Бадое-ул-вақое-Қисми (охир) 11

Ҳикояти маймуни ошпаз                 Восифӣ мегўяд: Мирзоабўюсуф ном ҷавони зебоеро, ки дўсти ман буд, бемории диққи нафас ориз шуд. Табибон ҳарчанд ўро муолиҷа карданд, фоидае набахшид. Охир ў чунон лоғар, наҳиф, заиф ва заҳир шуда хушкид, ки одам аз симояш меҳаросид. Маро тоқате намонд, ки ўро бад-он ҳол бинам. Ночор аз Ҳирот сафар ихтиёр карда, … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми (охир) 11

Бадое-ул-вақое-Қисми 10

НАҚЛҲОИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ УЛУҒБЕК   МИРЗО Восифӣ мегўяд: рўзе Муҳаммадамини Мирак, ки садри дарбори султон Муҳаммад буд ба бандихона омада гуфт, ки ҳазрати султон ба мусоҳабати шумо ифтихор менамоянд ва мегўянд, ки: «Аз хулқи некўи он кас умед карда мешавад, ки ҳар пагоҳ баъд аз таом дар ҳузури мо якчанд оят «Қуръон» хонанд, баъд аз … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 10

Бадое-ул-вақое-Қисми 9

РАДИФИ  ИН  ҚАСИДА ОМАДА ЯКСАР ГУЛИ СЕРОБ

То намояд роҳ, булбулро сўи гулзор гул,
Пораҳои ҷомаи худ баст бар ҳар хор гул…
Баргҳояш дар талош афтода бар болои ҳам,
Резаи зар кард азбас дар чаман исор 3 гул.
Дар чаман ҳар сў набошад лолаҳо, к-оташ задаст
—Ошёни булбулонро аз сари озор гул.
Дар чаман мехонд булбул ин ғазал вақти саҳар
Дар гиребон чок зад аз шавқ ошиқвор гул:
То задӣ, эй сарви раъно, бар сари дастор гул,
Аз тафохур суд сар бар гунбази даввор гул.
Барги гул набвад, ки хунолуднохунҳо басе
—Дорад аз рашки рухат дар синаи афгор гул.
Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ
Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор гул!..
Васфи рўят мекунад булбул, аз он рў гаштааст
—Пой то сар гўш дорад гўш бар гуфтор гул.
Ғунча кард аз мушт хунолуд рухсораш, магар
—Кард пеши оразат даъвии ҳусн изҳор гул…

1Ҳасбулҳол — арзи ҳол.
2Макнун — пўшида,    ниҳон.
3Исор — дар ин ҷо ба маънои бахшиш.

Чун ин қасидаро покнависӣ карда, бар коғазҳо бардоштам, дар дил гуфтам: «Бояд ба ҳузури хоҷа Ҳошимӣ рафта, инҳоро аз назари олӣ гузаронам» ва ба тарафи сарои волои он раҳсипор гардидам. Дар роҳ яке аз ходимони Хоҷа ба ман рост омад ва гуфт:

— Панҷ рўз аст, ки Ҳоҷа мунтазири ҳузури шумоанд ва чашм дар роҳ доранд, агар дар рафтан шитоб кунед муносиб аст.

Бо суръати тамом бар он мақом расидам ва баъд аз мулоқот қасидаҳоро аз назари кимиёасарашон гузаронидам.

Он ҷанобро фараҳмандие даст дода, аз роҳи лутф ва меҳрубонӣ ба фақир гуфтанд:

— Дар ин чанд рўз, ки мо аспи кўшишро дар ин майдон тохтем, охир як қасида аз он қасидаҳо чизи дигаре насохтем. Ин коре, ки шумо кардед, аз ҳеҷ шоире то ҳол ба вуҷуд наомадааст.

Дар ин вақт хабар расид, ки Убайдуллохон аз Қаршӣ омада ба Бухоро даромада, бар тахти салтанат нишастааст. Хоҷа бо шунидани ин хабар рў ба дарбор оварданд ва фақирро ҳамроҳи худ бурданд.24

Пас аз ҳикояти ҳамсӯҳбат шудани Восифӣ бо Убайдуллохон Восифӣ нақл менамояд, ки ў бо талаби хон вақте чанд дар манзили хоҷа Ҳошимӣ  истиқомат карда будааст. Дар ин хусус Восифӣ мегўяд:

Убайдуллохон ба зудӣ боз озими айлоқи Қаршӣ шуд. Чун хоҷа Ҳошимӣ хонро гусел карда омад, ба фақир гуфт:

— Фармони хон содиршуд, ки то бозгашта омаданашон аз Қаршӣ, бошишгоҳи шумо фақирхонаи ин камина бошад.

