Марди ҳамеша хурсанд

Буд, набуд, як подшоҳу як вазир буд. Як рӯз подшоҳ ба вазир гуфт: — Хеле вақт аст, ки аз дарбор берун нашудаем, биё, сайри саҳро кунему ғубор аз диламон барорем. Вазир гуфт: — Гапи маъқул мегӯед, подшоҳам, сайру гашт кунему бинем, ки дар мамлакат чӣ гапҳо ҳаст, кӣ чӣ хел зиндагӣ мекунад. Подшоҳу вазир ба […]

Continue Reading

Духтари зирак ва марди танбал

Як подшоҳе буд. Ду вазир дошт ӯ. Яке вазири дасти рост буд ва дигаре вазири дасти чап. Боре подшоҳ ҳамроҳи вазири дасти рости худ ба шикор рафт. Ҳамин, ки онҳо машғули шикор шуданд, дар болои сарашон зоғе пайдо шуду қар-қар кард. — Зоғ чӣ гуфт? — пурсид подшоҳ, аз вазир. — Намедонам, — ҷавоб дод […]

Continue Reading

Навозандагони ҷангал

Шахсе хар дошт. Вай солҳои зиёд ба соҳибаш хизмат карда буд. Вай хеле сабру таҳаммул карда аз ҷангал барои гармидиҳӣ ҳезум ва аз осёб орд меовард. Аммо вай акнун пир шуд ва қувваҳои баданаш ӯро тарк карда буданд ва барои хизмат кардан бекора гардид. Баъдан соҳибаш хост аз ӯ дур шавад. Хар инро фаҳмид, ки […]

Continue Reading

Саги чашмгурусна

Саге дар пеши дӯкони қассоб устухоне ёфту, саросема ба даҳонаш гирифта гурехта рафт. Якчанд саги дигар дида, аз пасаш давиданд. Саг бо тамоми қувваташ тохта, худро ба тарафи дарё заду аз кӯпрук гузашта истода, назараш ба об афтода монд. Дид, ки як саги дигар устухони калонро ба даҳан гирифта, баробари ӯ медавид. Ин акси худи […]

Continue Reading

Ҳасанак

Дар олам Ҳасанак ном ҷавоне буд. Шаҳр ба шаҳр мегашту деҳ ба деҳ. Рӯзе Ҳасанак ба шаҳре омад. Дар он ҷо мардум камбағалона зиндагонӣ мекарданд. Бисёриҳо аз гуруснагӣ мемурданд. Бисёре аз хонаҳо холӣ буд. Ҳасанак ба кӯҳ рафта, ҳезум ҷамъ кард. Баъд ба шаҳр оварду фурӯхт. Боз ба кӯҳ рафту ҳезум ҷамъ карду оварда фурӯхт. […]

Continue Reading

Ду бузича

Буд набуд, ду бузича буд, яке сиёҳу дигаре сафед. Бузичаҳо дар ду канори ҷӯй мечариданд… Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар якҷоя бозӣ мекунем! -гуфт рӯзе бузичаи сиёҳ ба сафед. Не,ту худат ба ин тараф биё! -гуфт бузичаи сафед. Хуб, ман ба назди ту мегузарам, гуфт бузичаи сиёҳ. Не ман назди ту меравам! -гуфт бузичаи […]

Continue Reading

Рӯбоҳ ва паланг

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон […]

Continue Reading

Сенарияи гузаронидани «Рӯзи муаллим»

Сенария гузаронидани ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи муаллим» Вақти гузаронидан: аз соати 8-00 то 8-45 дақиқа Ҷойи гузаронидан: саҳни гимназия Санаи гузаронидан: 1 октябри соли 2010 Ороишот: газетаҳои деворӣ,байрақчаҳо. -Ҷонишини директор: Диққат! Диққат! Дар саф рост истед! Ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба «Рӯзи муаллим» кушода эълон менамоем. Хонандагони азиз! Биёед, дар зери садои мусиқӣ ва […]

Continue Reading

Хаёлпараст.

Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мекард. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш жола борад ҳам аз ҷояш намехест. […]

Continue Reading

Вазири зирак.

Боре дар мамлакате хушксолӣ омад. На барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасида ва ҳосили деҳқон нодаравида монд. Гуруснагӣ омад, байни мардум муромурӣ cap шуд. Подшоҳ, аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука афтода, намедонист, ки чӣ кор кунад ва мардумашро аз марг чӣ гуна наҷот диҳад. Бисёр фикр кард, вале […]

Continue Reading

Нахӯтак.

Буд, набуд, дар як деҳае деҳқоне бо занаш зиндагӣ мекард. Онҳо фарзанд надоштанд. Барои ҳамин зиндагии онҳо бо ғаму ғусса мегузашт. Боре дари ҳавлии онҳоро пирамарди ришсафеди ришдарозе так-так мекунад. Деҳқон дари ҳавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад. Зани деҳкон ҳамон замон дастархони пурнозу неъматро паҳн кард. Дар чойники пурнақш чои кабуд овард, пиёлаи […]

Continue Reading

Бузу гӯсфанду гӯсола.

