Аттори Нишопурӣ — Асрорнома

Пешгуфтор   «Асрорнома» монанди осори дигари ин адиби маъруф аз тасаввуф, бахусус аз худшиносиву маърифати Инсон баҳс меорояд, одамонро аз рўзгори гузарон ва нопойдории умри равон сабақ медиҳад ва поку мубарро гузаронидани чанд рўзи ҳаётро талаққӣ менамояд.   «Асрорнома» аз дувоздаҳ мақола, ки ҳар мақола бо забони фасеҳу сода ва ҳикоёти мардумӣ оро ёфтаанд, иборат […]

Continue Reading

Аттори Нишопурӣ — Девони ашъор

Пешгуфтор Аттор асосан шоири ғазалсаро буда, дар осораш ғолибан ғазал мавқеи аввалиндараҷа дорад. Девони ашъори Аттор, ки 10 ҳазор байтро фаро мегирад, дақиқан, 9 ҳазору 943 байт аст ва дар ин миён асосан ғазал 873-адад, қасида 30-то, тарҷеот 6-то, рубоиёт 5-ҳазор то ва ғ. Аз ин миён наздик ба ҳазор ғазалу қитъа аст, ки адабиётшиносон […]

Continue Reading

Аттори Нишопурӣ-Мантиқ-ут-тайр

  «Мантиқ-ут-тайр» (нутқи парранда) асари тамсилӣ-рамзӣ буда, аз 4600 байт иборат аст. «Мантиқ-ут-тайр»-ро ҳатто ҳамосаи ирфонӣ гуфтаанд. Ин асар ҳамосаи рўҳи ҷўянда буда, толибони маърифати ҳақ ҳастанд. Аттор дар ин маснавӣ аз мароҳили сулук (роҳҳои расидан ба камол – ба дараҷаи Инсони комил ва ниҳоят ба асл — ба Худо) – «ҳафт водӣ» ё ба […]

Continue Reading

Аттори Нишопурӣ-Мухторнома

Пешгуфтор   «Мухторнома» маҷмўи рубоиёти Аттор аст, ки ба дасти худи ў аз рўи мавзўъ дастабандӣ ва мураттаб шуда ва фарогири панҷоҳ боб аст доир ба ишқ, тавҳиду ҳайрат, кўшишу дарёфтани умр ва ғайра. Аттор худ дар муқаддимаи китоб ишора мекунад, ки маҷмўан шаш ҳазор рубоӣ суруда ва аз он ҳазор байтро барои ҳифзи асрор […]

Continue Reading

Аттори Нишопурӣ-Мусибатнома

Пешгуфтор «Мусибатнома» аз 7535 байт иборат буда, Шайх онро дар муддати хеле кӯтоҳ, дар дӯкони атториаш навиштааст: «Мусибатнома», к-андӯҳи ҷаҳон аст, «Илоҳинома», к-асрори аён аст. Ба дорухона кардам ҳар ду оғоз, Чӣ гӯям, зуд растам з-ину он боз. Дар бораи «Мусибатнома» ном гирифтани асар Аттор чунин мегӯяд: Дар ҳақиқат мағзи ҷон полудаам, То напиндорӣ, ки […]

Continue Reading

Аттори Нишопурӣ-Тазкиратулавлиё

Пешгуфтор «Тазкиратулавлиё» ёдномаи муҳиббони Худо ва қиссаи ошиқони кибриёст.  Ин асар, ки насре гарм ва пуршўру ҳол ва сода ва бетакаллуф дорад, достони зиндагӣ ва шарҳи аҷоиби аҳвол ва латоифи гуфтори наваду шаш тан аз машоихи бузурги тариқати сўфиён аст, ки дар миёни онҳо «наҳангони дарёхор» (орифони бузург) чун Боязиди Бастомӣ, Ҳусайни Мансури Ҳаллоҷ, Шайх […]

Continue Reading

Аттори Нишопурӣ — Футувватномаи Манзум

Ало! Эй ҳушманди хубкирдор, Бигўям бо ту рамзе чанд аз асрор. Чу дониш дориву ҳастӣ хирадманд, Биомўз аз футувват нуктае чанд. Ки то дар роҳи мардон раҳ диҳандат, Кулоҳи сарварӣ бар сар ниҳандат. Агар хоҳӣ шунидан гўш кун боз, Замоне бош бо мо маҳрами роз. Чунин гуфтанд пирони муқаддам, Ки аз мардӣ задандӣ дар миён […]

Continue Reading

Аттори Нишопурӣ

Бузургтарин мутафаккир ва шоири сўфӣ Шайх Фаридуддин Абўҳомид Муҳаммад ибни Абўбакри Иброҳим Аттори Нишопурӣ соли 540 ҳиҷрӣ (соли 1146 мелодӣ) дар деҳаи Кадкани Нишопури Эрон ба дунё омадааст. Номи ў Муҳаммад буда, дар ин бора ишораҳои зиёде дорад. Чунончи, дар «Мусибатнома» ном асари худ мегўяд: Он чӣ онро сўфӣ он гўяд ба ном, Хатм шуд […]

Continue Reading