Камоли Хуҷандӣ — Ғазал

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро, Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро. Гўиям рав з-ин дару султони вақти хеш бош! Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро. Чокаронатро намегўям, ки хоки он дарам, Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро. Гуфтамаш: дар оби ораз акси ҷони мо намо! Гуфт: ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд … Читать далееКамоли Хуҷандӣ — Ғазал

Хусусияти ғазалҳои Камол

  Камоли Хуҷандӣ асосан шоири ғазалсарост. Вай дар ин намуди шеър аз забардасттарин устодон ба шумор меравад. Вай шоири латиф, суханпардози аҷиб ва адиби ниҳоят бориксанҷ аст. Ҳар як байти ў як мазмуни баланд, хаёлоти нозук ва маонии бикре дорад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар »Баҳористон» ин матлабро дақиқона қайд карда, ғазалҳои Камолро саҳли мумтанеъ номида, навиштааст: … Читать далееХусусияти ғазалҳои Камол

Қаҳрамони шеъри Камол

  Дар лирикаи ишқии Камол асосан се қаҳрамон амал мекунад: ошиқ, ёр ва рақиб. Ошиқ, ки бештар дар симои образи лирикӣ (худи шоир) зоҳир мегардад, шахсест ниҳоят муассир, ҷонсупор, вафодор, ҳаётдўст, лаззатписанд, кўшо, барои ў ҷуз ёр ҳеҷ чизи дигар вуҷуд надорад, ў пайваста шефта ва мафтуни ёр аст, барои ба васли дилдор расидан бо … Читать далееҚаҳрамони шеъри Камол

Камоли Хуҷандӣ

Зиндагинома   Номи ў Камолиддин, лақабаш Масъуд ва тахаллуси адабиаш Камол буда, соли 1318 таваллуд шудааст. Зодгоҳи Камолиддин Масъуд шаҳри Хуҷанд аст, ки ҳамеша аз  шаҳрҳои ободу дилкушои пурмева, мардумаш некўихлос ва адабиётпарвари Осиёи Миёна буд. Падари ў аз бузургони Хуҷанд буд. Айёми кўдакӣ ва замони тахсили ибтидоии Камол дар зодгоҳаш гузашт. Вайдар мактаб хатусавод, … Читать далееКамоли Хуҷандӣ

Камоли Хуҷандӣ — Шеваи нигориш

Шеваи нигориши Камол Сабку услуби Камол ниҳоят ҷолиби таваҷҷўҳ буда, ўро чун устоди бемонанди шеъри тоҷикӣ намудор мекунад. Камол ҳамчун давомдиҳандаи сабки саҳли мумтанеъ суханҳои ширин, иборатҳои зебо, калимаҳои мутаносиб, ташбеҳ, истиораҳои нодир, таҷнису муболиғаҳои дилфиреб, зарбулмасалу мақол ва таъбирҳои ширадори халқиро чунон моҳирона кор мефармояд ки шеъри ўро ниҳоят намакин ва хушоҳанг мегардонад. Барои … Читать далееКамоли Хуҷандӣ — Шеваи нигориш

Камоли Хуҷандӣ — Муқаттаот

АЗ МУҚАТТАОТ Чу девони Камол афтад ба дастат, Навис аз шеъри ў чандон ки хоҳӣ! Хаёлоти латифу лафзу ҳарфаш, Агар хоҳӣ ки дарёбӣ камоҳӣ, Зи ҳар лафзаш равон магзар чу хома, Ба ҳар ҳарфе фурў рав чун сиёҳӣ! * * * Маро ҳаст аксар ғазал ҳафт байт, Чу гуфтори Салмон нарафта зиёд. Ки Ҳофиз ҳамехонадаш … Читать далееКамоли Хуҷандӣ — Муқаттаот