Навоӣ ва Лорӣ.

Ба роҳи ишқ агар мушкиле фитад, Фонӣ, Зи рӯҳи Ҳофизу маънии Ҷомияш ҷӯям! * * * «Мавлоно ҳеҷ вақт аз ойини назм холӣ набудаанд». Алишери Навоӣ. Салотину умаро ва вузарову аркони давлат ва машоиху маволӣ ва соири хавосу авоми ҷамеи ақолим пайваста орзуи сӯҳбати ҳазрати эшон дар дил доштанд ва давлати мулозимати эшонро аз ашрафи […]

Continue Reading

Муаммо сабӯи даҳманӣ.

Муиниддин гуфт: — Чунин як масъалаеро аз калонҳо шунидам: ду нафар дар биёбоне мерафтанд. Сабӯи даҳмание пур аз равғани зағир доштанд ва ду сабӯи дигари холӣ доштанд, ки яке ҳафтманӣ ва дигаре семанӣ буд. Дар нисфи роҳ хостанд аз ҳам ҷудо шаванд ва равғани зағирро баробар тақсим кунанд. Чӣ тавр метавонанд, ки онро панҷманӣ1 тақсим […]

Continue Reading

Муаммои рақамҳо.

Ҷомӣ гуфт: — Рақамҳои аз як то нӯҳро дар се қатор сераҳӣ бояд гузошт, ки ҳосили ҷамъ аз ҳама тараф понздаҳ барояд. Ҳама навиштанд: 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9. Қариб ним соат гузашт. Низомиддин Довуд садо баровард: — Ман ёфтам. 15 15 15 15 15 15 6 7 2 15 15 […]

Continue Reading

Ҷамоати панҷгона «Муаммои турнаҳо».

Ин ҷамоати панҷгона дар сабзазорон на танҳо дарс мехонданд, балки сӯҳбатҳои аҷибу ғариби завқовар меоростанд, луғзу чистон мегуфтанд, байтбарак мекарданд, қиссаву ривоят ва латифаю ҳикоятҳои дилангез нақл мекарданд, гоҳе дар майдону хиёбонҳои шаҳр ба тамошои дорбозу хирсбоз мерафтанд. Гоҳе масоили шунидаашонро низ ба ҳам гуфта, таҳлилу тасдиқи онҳоро аз якдигар дархост мекарданд. Рӯзе Камолиддин ҳикоят […]

Continue Reading

Дар маҷлиси Ҷомӣ.

Баҳори соли 1483 буд. Ҳар ду писари Хоҷа Аҳрор1 аз Самарқанд ба зиёрати Машҳад рафта, аз он ҷо ба Ҳирот омаданд ва дар Хиёбон меҳмони Ҷомӣ шуданд. Ҷомӣ ба шарафи онҳо зиёфат ороста, дар баробари шогирдонаш баъзе калоншавандаҳоро низ хабар кард. Ҳусайни Бойқаро2 ҳам ба ин маҷлис омад. Сӯҳбат гарм шуд. Ҷомӣ чун ҳарвақта аз […]

Continue Reading

Шеъри ростмазмун.

Мегӯянд: шахсе дар назди Мавлоно Ҷомӣ даъвои шеършиносӣ намуда, ба тарзи эътироз ба Мавлоно гуфт: Шеърҳои шумо ҳама cap то cap дурӯғ аст. Аз шумо муносиб он аст, ки шеърҳои ростмазмун гӯед. Ҷомӣ гуфт: — Ин тавр бошад, барои шумо як байти ростмазмун мегӯям, ки хонда завқ кунед. Ва ин байтро навишта дод: Латта дар […]

Continue Reading

Саҳви қалам.

Гӯянд Алишери Навоӣ девони қадимии Ҷомиро ба Абдусамад ном котиби хушнавис китобат фармуд. Девон бо лавҳ ва ҷадвалҳои нодиракорона ҳам зинат дода шуда буд. Навоӣ ин нусхаро ба Ҷомӣ дод, ки агар котиб хатое карда бошад, бо қалами худ ислоҳ кунад, ки сабаби обрӯи китоб меша¬вад. Ҷомӣ дид, ки котиб бисёр хато навиш¬та, баъзе лафзҳоро […]

Continue Reading

Соғарӣ.

Соғарӣ шоире буд бадшеър, шӯридаҳол, соддалавҳ, вале ба Ҷомӣ иродатманд буд ва аз ин рӯ гоҳ-гоҳе Ҷомӣ бо ӯ мутоиба мекард. Ҷомӣ дар шаъни ӯ қитъае гуфта буд: Соғарӣ мегуфт: Дуздони маонӣ бурдаанд, Ҳар куҷо дар шеъри ман маънии рангин дидаанд. Дидам аксар шеърҳояшро, яке маънӣ надошт, Рост мегуфт, он ки маъниҳошро дуздидаанд. Манзури Соғарӣ […]

Continue Reading

Шаҷара (насабнома).

Шаҷара1 Мавлоно Ҷомӣ аз сарзанишу писханди амалдорони олирутба ҳам ибо намекард, кирдорҳои ношоистаашонро ҳамеша фош менамуд. Воқеан, Низомулмулк, ки вазири Султон Ҳусайни Мирзо буд, насаби худро ба асҳоби пайғамбар ва махсусан ба авлоди амуи ӯ Абдулаббос дуруст карда, шаҷарае нависонда буд ва аз тамоми калоншавандаҳо, қозиву муфтиҳои вилояти Хуросон илтимос мекард, ки ба зери он […]

Continue Reading

Пиндорам туӣ…

Мавлоно Ҷомӣ дар маҷлисе ғазале суруд, ки матлааш ин буд: Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ, Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ. Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки холӣ аз балоғат набуд ва даъвии шеъру шоирӣ мекард, бар матлаи ғазали Мавлоно Ҷомӣ эътироз намуд ва гуфт: — Ҷаноби Мавлано! Шумо дар ин матлаъ […]

Continue Reading

Ҷомӣ ва Ҳотифӣ.