Ночор дар он остон буданро қарор додам.25

МУШОАРА ВА НАЗИРАГЎИИ ВОСИФӢ ДАР ХОНАИ
ХОҶА Ҳ0ШИМӢ

Хонаи хоҷа Ҳошимӣ ҷамъомадгоҳи арбоби фазлу камол буд. Ҳар рўз ҷамъе аз шоирони Бухоро он ҷо  ҷамъ мешуданд. Одати Хоҷа он буд, ки ҳар рўз ба ҳузури шуаро байте мехонданд, ё ғазалеро дар миён меандохтанд ва шоиронро ба ҷавобгўӣ ва пайравикунӣ ба он байт, ё ғазал даъват мекарданд. Рўзе гуфтанд:

— Табъро бекор набояд гузошт ва ўро кор бояд фармуд. Коҳилии табъ ба кунд шудани зеҳн сабаб мешавад
— баъд аз он фармуданд фақир  аз ғазалиёти Хисрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Котибӣ ва дигарон  нўҳсад — 900   ғазал  интихоб  карда   гирифтам.   Ба хотир мерасад, ки ёрон илтимоси маро қабул фармуда, ба он ғазалҳо ҷавоб гўянд ва пайравӣ намоянд.

Аҳли маҷлис дасти қабул бар сина ва ангушти итоат бар дида ниҳода, он ғазалҳоро навишта гирифтанд, то ки ҳар кадом ба якчанд ғазал ҷавоб гўянд ва қарор доданд, ки ҳар рўзе ҳар яке аз онҳо ғазале аз назари Хо-ҷа гузаронанд.

Яке аз наздикони Хоҷа ба камина гуфт, ки «Ғарази Хоҷа дар назирагўӣ имтиҳони шумост». Ночор фақир ҳам якчанд ғазалро пайравӣ кардам ва он ғазалҳо инҳоанд:

 

Баҳам каш эй мусаввир сурати Лайливу Маҷнунро
Ба ин сурат зи ҳиҷрон вораҳон Лайлии маҳзунро.
Намехоҳам парешонии ман бар рўи рўз афтад,1
Худоро бар узори худ маяфкан зулфи мушкинро…
Тамошо гар кунӣ тўфони сели ашки мо, гўӣ:
Ки «пиндорам зи олам об бурда рўди Ҷайҳунро»
Гирифтам ин ки оҳу ноларо дар дил ниҳон дорам,
Зи мардум чун тавонам дошт пинҳон чашми пурхунро?
Чу васфи лаъли сероби ту гўяд Восифӣ, ҳар сў
—Зи гўши худ бурун оранд хубон дурри макнунро.
Маҳ даъвои хубӣ чу ба он моҳлиқо кард,
Ӯро фалак охир аҷаб  ангуштнамо кард.
Бо дарду ғаму меҳнату андӯҳ қаринам,
То гардиши айём маро аз ту ҷудо кард..

Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 9

Бадое-ул-вақое-Қисми 8

ЁДДОШТИ   ВОСИФӢ   ДАР   БОРАИ   ИМТИҲОН  КАРДАНИ АҲЛИ КАМОЛ ӮРО ДАР ИНШОНАВИСӢ ВА ЁФТАНИ МУАММО Восифӣ дар ин бора мегўяд: ҷамъе аз фозилони Самарқанд дар хонаи хоҷа Амиракои Шоҳӣ2 ба расми меҳмонӣ ҷамъ шудаанд. Дар он маҷлис гуфтугўи муаммо ва иншо ба миён омадааст. Яке аз онҳо гуфтааст ки: «Агар иншонависӣ ва муаммоёбӣ чунон аст, ки … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 8

