Шоҳнома — Ҳалоки Рустам

Барои мо ровии достонҳои қадимаи халқҳои эронинажод Фирдавсии бузург аст. Ба навбати худ ў низ ровиён доштааст, ривоятҳои аксари ровиёни шоир пеш аз ў дар «Шоҳнома»-и мансур дарҷ шуда будаанд, ки сарчашмаи асосии асари ҷовидонии Фирдавсӣ ҳамон китоб мебошад. Аммо шоир баъзе достонҳоро аз забони гўяндагон ва ноқилони зиндаи халқӣ низ шунида ба назм даровардааст, … Читать далееШоҳнома — Ҳалоки Рустам

Шоҳнома — Фоҷиаи Маздак

Дар замони подшоҳии Қубод дар Эрон аз байни халқ Маздак ном марди доно ва суханваре падид омад, шоҳ ўро вазири худ кард. Боре хушксолӣ рўй дод, зимистони камбарф омад, баҳору тобистон дар ҳаво тиккаи абре пайдо набуд, қатра бороне наборид; тухми ҷаву гандум майса шуду хушкид, ғўраи меваҳо пажмуриду рехт; дар дашту саҳро алаф норасида … Читать далееШоҳнома — Фоҷиаи Маздак

Дар ҳаҷви султон Маҳмуди Ғазнавӣ

Фирдавсӣ ва Султон Маҳмуд ё худ низоъи шоир ва шоҳ. Пешгуфтор «Шоҳнома» натиҷаи заҳмати 35-солаи Фирдавсӣ мебошад, ки на танҳо худи шоир, балки ҳукумати Сомониён ҳам барои таълифи он манфиатдор буд, вале дареғо, ки кор шакли дигар гирифт. Фирдавсӣ мегӯяд, ки: Ман ин нома фаррух гирифтам ба фол, Ҳаме ранҷ бурдам ба бисёр сол. Ки … Читать далееДар ҳаҷви султон Маҳмуди Ғазнавӣ

Дар ситоиши Фирдавсӣ

Ҳайнрих Ҳайне I Дар ин дунёи ноҳамвори каҷрав Якеро нуқраю зар бешумор аст, Дигар дар зери бори фоқа умре Ба як пули сиёҳи тоқ зор аст. Валекин назди шоҳи масту мағрур Фақат зар эътибору қадр дорад: Агар бахшанд, зар бахшанд шоҳон, В-агар гиранд, зар гиранд шоҳон. Ҳамин расми шаҳон аз даври дунё Барои пиру барно … Читать далееДар ситоиши Фирдавсӣ

Абулқосими Фирдавсӣ — Андешаи Ватанпарварӣ

Адабиёти форсӣ дар осмони фарҳанги ҷаҳонӣ ба сони хуршед аст ва кам халқеву миллатеро дар рубъи маскун метавон пайдо намуд, ки ба торикистон зиндагии эшон фурӯғи ҷовидонаи ин хуршед натобида бошад. Адабиётест гаронарзиш ба эътибори ғоя, бадеият ва фарогирии мазмунҳои умумибашарӣ, ки намояндагонаш дар радифи сухансароёни ҷаҳон инсонҳоро аз зулмати ҷаҳолат ба рӯшанистон ва ҷовидон … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — Андешаи Ватанпарварӣ

Абулқосими Фирдавсӣ — Ғояи асосии «Шоҳнома»

Ғоя, яъне идея фикри муайянест, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳаёт, инсон ва ашё баёy мешавад. Пас ғояи асосии «Шоҳнома» чист? Фирдавсӣ дар ин асари худ, асосан кадом ғоя — идеяро талқин кардааст? Адибони бузург ба воқеаю ҳодисаҳои замони худ бетараф буда наметавонанд. Онҳо ба он ҳодисаю воқеаҳо бодиққат назар намуда, тарафҳои неку бади он ҳодисаро … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — Ғояи асосии «Шоҳнома»

Абулқосими Фирдавсӣ — Дар ситоиши хирад ва дониш

Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад. Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос, Хирад мояи зиндагонӣ шинос. Хирад раҳнамою хирад дилкушой, Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой, Аз ў шодмонию з-ў мардумист, Аз ўят фузунию з-ўят камист. Хирад тираву марди равшанравон Набошад ҳаме шодмон як замон, Чӣ гуфт он ҳунарманд марди хирад, Ки доно зи … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — Дар ситоиши хирад ва дониш

Абулқосими Фирдавсӣ — Андарзҳо

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ним кирдор нест. Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд. Дилат гар ба роҳи хато моил аст, Туро душман андар ҷаҳон худ дил аст. Касе, к-ӯ наҷӯяд саранҷоми хеш, Наёбад зи гетӣ ҳаме коми хеш. Зи нерӯ бувад мардро ростӣ, Зи сустӣ … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — Андарзҳо

Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома»

«ШОҲНОМА» ВА ҚИСМАТҲОИ АСОСИИ ОН «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ достони бемисли қаҳрамонӣ буда, аз 60 ҳазор байт иборат аст. Вазни «Шоҳнома» оҳанги ҷанговарона дорад. Агар афоили онро бо шиддат талаффуз кунем, як навъ оҳанги марш пайдо мешавад, аз ин вазн садои мусиқии ҳарбӣ, овози нағораи ҷанг, зарбаи пои аскарон ва ба таври ҳарбӣ баробар қадам задани онҳо … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома»

Абулқосими Фирдавсӣ — Шоҳбайтҳо

Биноҳои обод гардад хароб, Зи борону аз тобиши офтоб. Пай афгандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд. Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад, Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад. Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам, Ки тухми суханро парокандаам. Ҳар он кас ки дорад ҳушу ройу дин, Пас аз марг … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — Шоҳбайтҳо

Абулқосими Фирдавсӣ — Зиндагинома

Эҷодкори асари безавол — «Шоҳнома» Абулқосими Фирдавсӣ соли 934 дар Хуросон (дар шимоли шарқии Эрони имрўза) дар деҳаи Божи вилояти Тўс таваллуд ёфтааст. Номи пурраи шоир Абулқосими Мансур бинни Ҳасани Фирдавсист. Мансур номи аслии ў буда, Фирдавсӣ тахаллус ва Абулқосим куняи шоир мебошад. Падару бобои Абулқосим аз деҳқонони он деҳ буда, орому осудаҳолона зиндагӣ мекарданд. … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — Зиндагинома