Симои Юсуф.

Накши Юсуф (а) дар таърихи адабиёти форс-тоҷик бемисл ва муқоисанашаванда аст. Ў ба ҳарамсарои Зулайхо оварда мешавад ва ҳатто бо дахолати Зулайхо канизакҳо бо ў нияти ишқварзӣ мекунанд, вале ин ҳама ҳиссиёти ўро заррае ангезиш намедиҳад. Пурсида мешавад, ки чаро? Барои он ки ў аз хонадони набавист ва бандаи нафсу ҳиссиёти дигар нест. Вай вуҷудан … Читать далееСимои Юсуф.

Образҳои достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

 Образҳои достон низ хеле ҷолибанд. Ду образи марказии асар-нақшхои Юсуф (а) ва Зулайхо аст. Образҳои фаъоли дигар Яъқуб(а), хоҳари бузурги Яъқуб(а), ки ў низ сидқан Юсуфро (а) ҳамчун модар дўст медорад ва ҳастиашро бе ҳастии бародарзодааш тасаввур карда наметавонад. Ҳатто чун ба таври ошкоро ба мақсад расидани хешро пайдо намекунад, пас бо роҳи макр ба … Читать далееОбразҳои достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Cабаби назми китоб.

Нахли баёни фазилати ишқ бастан ва шохчаи оғози сабаби назми китоб ба он пайвастан Дили фориғ зи дарди ишқ дил нест, Тани бедарди дил ҷуз обу гил нест. Зи олам рӯят овар дар ғами ишқ, Ки бошад оламе хуш олами ишқ. Ғами ишқ аз дили кас кам мабодо, Дили беишқ дар олам мабодо! Фалак саргашта … Читать далееCабаби назми китоб.

Дар фазоили сухан.

Дастаи гул аз чамани фазоили сухан чидан ва риштаи тамом сабаби назми китоб бар он печидан. Сухан дебочаи девони ишқ аст, Сухан навбоваи1 бӯстони ишқ аст. Хирадро кору боре чун сухан нест, Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест. Ба олам ҳар чӣ аз навву куҳан зод, Чунин гӯяд сухандон, к-аз сухан зод. Сухан аз кофу нун … Читать далееДар фазоили сухан.

Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Шоир ёде аз пайғамбарон намуда: Одам, Шис, Идрис, Нўҳ, Халилуллоҳ, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф, ки ёздаҳ бародар дорад, дар ибтидо зикр мекунад. Баъд аз ҳамин лаҳза достон оғоз мешавад, ки чун Яъқуб(а) аз Шом ба Канъон омаду муқимӣ шуд, завҷааш фарзанди охиринаш- Бинёминро таваллуд намуд. Роҳил модари Юсуф ҷаҳони фониро падруд гуфт. Дар ин муддат Юсуф(а) … Читать далееМазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Тавзеҳи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Шояд дар олам мисли қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» қиссаи ҷонгудозу ҷигарсўзе набошад, зеро ба таъсирнокии ин қисса китобҳои муқаддаси «Таврот» ва ба хусус «Қуръон» таъсири бештаре зам намуд ва баъд ба эҷоди бадеъ роҳ ёфт. Маснавии «Юсуф ва Зулайхо» асари ишқӣ буда, ҳанўз дар ибтидо бо номи «Аҳсан-ул-қассас» («Беҳтарин қиссаҳо») машҳур аст ва ҳатто аз … Читать далееТавзеҳи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Тавзеҳи «Тӯҳфат-ул-аҳрор»-и Ҷомӣ.

Ин достон сеюмин достони «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ буда, он дар пайравии «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ ва «Матлаъ-ул-анвор»-и Хусрави Деҳлавӣ навишта шудааст. Ҳамчунон ки аз номи маснавӣ пайдост, асар ба Хоҷа Аҳрор эхдост ва дар баҳри сареъи мусаддаси матвии макшуф ё мавкуф таълиф гардидааст. Санаи таълифи асар соли 1481 буда, теъдоди абёти маснавӣ 1712 байт аст. Маснавии мазкур … Читать далееТавзеҳи «Тӯҳфат-ул-аҳрор»-и Ҷомӣ.