Як бузи кӯтурро соҳибаш ба замини беда cap дод. Чанд рӯз чарида буд, ки буз кам-кам мӯй баровардан гирифт. Рӯзе дар бедазор як гӯсфанди кӯтур пайдо шуд. Бузак давида омаду гӯсфандро шох зад. Гӯсфанд гуфт: -Ҷӯра, маро назан, ман кӯтур шудагӣ соҳибам ин ҷо оварда монд, ки алафи тоза хӯрам. Ту аз як тараф хӯрдан […]

Continue Reading

Ҷазои ҳилагар

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд, рӯбоҳи айёр буд, ба хӯрдан тайёр буд, тоқати кор кардан надошт, aз меҳнат безор буд. Як pӯз аз танҳоӣ зиқ шуду ба сари роҳ баромада бо сангпушту мӯрча вохӯрд. -Ту кӣ? – пурсид аз сангпушт! -Мана мепурсӣ? Ман сангпушт. — Ин ҷонварак чӣ? — Рӯбоҳ мӯрчаро нишон дод. Ин дӯсти […]

Continue Reading

Мурғобича.

Дар як рӯзи хуби тобистон, мурғобие, ки дар назди девори ҳавлии соҳибаш лона сохта буд, ҳис кард, ки тухмҳои дар зераш буда ҷунбида истодаанд. Аз онҳо овозҳои маҳину борик баромаду ҳар яке фарёд мезад ва яке аз дигаре пештар сар ба берун меовард. — Ҳама баромада шуд? — пурсид модарашон ва ҳар кадомеро назорат мекард.- […]

Continue Reading

Ҷавони Шоҳномахон

Дар як мадрасаи Бухоро ҷавони қашшоқе таҳсил мекард. Азбаски ӯ ба хондан шавқи бисёр дошт, ба ҳар азобу душворӣ тоқат мекард. Рӯзе шуд, ки на дар ҳамёни ӯ пул монду на дар ҳуҷрааш хӯрдание. Ҳамин ҳол чанд вақт давом кард. Ҷавон чӣ кор карданашро надониста, баъди фикру ҳаёл тадбире андешид: китоби «Шоҳнома»-ро гирифта ба кӯча […]

Continue Reading

Деҳқони камбағал.

Як деҳқони камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди деҳқон хурсанд шуда, кӯзаро ба халта андохта пинҳон кард. Пинҳон карду cap бардошта дар раҳе, ки […]

Continue Reading

Хаёлпараст

Буд-набуд, як кампир буд, дар бисоташ фақат як писар дошт. Вай чунон танбалу нокора буд, ки ба гуфтан рост намеомад. Кораш аз нишастану хобидан иборат буд. Поёнро обу болоро сел ба- рад, парво надошт. Ин аҳвол ба ҷони кампир расиду як рӯз ба писараш гуфт: -То кай ин хел шаб ҳангию рӯз бангӣ шуда хоб […]

Continue Reading

Аввал пурси, баъд кушиш

Мамлакате буд миёни мамлакатҳое, ки дар ин олам кам нестанд. Дар он мамлакат як сол на барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасидаву нодаравида монд, хушксолӣ пеш омаду гуруснагӣ, байни мардум муромурӣ cap шуд. Мамлакат мисли ҳар мамлакати дигар подшоҳе дошту подшоҳ вазир. Подшоҳ аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука […]

Continue Reading

Афсона — Аҷали хирсу ҳасуд

Буд-набуд, ду ҳамсоя буд. Ба ҳам дӯст буданд он ду ҳамсоя. Баъд кори як ҳамсоя омад кард. Одами зираку кордону бағайрат, ки буд, пул меёфт, чизу чора харида, боғ обод кард, иморатҳои баланду зебои хишткорию чӯбкорию пур аз нақшу нигор сохт! Мардум медиданду ҳавасашон меомад. — Ана зисту зиндагонию ана ҷоҳу ҷалол! — мегуфтанд мардум. […]

Continue Reading

Афсона — Давлат чист

Буд-набуд, як марди бадавлат буд. Се писар дошт ӯ. Рӯзе нисбати ин хонадон байни ду ҳамсояи ӯ гуфтугӯ ба амал омад: — Ҳамсоя, мо ҳам мисли ҳамин ҳамсояамон заҳмат мекашем, кор мекунем, ҳамеша дар тараддуд, вале сабаб чӣ бошад, ки ӯ бадавлат асту мо не? — Инро аз худи давлат пурсидан лозим, — гуфт ҳамсоя. […]

Continue Reading