Абӯалӣ ибни Сино – Донишномаи Алоӣ

Абўалӣ ибни Сино

      Шайхурраис китоби «Донишномаи Алоӣ»-ро ба забони модариаш, замоне ки дар Исфаҳон мезист, барои ҳомии худ амир Алоуддавла навиштааст. (Ин амири олимпарвар забони арабиро намедониста ва мегуфтааст, ки агар илмҳо ба форсӣ мебуданд, вай онҳоро медонист). Ў дар он аср илмҳоро, ки фалсафа дар бар мегирифт: мантиқ, табииёт, ҳайат (нуҷум), илоҳиёт, назарияи мусиқиро нахустин бор ба забони форсии дарӣ-тоҷикӣ баён кард. Чун пеш аз он дар ин илмҳо ба форсӣ-тоҷикӣ асар навиштан расм набуд, терминҳои илмӣ ҳам дар ин забон муқаррар нашуда буданд: Ибни Сино дар «Донишнома» ва дигар асарҳои ба забони дарӣ навиштааш нахустин бор барои забони модарии худ як силсила терминҳои илмӣ вазъ кард. Вай ин корро бо се усул мекард: ё калимаҳои муносибро аз забони зинда чида мегирифт, ё терминҳоро аз арабӣ ба форсӣ айнан (ба усули калка) тарҷима мекард, ё ки аз арабию форсӣ таркибе (калимаи мураккабе) месохт. Терминҳои вазъкардаи ў нишон медиҳанд, ки вай ба ин усули охир ин корро низ ниҳоят донишмандона, «буалиёна» анҷом додааст.

Устод Айнӣ дар рисолаи роҷеъ ба Ибни Сино навиштааш аз муқаддимаи «Донишнома» як порча иқтибос оварда, ба терминсозии Шайхурраис диққат мекунад ва мегўяд: «Мо дар ин чандсатра муқаддима мебинем, ки ин донишманди бузург мавзўъҳои илмиро чи қадар содда навиштааст, ин олими ҷаҳонӣ, ки ҳамаи таҳсил ва фаъолияти илмии худро дар забони арабӣ гузаронидааст ва дар бораи қоида, хусусият ва луғати араб даҳ ҷилд китоб таълиф кардааст, вақте ки хостааст ба забони модарии худ китобе таълиф кунад, чи қадар қобилияти забони илмӣ шудан доштани ин забонро — забони форсии тоҷикиро нишон дода тавонистааст»*.  Баъд Айнӣ ба ҷои ҷамъ — гирд, ба ҷои мизон — тарозу,  ба ҷои ашё — чизҳо,  ба ҷои ҳаракат — ҷунбиш,  ба ҷои мофавқуттабиа — берун аз табиат навиштани Ибни Синоро мисол меоварад.

Ин мисолҳоро давом додан мумкин аст. Инак, боз як силсила терминҳое, ки Ибни Сино бо усули дар боло зикршуда ба забони модарии худ назъ кардааст: ниҳод — вазъ ё ки ҳайат; андар расидан — тасаввур; гаравидан — тасдиқ; ҳамчанд — мусовӣ; чичизӣ — моҳият; ҷонвари гўё — ҳайвони нотиқ; ҷонисухангўё —нафси нотиқа; чандӣ — миқдор, идда, камият; к у н и ш  —  феъл;   басанда — кофӣ;  порагӣ — ҷузъ; гирд овардан — таълиф; ҳадди кеҳин — асғар; ҳадди меҳин — акбар; муқаддимаи кеҳин — суғро; муқаддимаи меҳин — кубро; сесў — мусаллас; паҳлуи сесў — залъи мусаллас; буридангоҳ — маҳалли тақотеъ;  зерин— асфал; забарин — аъло; созвор— мутаносиб ва мавзун; носозвор — ғайри мутаносиб ва номавзун; ҷунбиши бахост — ҳаракати билирода;  бурҳони чароӣ — далели лам;  бурҳони ҳастӣ — далели ан; огоҳӣ ҷустан — касби иттилоъ; ҷон— нафс, шох — фаръ; тадбири шаҳр — сиёсати мадан; тадбири худ — таҳзиб-ал-ахлоқ; илми барин — илми мовароуттабиа; илми зерин — илми табиӣ;  миёнгин — васат, авсат; омезиш — таркиб; илми ангориш — илми риёзӣ; моя — модда; гардиш — тағйир; пазиро — қобил; ҷунбишпазир — қобили ҳаракат; шояд буд — имкон; истода будан — қоим будан; тан — ҷисм; бурранда — қотеъ; дарозо — тўл; паҳно — арз; ситабро — умқ, захомат; берунӣ — арзӣ; гумон — шак; пайвастагӣ — иттисол;  гўй — кура;  рада — саф; раста;  истодабахуд — қоим ба нафс; чигунагӣ — кайфият; чорсў — мураббаъ; киӣ — матӣ; чандии пайваста — камияти муттасил; чандии гусаста — камияти мунфасил; бисёрӣ — касрат;  пора-пора шудан — таҷзӣ;  баробарӣ — муқобил; ҷузўйӣ (ҷузўй) —  ғайрият;  баробар — тақобул;  баробарии ҳасту нест —  тақобули салб ва эҷоб;  оромиш —  сукунбемиёнҷӣ  —  бевосита;  бакороварандаи фоил — иллати фоилияти фоил;  зиёнкор — музир (р);  андарёфта  — мадрак; ҷунбиши рост — ҳаракати мустақим; гарданда —  мутағайир;  ногарданда —  ҳаёти қобили тағйир;  пешӣ ва сипасӣ — тақаддум ва тааххур ва ғайра ва монанди  инҳо.

* Айнӣ, Куллиёт, 11, саҳ. 71—72.

 

Likes:
1 0
Views:
334
Article Categories:
Адабиёт

Leave a Reply