Хайём ва Убайди Зоконӣ

Яке аз суханвароне, ки ба қимати ганҷи сухан мерасиду аз неши ҳаҷваш ҳар сустмағзу фиребгар фурў мерехту аз ў шоҳон ҳазар доштанд, Убайди Зоконӣ (ваф. 1370) буд. Аз осори ин адиб чанд рубоие мисол меорем, ки метавон ҳамоҳангу дар пайравӣ ба рубоиёти Хайём эҷодшуда донист. Хайём фармуда: «Эй дўст, биё то ғами фардо нахўрем», «Олам … Читать далееХайём ва Убайди Зоконӣ

Хайём ва Саноӣ

Ҳаким Саноӣ ва Хайём ҳамаҳданд. Оид ба қариният дар ашъори ин ду бузургмард, дар адабиётшиносӣ ҳеч тадқиқоти кўчаку бузурге ба чашм нарасид. Мутолиа ва муқоисаи начандон серпаҳлўи рубоиёти ин ду тан аз он шаҳодатест, ки рубоиёти Хайём ба дасти Ҳаким расида, ўро ба риққат оварда будааст. Дар сатрҳои зери Саноӣ суратҳои муҷаллои Хайёмро мебинем: «Эй … Читать далееХайём ва Саноӣ

Хайём ва Саъдӣ

Падари пандофарини ҷаҳониён шоир ва адиби нодирагуфтор Саъдии Шерозӣ на қаламкаше буда, ки ба ҳар кас назар биафканад, аз чакидаҳои хомааш ба завқ ояд, пайраваш гардад. Вале қотеона метавон иброз дошт, ки ў аз нашъаи рубоиёти Хайём басе баҳра бардошта. Хайёмро таровиши чеҳраи баҳору Наврўз мафтун карда. Ин марди қадршиноси зиндагӣ ба имрўз «хуш» будан … Читать далееХайём ва Саъдӣ

Пайравӣ аз Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ

Рубоӣ (шеъри иборат аз чаҳор мисраъ) навъи адабии бисёр гуворо ва гўшшинам буда, дар пояи таронаҳои дилангези мардумӣ ҳанўз дар замоноои куҳан падид омада, дар асри X — XI феьлан он ифодагари рўхи инсон, бузургии он, шукўҳу шаҳомат, талхию ширинии ҳаёт бо тамоми мураккабиҳояш гардида буд. Рубоӣ хосияти оҳанрабо дорад. Мекашад сўи худ. Дар рубоиёти … Читать далееПайравӣ аз Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ

«Ҷоми Хайём» (рубоиёт)

Хайём, дилат аз дили мо огаҳ аст, Ҳар як суханат суруди дарду оҳ аст, Байти ту дарест боз бар каъбаи дил, Шеъри ту чу умри одамӣ кӯтоҳ аст. Хайём, суханҳои ту нотакрор аст, Ҷоми хиради ту ҷовидон саршор аст. Ҳар кас, ки нахӯрд ҷоми ту, мастӣ кард, Ҳар кас, ки бихӯрд, оқилу ҳушёр аст. Ҷомеву … Читать далее«Ҷоми Хайём» (рубоиёт)

Хайём ва Ибни Ямин

Таъсири Хайёмро ба эҷодиёти Ибни Ямини Фарюмадӣ (1286 — 1368) дар сатрҳои зер аён мебинем. Хайём гуфта: Дар фасли баҳор агар буте ҳурсиришт, Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт… Ваё: Ҷомеву бутеву барбате бар лаби кишт… Ибни Ямин аз Хайём мазмунан (нусхабардорӣ) карда: Бо мутрибу май ҳурсириште гар ҳаст, Бо оби равон канори … Читать далееХайём ва Ибни Ямин

Дар пайравӣ аз Хайём

Хайём дар «Наврўзнома»- аш нигошта, ки «таъсири калом салоҳ ва фасоди мамлакатро коре бузург аст ва худовандони қаламро, ки мўътамад бошанд, азиз бояд дошт». Ҳамзамонон ва удабои баъди Хайём сухани олии ин абармади раъйқавӣ, гавҳари фозил, тозарўю покмазҳаб, роздору покизаҷомаро, ки ба қадри сухан мерасиду суханро покгари фасодиҳои мамлакат меҳисобид, азиз медонистанд. Аз ин рўст, … Читать далееДар пайравӣ аз Хайём