Саноии Ғазнавӣ — Қитъаот

ДАР МАЗАММАТИ ДУНЁ ВА ДУНЁДОРОН ГЎЯД Гандапирест тирарўй ҷаҳон, Хиради мо бад-ў назар кардаст. Ба сапеди рухон-ш ғарра машав, К-он сиёҳӣ сафед баркардаст. *** Ин ҷаҳон бар мисоли мурдорест Каргасон гирди ў ҳазор-ҳазор. Ин мар онро ҳаме занад маҳлаб Он мар инро ҳамезанад минқор. Охируламр барпаранд ҳама В-аз ҳама бозмонад ин мурдор. *** Мардумон якчанд … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Қитъаот

Саноии Ғазнавӣ — Муқаттаот

Эй ки атфол ба гаҳвора дарун аз ситамат, Сур нодида биҷўянд ҳаме мотамро. Қафасе шуд зи ту олам ба ҳама оламиён Ин-т заҳмат зи вуҷуди ту банӣ одамро. Ваҳ, ки то рўзи қиёмат паи олоиши мулк Тоире аз ту наҷастар набувад оламро. *** Ҳар ҷой, ки равзаест вардест, Ҳар ҷой, ки нолаест дардест. Гетӣ ҳама … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Муқаттаот

Саноии Ғазнавӣ — Рубоиёт

Чун чеҳраи худ дилам барафрўз, буто, Чун зулфи худат макун сияҳрўз, буто. Хоҳӣ, ки накўном шавӣ дар раҳи ишқ Пайванд зи нақши фўта омўз, буто. Дар дасти манат ҳамеша доман бодо, В-он ҷо, ки туро пой сари ман бодо. Баргам набувад, ки кас туро дорад дўст, Эй дўст, ҳама ҷаҳон-т душман бодо. Ишқо, ту дар … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Рубоиёт

Саноии Ғазнавӣ — Ғазалҳо

Аҳсанту зеҳ, эй нигори зебо, Ороста омадӣ бари мо. Имрўз ба ҷои ту касам нест, К-аз ту ба худам намонд парво. Бикшой камар, пиёла бистон, Ороста кун ту маҷлиси мо. То кай камару кулоҳу мўза? То кай сафару нишоти саҳро? Имрўз замона хуш гузорем, Падруд кунем дию фардо. Ман тоқати ҳаҷри ту надорам, Бо ту … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Ғазалҳо

Саноии Ғазнавӣ — Маснавии Ҳадиқа

Пешгуфтор   Ин маснавии Саноӣ бо номҳои «Илоҳинома», «Фахринома» низ маълум буда, дорои 10 боб ва 10 ҳазор байт аст ва дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни аслам ё аслами мусаббағ иншо шудааст.  Азоҳифи он чунин аст:  яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаълун. Ё ин ки: фоъилотун, мафоъилун, фаълон ва фоъилун ё фаъилон.  Асар зоҳиран ба ҳокими вақт Баҳромшоҳи Ғазнавӣ бахшида … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Маснавии Ҳадиқа

Саноии Ғазнавӣ — Маснавии «Корномаи Балх»

Маснавии «Корномаи Балх» аввалин маснавии Саноӣ буда, дар вазни «Ҳадиқат-ул–ҳақиқат ва шариат-ут-тариқат» хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф ё мақсур ва дар баъзе ҳолатҳо аслам ё аслами мусаббағ эҷод шудааст, ки арконаш чунин аст: яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаъилун (ё фаъилон ва ё:фаълун ё: фаълон). Маснавии мазкур «Мутоибанома» низ номида мешавад. Асар дар шаҳри Балх таълиф гардида, ба … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Маснавии «Корномаи Балх»

Саноии Ғазнавӣ — Маснавии Тариқуттаҳқиқ

ПАНД Умр зоеъ макун ба бехирадӣ, Дур шав дур аз сифоти дадӣ. Бо даду дев чанд ҳамнафасӣ, Илм омўз то ба Ҳаққ бирасӣ. Ҳар кӣ аз илми ҳақ нашуд огоҳ Дар биёбони ҷаҳл шуд гумроҳ. Охир ин кори илмбозӣ нест, Илми дин порсию тозӣ нест… Чист илм? Аз ҳаво раҳонанда Соҳибашро ба Ҳаққ расонанда. Ҳар … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Маснавии Тариқуттаҳқиқ

Саноии Ғазнавӣ

Зиндагинома   Яке аз симоҳои машҳури тасаввуфу ирфон, шоири ихтироъкору навовар ва асосгузори адабиёти сўфия Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ буда, дар таърихи шеъру адаби форс-тоҷик мақоми сазовору шоиста дорад. Оид ба ному насаби хеш худи ў навиштааст, ки: «ман, ки Маҷдуд ибни Одам Саноиям…» ва дар чанд ҷои дигар низ ба ин ҷиҳат … Читать далееСаноии Ғазнавӣ