Бадое-ул-вақое-Қисми 7

ДАР БОРАИ ГУРЕЗОНДАНИ ВОСИФӢ ДУХТАРАКИ АСИРА — МОҲЧУЧУКРО Восифӣ мегўяд: баъд аз ду рўзи фалокати амир Ёдгор ба пеши амир Шоҳвалӣ рафтам. Дар он ҷо Султонвалӣ (писари Шоҳвалӣ)-ро дидам, ки гиребони худро пора-пора карда ва чунон гириста, ки чашмонаш варамидаанд. Чун фақирро дид, фарёд баровард ва гуфт: — Махдумо! Маро бубахшед ва ҳар ҳаққе,  ки … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 7

Бадое-ул-вақое-Қисми 6

ДАР БОРАИ ҶАНГИ МИРХАЛИЛ БО МУФРИДИ ҚАЛАНДАР          Восифӣ мегўяд: дар Ҳирот Мирхалил ном саидзодае буд, ки саромади ятимони панҷ дарвоза ва нўҳ булуки Ҳирот буд. Ҳамаи паҳлавонон дар ятимӣ сари таслим ба пеши ў фуруд оварда буданд. Дар ў хоҳиши чангидан бо Муфриди қаландар пайдо шуд ва ба пеши султон Ҳусайнмирзо омада гуфт: —Маро … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 6

Бадое-ул-вақое-Қисми 5

ДАР БОРАИ МУБОРИЗА КАРДАНИ ПАҲЛАВОН МУҲАММАДИ МОЛОНӢ БО ФИЛ Восифӣ аз Мирмуҳаммад Юсуф нақл карда мегўяд: дар соли 900 ҳиҷрӣ (1495) вақте ки султон Ҳусайнмирзо дар яйлоқи Чилдухтарон хайма ва саропарда зада буд, аз подшоҳи Деҳлӣ ба ў як фил бо қумошҳои ҳиндӣ тўҳфа омад. Он фили манглусӣ буд. Мардумоне, ки Ҳиндустонро саёҳат карда буданд, … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 5

Бадое-ул-вақое-Қисми 4

ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ РАССОМ БЕҲЗОД ВА СУРАТИ НАВОӢ Васифӣ дар ёддошти худ дар муқаддимаи тасвири Мир Алишер мегўяд: подшоҳон ҳамеша ҷамъе аз мусав-вирони (рассоми) сеҳрофарин ва наққошони бадоеъ-оинро дар дарбори худ нигоҳ дошта, назари илтифот ба ҳоли эшон гумоштаанд. Чунки ин тоифаи тарабангез ва ин фирқаи латофатомез сабаби хурсандии оммаи аҳли оламанд. Бинобар ин подшоҳи мабрур … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 4

Бадое-ул-вақое-Қисми 3

ЁДДОШТҲОИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ НАВОӢ ВА ҶОМӢ, КИ АЗ КАСОНИ ДИГАР ШУНИДААСТ              Пеш аз навиштани ин қисми ёддоштҳои Восифӣ ҳамин нуктаро қайд карда гузаштан даркор аст, ки ў ин гуна воқеаҳоро аз Мавлоно Соҳиби Доро, ки хеши худаш буда аз ҳамсўҳбатони доимии Навоӣ аст ва аз Шайх Баҳлул, ки хидматгорм доимии Навоӣ аст ва … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 3

Бадое-ул-вақое-Қисми 2

ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ МУАММОӢ ШУДАНИ ХУД ВА РАСИДАНАШ БА ҲУЗУРИ МИР АЛИШЕР Восифӣ мегўяд: Камина дар синни шонздаҳсолагӣ рўзе бо ҷамъеаз шуаро ва фузало дар бозори Малики Ҳирот сайр мекардем, ки фитнагари пурошӯб Ҳофиз Ҳусайн, ки ўро «Ҳофиз Ҳамза» лақаб дода буданд, ба мо вохўрд. Дар дасти ў китобе буд. Фақир пурсидам ки: Он … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 2

Бадое-ул-вақое-Қисми 1

ДАРОМАДИ СУХАН ЗАЙНИДДИН МАҲМУДИ ВОСИФӢ           Зайниддин Маҳмуди Восифии ҳиротӣ яке аз намояндагони адабиёти тоҷик аст, ки дар охирҳои асри XV ва аввалҳои асри XVI дар Хуросон ва Осиёи Миёна зиндагонӣ кардааст. Дар он замоне ки Восифӣ дар вай зиндагонӣ кардааст, аҳволи Эрон, Хуросон ва Осиёи Миёна аз ҷиҳати сиёсӣ-иқтисодӣ, адабӣ … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 1