Озмоиши иҷтимоӣ.

Озмоиш яке аз усулҳои аз ҳама гуногуншакл ва мураккабу маъмули ғун кардани иттилооти ибтидоии сотсиологӣ мебошад. Озмоиш дар сотсиология — ин чунин усули ғун кардан ва таҳлили маълумотҳои амалӣ мебошад, ки бо ёрии он бо роҳи аз рўи нақша идора намудани шароитҳо ва фарзияҳо оиди сабабҳои робитаҳои ҳодисаҳо санҷида мешаванд. Аз байни ҳамаи усулҳо маҳз … Читать далееОзмоиши иҷтимоӣ.

Таҳлили ҳуҷҷатҳо.

Маълумотҳои зиёди барои кори тадқиқотчӣ зарур дар сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ ҷойгиранд. Дар сотсиология омўзиши ҳуҷҷатҳо ҳамчун як намуди фаъолият мебошад. Таҳлили сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ дар бисер мавридҳо имконияти гирифтани маълумотҳои расоро барои ҳалли масъалаҳои пешомада ва ё таҳлили масъала осонтар мекунад. Таҳлили ҳуҷҷатҳо маълумоти якуминдараҷа медиҳад ва имконият медиҳад, ки дигар усулҳои тадқиқот аниқ истифода бурда шаванд … Читать далееТаҳлили ҳуҷҷатҳо.

Усули мушоҳида дар сотсиология.

Мушоҳида — ин чунин усули ғун кардани маълумотҳои амалӣ мебошад, ки ба воситаи он ҷараёнҳо, ҳодисаҳо ва воқеаҳои муҳими иҷтимоӣ бевосита сабт, назорат ва санҷида мешаванд. Мушоҳидаи илмӣ аз мушоҳидаи муқаррарӣ (оддӣ) чунин фарқиятҳо дорад:  Мақсадҳо, вазифаҳо, объект ва предмети мушоҳида аниқ муайян шудаанд;  Мушоҳидаи мақсаднок аз рўи нақшаи пешакӣ тартиб додашуда гузаронда … Читать далееУсули мушоҳида дар сотсиология.

Барнома ва нақшаи тадқиқоти сотсиологӣ

Барои гузарондани тадқиқоти сотсиологӣ лозим аст, ки омодагии хубу ҳаматарафа дида шавад. Дар давраи омодагӣ барнома ва нақшаи тадқиқот тайёр карда мешаванд. Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ — ин иншои заминаҳои назариявӣ — методологии таълимоти умумии тадқиқот мутобиқи мақсадҳои асосии корҳои дар пешистода ва фарзияҳои тадқиқот бо нишон додани қоидаҳои амалиёт ва пайдарҳамии мантиқии корҳо барои санҷиши … Читать далееБарнома ва нақшаи тадқиқоти сотсиологӣ

Усули пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ.

Пурсиш усули гирдоварии иттиилооти иҷтимоӣ оиди объекти омўхташаванда мебошад, ки дар рафти муоширати бавосита (бо саволнома) ё бевосита (бо мусоҳиб) — и иҷтимоӣ — равоншиносии ҷомеашинос ва посухдиҳанда иттилощт бо роҳи бақайдгирии ҷавобҳо ба низоми саволҳо тибқи ҳадафу вазифаҳои тадқиқот ба даст меояд. Пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Таъиноти асосии пурсиш дар … Читать далееУсули пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ.

Методология ва методҳои тадқиқоти сотсиологӣ

Тадқиқоти сотсиологӣ ва намудҳои он Тадқиқоти сотсиологӣ яке аз тарзҳои асосии инкишофи донишҳои сотсиологӣ мебошад, ки тадқиқотчӣ ё гурўҳи тадқиқотчиён онро барои ҳалли масъалаҳои муайяни иҷтимоии ҷомеа истифода мебаранд. Мафҳуми «тадқиқоти сотсиологӣ» — ро аввалин бор соли 1897 сотсиологи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм дар асараш «Худкушӣ» ба доираи истилоҳи илмӣ ворид намудааст. Маҳз аз ҳамон вақт … Читать далееМетодология ва методҳои тадқиқоти сотсиологӣ