Рӯзе Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои табъозмоӣ хоҳарзодаи худ Мавлоно Ҳотифиро водошт, ки чанд мисраъ аз ашъори Фирдавсиро, ки ба сурати ҳаҷв суруда аст, истиқбол намояд. Мавлоно Ҳотифӣ қабул кард ва гуфт: — Он шеър кадом аст? Ҳазрати Ҷомӣ шеърро ба Ҳотифӣ бисупурд, ки он қарори зайл аст: Дарахте, ки талх аст, ӯро сиришт, Гараш барнишонӣ […]

Continue Reading

Ҷомӣ ва шогирд.

Яке аз бузургзодагони Ҳирот фарзандашро барои омӯзиши забон ба ҳузури ҳазрати Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бурд. Ҳазрати Ҷомӣ дарси ӯро аз «Сарфи мир» оғоз карданд. Аввалин дарсро гуфтанду баъд ба шогирд, ки роҳаш аз миёни бозорчаи шаҳр буд, таъкид намуданд, ки дарсро чандин рӯз такрор намояд. Писар рафт ва бо шавқу дилбастагӣ дарсашро хуб такрор кард […]

Continue Reading

Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ва Ҷомӣ.

Дафъае Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ном шоире аз Ҳинд ба зиёрати Ҷомӣ омада буд. Дар маҷлиси аввалин ӯ дар боло нишаст. Чун вай дар либосҳои ҷанда буд, ба яке аз амалдорони вақт Амир Ҷалоир бад расид. Гуфт: — Миёни туву саг чӣ қадар фарқ аст? Ҷамолӣ гуфт: — Як ваҷаб. Ҷомӣ аз тарзи каломи ӯ мутааҷҷиб шуда […]

Continue Reading

Ғазали «Оташ андар хирмани мо зад»-и Ҷомӣ.

Оташ андар хирмани мо зад рухат в-ин равшан аст, Холи мушкини ту бар рух донае з-ин хирман аст. Он рухи нозук чу об аз дида рафт, аммо ҳанўз, Нақши холаш чун сиёҳӣ монда дар чашми ман аст. Ту маро чашмиву то бар бому равзан омадӣ, Чашми ман гаҳ бар канори бому гаҳ бар равзан аст. […]

Continue Reading

Ғазали «Шабам дар мотами ҳиҷрон»-и Ҷомӣ.

Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абрӯ дар хаёл омад, Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад. Пас аз марг, эй ҳумоюнзоғ, афган устухонамро Дар он саҳро, ки рӯзе бӯи он мушкинғизол омад. Равам дар сояи девори он хуршедрӯ мирам, Чу хоҳад офтоби умрро рӯзе завол омад. Нишони наълҳои маркабаш ҷӯяд сиришки ман, Бале, […]

Continue Reading

Ғазали «Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд»-и Ҷомӣ.

Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд, Ростон майл бад-он қомати дилҷӯй кунанд. Ғамзаҳоро макун ангез паи ғopaти дин, Кофиронанд, мабодо, ки бад-ин хӯй кунанд, Чун хати сабзи ту нозук натавонанд навишт, Хушнависон ба масал гap қалам аз мӯй кунанд. Чун шавад хок сарам, бар сари кӯяш фиганед, Бошад, ин коса сафоли саги он кӯй кунанд. […]

Continue Reading

Мундариҷаи ғазалҳои Ҷомӣ.

1. Аз ёри куҳан намекунӣ ёд. 2. Он ки бар гул гиреҳ аз ҷаъди суманбўи ту баст. 3. То диламро по дар он кӯ баста шуд. 4. Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст. 5. Оташ андар хирмани мо зад рухат в-ин равшан аст. 6. Боз ҳавои чаманам орзуст. 7. На ғизоле, […]

Continue Reading

Ғазали «Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст»-и Ҷомӣ.

Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст, Гар ба сурат ғоиб аст, аммо ба маънӣ ҳозир аст. Ошиқ андар зоҳиру ботин набинад ғайри дўст, Пеши аҳли ботин ин маънӣ, ки гуфтам, зоҳир аст. Дар ҳузури дўст ҳар ҷониб назар кардан хатост, Як замон ҳозир нишин, эй дил, ки ҷонон нозир аст. Хотирам […]

Continue Reading

Ғазали «То диламро по дар он кў баста шуд»-и Ҷомӣ.

То диламро по дар он кў баста шуд, Роҳи рафторам зи ҳар сў баста шуд. Ноқаи азми ҷаҳонпаймойро Бар сари он кўй зону баста шуд. Он миён омад чу мўям бар хаёл, Риштаи ҷонам бар он мў баста шуд. Шишаи дилро ба фикри қоматаш, Дар дарун сад нахли дилҷў баста шуд. Чашми ман н-омад ба […]

Continue Reading

Симои Зулайхо.

Зулайхо низ образи мусбат ва намунавист, ки қиёс надорад. Ў ҳанўз Юсуфро(а) дар хоб дида ошиқ мешавад ва аз пайи ана ҳамин орзуяш ҳастии худро ба гарав мегузорад. Вайро ғайри хоҳиш ба Азизи Миср хонадор мекунанд, вале ў устувориро якумрӣ нигоҳ медорад. Албатта, аз рўи хоби дидааш Азизи Мисрро Юсуф (а) мепиндораду розӣ мешавад. Чун […]

Continue Reading