Абӯалӣ Ибни Сино — Рубоиёт

Э кош, бидонистаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз паи чистаме? Гармуқбилам, осудаю хуш зистаме, Варна ба ҳазор дида бигристаме. Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт, Як мўй надонист, вале мўй шикофт, Андар дили ман ҳазор хуршед битофт, В-охир ба камол заррае роҳ наёфт. Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал Кардам ҳама […]

Continue Reading

Абӯалӣ Ибни Сино — Урҷуза фитибб

  Асарҳои манзуми арабии Ибни Синоро ба ду дастаи асосӣ тақсим кардан лозим аст: яке, асарҳои манзуми илмӣ ё урҷузаҳо ва дигаре, — қасида, қитъа, абёти фалсафӣ ва панду ахлоқ.   Асарҳои манзуми илмии Ибни Сино алҳол пурра омўхта нашудаанд. Матни ҳамаи урҷузаҳо ҳанўз ба табъ  нарасидаанд. Дар бораи моҳият ва мақсаду вазифаи урҷузаҳо Ибни […]

Continue Reading

Абӯалӣ Ибни Сино — «Алқонун фитибб»

Пеш аз «Алқонун»-и Ибни Сино дар Арабу Аҷам дастурҳои машҳури тиббӣ «Алкитобалҳовӣ» ва «Алкитобалмансурӣ»-и Абўбакри Розӣ (865—925), «Китобалмаликӣ»-и Алӣ ибни Аббос ва якчанд китобҳои дигар буданд. Абуалӣ ибни Сино бузургтарин намояндаи тибби пешқадами ҷаҳони онрўза, ҳакималҳукамои маркази ҷаҳонии тибби он аср — Осиёи Миёна ва Эрон буд. Илми тиббро вай дар ватани худ бо роҳбарии […]

Continue Reading

Абӯалӣ Ибни Сино — Қасидаи айния

Аз асарҳои арабии Ибни Сино «Қасидаи айния», ки номи пурраи он «Алқасидат улайният аррўҳият фӣ нафс» мебошад, бештар диққати аҳли таҳқиқу мутолиаро ба худ ҷалб кардааст. «Қасидаи Айния» чанд бор ба забони форсӣ ҳам бо саъйи чанде аз донишмандон баргардонида шуд. Яке аз охирин тарҷумаҳои ин қасида ба Муҳаммад Алии Фариданӣ тааллуқ дорад. Тарҷумаи ин […]

Continue Reading

Абӯалӣ ибни Сино — Донишномаи Алоӣ

      Шайхурраис китоби «Донишномаи Алоӣ»-ро ба забони модариаш, замоне ки дар Исфаҳон мезист, барои ҳомии худ амир Алоуддавла навиштааст. (Ин амири олимпарвар забони арабиро намедониста ва мегуфтааст, ки агар илмҳо ба форсӣ мебуданд, вай онҳоро медонист). Ў дар он аср илмҳоро, ки фалсафа дар бар мегирифт: мантиқ, табииёт, ҳайат (нуҷум), илоҳиёт, назарияи мусиқиро нахустин бор […]

Continue Reading

Ашъори Абӯалӣ ибни Сино

Ба забони форсӣ: Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард, К-аз он шаш бувад марди озода фард, Ҳасад бурдану сифлагию дурўғ, Намудан ниёзу заъифию дард. Чу неъмат бувад, даст бар дўстон Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард. Чу шиддат бувад, роз пайдо макун, Биҳил, то шавад рўят аз дард зард. Саволе наярзад саросар чаҳон, Чу фарҷом […]

Continue Reading

Шӯҳрати ҷаҳонии Абӯалӣ ибни Сино

Абўалӣ ибни Сино аз он доноёни бузург ва мутафаккирони сутургест, ки бо асарҳои тиббию фалсафӣ ва адабии худ дар тўли ҳазор сол дар кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб шўҳрати бемонанд пайдо кардааст. Ў дар тиб олимест, ки таҷрибаи илми xаҳонии пеш аз худро ҷамъбаст намуда, барои ояндагон асарҳои арзандае ба ёдгор гузоштааст, ки роҳи минбаъдаи илмро […]

Continue Reading

Абӯалӣ Ибни Сино — Пирўзинома

Дар рўзгори Анўшервони одил ҳеч чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои (донишмандони) он аср ҳама муттақӣ (тақводор) ва парҳезкор буданд. Як рўз Анўшервон Абўзарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт: —Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафзи андаку маъонии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунё судманд бошад. Абўзарҷмеҳр як сол мўҳлат хост ва ин чанд каламотро […]

Continue Reading

Мероси илмӣ ва адабии Абўалӣ ибни Сино

Абўалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон аст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18-солагиаш дар солҳои 996-997 шурўъ шуда, расо чиҳил сол давом кардааст. Ў асарҳояшро бо насру назм ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ навиштааст. Сабаби бисёр асарҳои илмии худро ба забони арабӣ навиштани Абўалӣ ибни Сино он аст, ки забони […]

Continue Reading

Абӯалӣ Ибни Сино — «Саргузашт»

Падарам аз мардуми Балх буд ва дар замони Нўҳ ибни Мансур*(*Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ аз подшоҳони сулолаи Сомониён буда, дар соли 976, яъне чаҳор сол пеш аз таваллуди Ибни Сино ба тахти подшоҳӣ нишаста буд) аз он ҷо ба Бухоро кўчида омад. Дар замони вай дар деҳаи Хармайсан, ки аз деҳҳои бузурги Бухоро* (*Ҳурмитан (Урмитани […]

Continue Reading

Абўалӣ ибни Сино — Панду андарзҳо

Пинҳон раҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон, Он сон, ки офтоб ба кўрон аён нашуд. Ҳар кӣ хоҳад мубтало нашавад, Пушт нанҳад ба тобаи ҳаммор. Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард, Пирӣ ба кофарӣ ниҳон натвон кард, Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ—кардӣ, Дар равшании рўз ҳамон натвон кард. Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар […]

Continue Reading

Абўалӣ ибни Сино — Эҷодиёт

ЭҶОДИЁТИ ШАЙХУРРАИС ДАР КАЛОМИ НАФИС Ашъори тоҷикии Абўалӣ ибни Сино. Мазмун ва мундариҷаи ғоявии шеърҳои тоҷикии Абўалӣ ибни Сино бо мазмуни осори илмӣ ва ашъори арабиаш робитаи ногусастанӣ доранд. Соли 1980 дар Душанбе таҳти унвони «Авҷи Зуҳал» маҷмўаи ашъори Абўалӣ ибни Сино ба табъ расид. Дар он 4 ғазал, 5 қитъа, 38 рубоӣ ва 2 […]

Continue Reading

Нақши Абўалӣ ибни Сино дар ташаккули истилоҳоти илмӣ

Тавре ки донишмандони таърихи забони форсӣ гувоҳӣ медиҳанд, забони мазкур дар гузашта, махсусан пас аз истилои араб, ҳеҷ гоҳ бистари воқеии илм набудааст. Ба ин забон осори зиёде дар бахшҳои гуногуни илм падид омада буд, вале ба далелҳои бешумори айниву зеҳнӣ гўяндагони форсизабон танҳо матлаби илмиро ба забони модарияшон дарҷ кардаанду бас. Ба ибораи дигар, […]

Continue Reading