Панди Ҷомӣ ба писараш Юсуф.

Эй шаби уммеди маро моҳи нав! Дидаи бахтам ба ҷамолат гарав. Аз паси сӣ рўз барояд ҳилол, Рўй намудӣ ту пас аз шаст сол. Соли ту чор аст ба вақти шумор, Чори ту чил боду чилат бод чор… Мекунам аз хомаи ҳикматнигор Баҳри ту ин номаи ҳикмат нигор. Гарчи туро нест кунун фаҳми панд, Чун … Читать далееПанди Ҷомӣ ба писараш Юсуф.

«Дар ишорат ба ишқ»-и Ҷомӣ.

Дар ишорат ба ишқ, ки шўри он намаки хони ҷигархўрон аст ва ҷароҳати он роҳати ҷони дилфигорон Равнақи айёми ҷавонист ишқ, Мояи коми ду ҷаҳонист ишқ. Майли таҳаррук ба фалак ишқ дод, Завқи таҷарруд ба малак ишқ дод. Чун гули нон бўи таашшуқ гирифт, Бо гили тан ранги тааллуқ гирифт. Робитаи ҷону тани мо аз … Читать далее«Дар ишорат ба ишқ»-и Ҷомӣ.

Ҳикояти «Ошиқи булҳавас».

Булҳавасе бар сари роҳе расид, Ҷилвакунон чордамоҳе1 расид. Ҳола шуда гирди қамар маъҷараш2, Хайма зада бар маҳу хур3 чодараш. Нағмасаро ҷунбиши халхоли4 ў, Нофакушо зулф зи дунболи ў. Наъра баровард, ки : «Эй худпараст! Пой макун тез, ки рафтам зи даст. Аз ту ба фарёд шудам, ҳамнафас, Роҳи карам гиру ба фарёд рас!» Тозасанам чу … Читать далееҲикояти «Ошиқи булҳавас».

Ҳикояти «Кашаф ва ду бат»

Баст ба сад меҳр бар атрофи Шат1 Ақди муҳаббат кашафе2 бо ду бат3. Шуд ба фароғат зи ғами рўзгор Қоидаи сўҳбаташон устувор. Рўзе аз он ҷо фалаки ростхўй Гашт зи бемеҳриашон кинаҷўй. Табъи батон аз лаби дарё гирифт, Рои сафар дар дилашон ҷо гирифт. Кард Кашаф нола, ки: Ай ҳамдамон, В-аз алами фурқати ман беғамон! … Читать далееҲикояти «Кашаф ва ду бат»

Тавзеҳи «Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ.

Яке аз шевотарин достонҳои адабӣ-ишкии форс-тоҷик, ки дар зарфи панҷ карни охир мавриди таваҷҷуҳи доимии аҳли адаб будааст, маснавии «Саломон ва Абсол»-и Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Достони «Саломон ва Абсол», ки матни чопи он соли 1913 (Тошканд) ба назари ахли илм расидааст, камҳаҷмтарини мас-навихои «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ буда дороӣ 1108 байт аст. Аммо да;р баъзе … Читать далееТавзеҳи «Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ.

«Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ

Ишорат ба он ки мурод аз ин қисса сурати  қисса нест, балки мақсуд аз он маънии дигар аст, ки баён карда хоҳад шуд. Бошад андар сурати ҳар қиссае, Хӯрдабинонро зи маънӣ ҳиccae. Сурати ин қисса чун итмом ёфт, Боядат аз маънии он ком ёфт. Вазъи инро роҳдоне дигар аст, К-ӯ ба сирри кор роҳ овардааст. 3-он ғараз … Читать далее«Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ

