Латифаборон

Деканбозӣ Писарчаи декани як факултет ба ҷӯрааш гуфт: — Биё, деканбозӣ мекунем. -Ман чунин бозиро намедонам, — ҷавоб дод ҷӯрааш. -Ин бозии мушкил нест. Ана ин идораи ман мешавад. Ту дар пушти дар меистӣ ва ҳар гоҳе атса занам “лаббай” гӯён дарро мекушоӣ ва ман ҳам дар ҳар даромаданат “рав, пагоҳ биё, фардо биё” гуфтан … Читать далееЛатифаборон

Дегатон дута не-мӣ?

Мулло Мушфиқиро касе ба меҳмонӣ хабар кард. Вақте ки Мушфиқи омад, соҳибхона пурсид: — Барои шумо палав пазам ё шурбо? — Дегатон дута не-мӣ? — гуфт Мушфиқӣ дар ҷавоб. Соҳибхона ночор ҳам палав ва ҳам шурбо пухта зиёфат кард. Баъд аз палав ва шурбо соҳибхона ғайри чойи кабуд дигар чизи ташнагишикан набаровард. Пас Мушфиқӣ тадбире … Читать далееДегатон дута не-мӣ?

Ду сураткаш

Ду сураткаш дар устодӣ ва санъаткорӣ бо ҳ ам мудом баҳс мекарданд. Сураткаши якум сурати як cap ангурро чунок устодона кашид, ки дар дидан аз ангури ҳақиқӣ ҳеҷ фарқ намекардед. Вақте ки он суратро ба шохи дарахте овехта монд, баъзе парандаҳо ангури хақиқӣ пиндошта, омада ба вай нул мезаданд ва сураткаш ин ҳолро ба рақиби худ нишон дода, … Читать далееДу сураткаш

Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат -ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гуш доду баъд якбора хиштҳои рехта мондаи хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез ӯро дида тохта омаду аз гиребонаш гирифта дашном дод: — Магар чашмат кур аст, ки роҳро монда аз болои хиштҳо меравӣ … Читать далееҲоҷа Ҳофиз ва хиштрез

Доруи мушкушак

Зани Мушфикй ба шавҳар таъна зада гуфт: — Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам дигар шавҳар барин ягон касбу кори фоиданок дошта бошеду… Мушфикӣ бисёр фикр карда, охир касби доруфуруширо мувофиқ ёфт. Вай як руз дар маркази бозор як халтача хокистарро монда: «Доруи мушкушак мефурушам, доруи мушкушак!» гуён фарёд задан гирифт. Ба харидорон аз ҳамон … Читать далееДоруи мушкушак

Хандаҳои ширин

БИСЁР АФСӮС Муаллима аз талабае пурсид: — Падарат дар куҷо кор мекунад? Талаба гуфт: — Дар маркази савдо. — Бисёр хуб. Чӣ кор мекунад? — Боғбон. — Бисёр афсӯс. АНГУРҲОИ ФУРӮШӢ Муаллим аз талабае пурсид: — Дар ҳавлиатон кадом навъҳои ангур ҳаст? — Ангурҳои фурӯшӣ. ХАЛОС НАМЕХӮРӢ Писарбачае, ки ҳамроҳи падараш аз саёҳати бешазор омада … Читать далееХандаҳои ширин

Латифаҳо

САЛЛАЮ ҶОМАИ ОШХӮРӢ Афандӣ бо ҷомаи оддии фақиронаи худ ба туйи бое рафт. Дар туйхона ӯро ба қатори бойҳо ва муллоҳо роҳ надода дар тахти як айвон, дар қатори фақирон шинонданд. Дар ҳолате, ки дар хонаи калоншавандагон ошҳои сергӯшт ва равғанин дароварданд, ба пеши фақирон ва аз ҷумла, ба пеши Афандӣ оши сарқути сардшудаи бегӯшт … Читать далееЛатифаҳо

Латифаҳо

Худои 17 999 олам Рӯзе амири Бухоро ба Мулло Мушфиқӣ гуфт: — Агар як рӯз тахти худамро ба ихтиёри ту супорам, дар ҳаққи ман чӣ мекунӣ? Мушфиқӣ ҷавоб дод: — Дуо мекунам, Худои 17 999 олам ба шумо амирии охиратро бахшад! (Яъне бимиред). — То ҳол, — гуфт амир, — мардум дар вақти дуо «Худои … Читать далееЛатифаҳо