯҳбат шудани Восифӣ бо Убайдуллохон Восифӣ нақл менамояд, ки ў бо талаби хон вақте чанд дар манзили хоҷа Ҳошимӣ  истиқомат карда будааст. Дар ин хусус Восифӣ мегўяд:

Убайдуллохон ба зудӣ боз озими айлоқи Қаршӣ шуд. Чун хоҷа Ҳошимӣ хонро гусел карда омад, ба фақир гуфт:

— Фармони хон содиршуд, ки то бозгашта омаданашон аз Қаршӣ, бошишгоҳи шумо фақирхонаи ин камина бошад.

Ночор дар он остон буданро қарор додам.25

МУШОАРА ВА НАЗИРАГЎИИ ВОСИФӢ ДАР ХОНАИ
ХОҶА Ҳ0ШИМӢ

Хонаи хоҷа Ҳошимӣ ҷамъомадгоҳи арбоби фазлу камол буд. Ҳар рўз ҷамъе аз шоирони Бухоро он ҷо  ҷамъ мешуданд. Одати Хоҷа он буд, ки ҳар рўз ба ҳузури шуаро байте мехонданд, ё ғазалеро дар миён меандохтанд ва шоиронро ба ҷавобгўӣ ва пайравикунӣ ба он байт, ё ғазал даъват мекарданд. Рўзе гуфтанд:

— Табъро бекор набояд гузошт ва ўро кор бояд фармуд. Коҳилии табъ ба кунд шудани зеҳн сабаб мешавад
— баъд аз он фармуданд фақир  аз ғазалиёти Хисрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Котибӣ ва дигарон  нўҳсад — 900   ғазал  интихоб  карда   гирифтам.   Ба хотир мерасад, ки ёрон илтимоси маро қабул фармуда, ба он ғазалҳо ҷавоб гўянд ва пайравӣ намоянд.

Аҳли маҷлис дасти қабул бар сина ва ангушти итоат бар дида ниҳода, он ғазалҳоро навишта гирифтанд, то ки ҳар кадом ба якчанд ғазал ҷавоб гўянд ва қарор доданд, ки ҳар рўзе ҳар яке аз онҳо ғазале аз назари Хо-ҷа гузаронанд.

Яке аз наздикони Хоҷа ба камина гуфт, ки «Ғарази Хоҷа дар назирагўӣ имтиҳони шумост». Ночор фақир ҳам якчанд ғазалро пайравӣ кардам ва он ғазалҳо инҳоанд:

 

Баҳам каш эй мусаввир сурати Лайливу Маҷнунро
Ба ин сурат зи ҳиҷрон вораҳон Лайлии маҳзунро.
Намехоҳам парешонии ман бар рўи рўз афтад,1
Худоро бар узори худ маяфкан зулфи мушкинро…
Тамошо гар кунӣ тўфони сели ашки мо, гўӣ:
Ки «пиндорам зи олам об бурда рўди Ҷайҳунро»
Гирифтам ин ки оҳу ноларо дар дил ниҳон дорам,
Зи мардум чун тавонам дошт пинҳон чашми пурхунро?
Чу васфи лаъли сероби ту гўяд Восифӣ, ҳар сў
—Зи гўши худ бурун оранд хубон дурри макнунро.
Маҳ даъвои хубӣ чу ба он моҳлиқо кард,
Ӯро фалак охир аҷаб  ангуштнамо кард.
Бо дарду ғаму меҳнату андӯҳ қаринам,
То гардиши айём маро аз ту ҷудо кард..

Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 9