Эй даҳр…

Умари Хайём маҳсули афкори иҷтимоӣ ва фалсафии асри XI ва XII мебошад. Аз ин ҷост, ки дар оинаи ақли хеш замони хешро аксандозӣ мекунад. Азбаски дар он замон на ҳар гуна суханро метавонист ошкоро бигўяд, бо сохтани ибораҳои халосгар «эй даҳр», «эй чарх», «фалак», «давр», «лайлу наҳор», «қавм», «доранда» ва ғайра ақидаҳои пешқадам ва фошгари … Читать далееЭй даҳр…

Мақоми Инсон

Хайём худ тимсоли ҷовидона, мураккаб, зебо ва дилпазири рубоиҳои худ буда, дар сатрҳои кўтоҳ — кохҳои забарҷадии мунаққашу оддиэҷоду олимазмун аввал Инсонро бо муҳаббати бузург ситоиш намуда, онро бо худаш шиносонида: Мақсуд зи кулли офариниш моем, Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем. Ин доираи ҷаҳон чу ангуштариест, Беҳ ҳеч шак(к)е, нақши нигинаш моем. Чун инсон … Читать далееМақоми Инсон

Маргу зист

Ибрози назар оид ба масъалаи маргу зист мураккабу нозук аст. Дарк мекунем, ки Инсон бузургтарин офаридаи табиат мебошад. Замин гаҳвораи аҷзу ниёз, гиру дор, такопў, ҳарбу зарб, набардгоҳи шоҳу гадо, кору пайкори неку бад, маргу зист, шодиву ғам, хунистони гўёи безабон, биҳишту дўзахи оламиён аст, онест, ки ҳамаро ба оғўши худ ҷой медиҳад: баду хуб, … Читать далееМаргу зист

Қаноат ва некукорӣ

Мавзўи дигаре, ки дар ашъори Хайём ба чашми мо бархўрд, панд додан дар хусуси фузунӣ наҷустан — ҳариси молу чиз набудан, балки дил ба даст овардан аст. Чун вориди рубоиёти Хайём мегардем, осорхонаи хаёл, тасвирхонаи мунаққаш, сеҳрхонаи килки мафтунгари худовандӣ, адабгаҳи хирад, даргоҳи бениёз, муаммогоҳи сипеҳр, гулистони ҳамешасабз, муқаддаскадаи бузургдоштаи инсониро мебинем. Агар байти зери … Читать далееҚаноат ва некукорӣ

Рози сипеҳр

Рози сипеҳр мавзўест доманадор, мураккаб, пурмаъно ва дарки шарҳу баёнаш душвор. Гирди ин мавзўъ ҳар ҷо — ҳар ҷо сухане ба чашм мехўрад. Вале мавзўъ ҳал ношуда. Мо низ ҳалли онро бар дўш намегирем. Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад. Мепиндорам, ки сипеҳр ба муроди инсонҳои асил, заҳматкаш, бахусус муздуру раззоқу сонеъ, рўшандилу озодандеш, … Читать далееРози сипеҳр

Манзури Хайём аз шароби ноб чӣ чизе буда?

Дар эҷодиёти Хайём тавсифи май мақоми хоса дорад. Ин намунаи закои инсонӣ алайҳи мутаассибони гузарое, ки баҳри ақли инсониро занҷирбанд, дилашро аз хушиҳои ҳаёт сард, дасташро дар доманаи фалак муаллақ мондану дар ҷони тираашон ғашдоруи ороминогузор рехтан мекўшиданд аз ин тимсоли аҷиб — образи май бо камоли маҳорату ҳунармандӣ истифода бурд. Пеш аз Хайём низ … Читать далееМанзури Хайём аз шароби ноб чӣ чизе буда?

Дар базми бодагусорон

Чаро бузургтарин шуаро амсоли Хайём ва тавонотарин абармардони тавсифкардаи шуарои яздонқудрат дар лаҳзаҳои дар чорсўи зиндагӣ ҳайрону «нотавон» монданашон, дар ҳолатҳои дар ҷисми худ гунҷида натавонистан, заминро сахту осмонро баланд пиндоштан, додрасу додхоҳу додгоҳу муаммокушои роз наёфтан, бо фалаку сипеҳру «Яздон» даст ба гиребон шудану таслим нашудан, сари фарозу ғурур паст накардан, ҳеч илоҷе наёфтан, … Читать далееДар базми бодагусорон