«Сабҳат-ул-аброр»(«Донаҳои накӯкорон»)-и Ҷомӣ

Маснавии мазкур достони чаҳоруми «Ҳафт авранг» буда, дар баҳри Рамали мусаддаси махбуни махзуф ё мақсур навишта шуда, аз 2885 байт иборат аст ва таълифи он соли 1482 иттифоқ афтодааст. Шоир ба хусус дар васфи сухан хеле ҷаҳд кардааст ва муқаддас будани суханро таъкид ба таъкид арз мекунад: Дар булӯрин садафи чархи куҳан, Нест воло гуҳаре … Читать далее«Сабҳат-ул-аброр»(«Донаҳои накӯкорон»)-и Ҷомӣ

Сидқ — ростӣ, росткорӣ (сабҳат-ул-аброр).

ДАР СИДҚ1 Эй гарав2 карда забонро ба дурўғ, Бурда бўҳтон3 зи каломи ту фурўғ4! Ин на шоистаи ҳар дидавар5 аст, Ки забонат дигару дил дигар аст. Аз раҳи сидқу сафо дурӣ чанд? Дили қирӣ6, рухи кофурӣ7 чанд? Рўй дар қоидаи эҳсон8 кун! Зоҳиру ботини худ яксон кун! Якдилу якҷиҳату якрў бош В-аз дурўёни ҷаҳон яксў … Читать далееСидқ — ростӣ, росткорӣ (сабҳат-ул-аброр).

Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф.

Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф Эй тозаназар ба лавҳи кавнайн, Чун мардуми дида қурратулайн1 Соли ту агарчи ҳафту ҳашт аст, Дилро ба ҳавот бозгашт аст. Ин лутф, ки дар сиришт дорӣ, Дорам ба Худой умедворӣ, К-он рӯз, ки сарбаланд гардӣ, Донодилу арҷманд гардӣ, Аз фазлу адаб диҳад қабулат, Дорад нигаҳ аз раҳи фазулат2, Шуғле, … Читать далееДар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф.

«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

Дар бевафоии олам ва суръати заволи ҳаёти фонӣ Гетӣ, ки нишемани завол аст, Осуда диле дар ӯ муҳол аст. Мотамкадаест тираву танг, Дар вай зи вафо на бӯй, не ранг. Ҳар гул, ки барояд аз гили ӯ, Чок аст зи хори ғам дили ӯ. Ҳар лола, ки бардамад зи боғаш, Бошад зи фано ба сина … Читать далее«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

Дар баёни ҳоли Маҷнун, ки вай аз сурати маҷоз ба маънии ҳақиқат расида буд ва аз ҷоми сурат шароби маънӣ чашида Хон, то набарӣ гумон, ки Маҷнун Бар ҳусни маҷоз буд мафтун. Дар аввал агарчи дошт майле Бо ҷуръакашӣ зи ҷоми Лайлӣ. Андар охир, ки гашт аз он маст, Афганд зи даст ҷому бишкаст. Мастеш зи бода … Читать далее«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

Дар маънии ишқи содиқон ва сидқи ошиқон Чун субҳ азал зи ишқ дам зад, Ишқ оташи шавқ дар қалам зад, Аз лавҳи адам қалам cap афрошт, Сад нақши бадеъпайкар ангошт, Ҳастанд афлок зодаи ишқ, Аркон ба заминфитодаи ишқ. Бе ишқ нишон зи неку бад нест, Чизе, ки зи ишқ нест, х(в)д нест. Ин сақфи баланди … Читать далее«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

Ақидаи Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд.

Ҷомӣ дар достон зимни образҳои Искандар ва Арасту муносибати устоду шогирдро бо камоли маҳорат нишон додааст. Адиб таъкид менамояд, ки ҳар як кас бояд ҳурмату эҳтироми устод, омўзгорро нигоҳ дорад. Арасту рўзе аз Искандар мепурсад, ки агар дар оянда подшоҳ шавӣ, ба ман чӣ хел муносибат мекунӣ? Чу мулки ҷаҳонат мусаллам шавад, Дар он поя … Читать далееАқидаи Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд.