Тоҷикистон — Ватани азизи ман

Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои Осиёи Марказианд, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои вазъи иқлимии мӯътадил, ки дар онҳо киштҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳое, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нестанд, ҳамагӣ дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидаанд. Табиати афсункораш ҳар як бинандаро волаву шайдои хеш месозад. Сабк … Читать далееТоҷикистон — Ватани азизи ман

Иншои озод дар бораи Конститутсия

Чихеле ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиклоли давлатии Тоҷикистон буд, ки … Читать далееИншои озод дар бораи Конститутсия

Нашъамандӣ – вабои аср

Нафсу шайтон мебаранд аз разҳ туро. То биандозанд андар чаҳ туро. Фармуда Фаридуддини Аттор. Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонда, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад. Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу … Читать далееНашъамандӣ – вабои аср

Қобилияти хонандагон

Қобилият гуфта, хусусияти фардӣ – психологии шахсро мефаҳманд, ки ба талаботи фаъолияти додашуда ҷавобгў буда, имконияти иҷрои бомуваффақияти онро таъмин менамоянд ва шарти ба осонӣ аз худ гаштани донишу маҳорат ва малакаҳо мебошанд. Б.М. Теплов се аломати асосии зерини мафҳуми қобилиятро ҷудо мекунад: аввалан зери мафҳуми қобилият хусусиятҳои фардӣ – психологиеро мефаҳманд, ки якеро аз … Читать далееҚобилияти хонандагон

Тоҷикистон-сарчашмаи оби тоза

Об асту ҳаёт пойдор аст, Об асту замину кишту кор аст. Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ, Аз ҳастии оби файзбор аст. Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву … Читать далееТоҷикистон-сарчашмаи оби тоза

Андешаи ман оид ба ифтихори миллӣ

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои … Читать далееАндешаи ман оид ба ифтихори миллӣ

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст нахоҳад дод. Ростгӯӣ ва росткориро ягон амали дигар паноҳ карда наметавонад. Ҳақиқат дар ҳамаи мавридҳо рӯзе … Читать далееРостгӯи камоли инсонист.

Касби ман-ифтихори ман.

Айб аст, ки дар ҳунар на кӯшӣ, Сад айб ба як ҳунар накӯшӣ. Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст. Дар дидаи мардумон азиз аст. Оре, ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қимат дошта бошад. Муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта эҳтиромашро … Читать далееКасби ман-ифтихори ман.