Доруи мушкушак

Зани Мушфикй ба шавҳар таъна зада гуфт: — Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам дигар шавҳар барин ягон касбу кори фоиданок дошта бошеду… Мушфикӣ бисёр фикр карда, охир касби доруфуруширо мувофиқ ёфт. Вай як руз дар маркази бозор як халтача хокистарро монда: «Доруи мушкушак мефурушам, доруи мушкушак!» гуён фарёд задан гирифт. Ба харидорон аз ҳамон … Читать далееДоруи мушкушак

Абдураҳмони Мушфиқӣ — Шеърҳо

АЗ ҚИТЪАОТ ВА ЛУҒЗИЁТ Шабе бо суроҳ, ҳамегуфт шамъ. Ки, эй мояи маҳфилорои дўст, Туро бо чунин қадр пеши қадаҳ Суҷуде паёпай, бигў, аз чӣ рўст? Суроҳӣ ба ў гуфтӣ нашнидаӣ: «Тавозўъ зи гарданфарозон накўст». Азизоне, ки чун гул сурхрўянд, Намебинанд аз худ кам касеро. Замин шуд сифла баҳри он ки ҳар дам Ба хор, … Читать далееАбдураҳмони Мушфиқӣ — Шеърҳо

Абдураҳмони Мушфиқӣ — Ғазалиёт

АЗ ҒАЗАЛИЁТ Фитод аз лола оташ тавбаи парҳезгоронро, Ки оташбарг шуд қавсу қузаҳ абри баҳоронро. Чи гуна чоки гул дўзад сабо аз сўзани сабза, Ки дар ҳар ришта беш аз сад гираҳ афтода боронро. Бақое нест бедоди гулу фарёди булбулро. Басе гулҳо тамошо кардаму дидам ҳазоронро, Саги ў дар вафо аз худ маро камтар намедонад, … Читать далееАбдураҳмони Мушфиқӣ — Ғазалиёт

Абдураҳмони Мушфиқӣ — Қасоид

АЗ ҚАСОИД То қалам шуд сунбули тар дар саводи бўстон, Лола бар нохун қалам бинҳод баҳри имтиҳон. Гавҳари назме, ки шабнам баҳри гул иншо намуд, Булбул азбар карду ҳамчун об мехонад равон. *** Бед хандон асту дастомўзи мурғ(они) чаман, Варна аз баҳри чӣ мағзи писта дорад дар даҳон? Аз риёзатҳо, ки дар айёми бебаргӣ кашид, … Читать далееАбдураҳмони Мушфиқӣ — Қасоид

Абдураҳмони Мушфиқӣ

(1525-1588) Гуҳаршинос шудӣ, Мушфиқӣ, зи табьи биланд, Туро равост ба силки суханварон бастан ТАРҶУМАИ ҲОЛ   Абдураҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро соли 1525 таваллуд ёфтааст. Ватани аслии Мушфиқӣ Марв буда, падару бобояш баъдтар ба Бухоро омада, муқимӣ мешаванд. Аз ин рў, Абдураҳмон дар бисёр мавридҳо аз Марв будани худро ба хотир овардааст. Падари шоир аз мардуми миёнаҳоли … Читать далееАбдураҳмони Мушфиқӣ