Шеърҳо барои дӯструякон!

ПАЗМОНӢ

Бузаки навзоди мо
Дар ҳавлӣ танҳо мондаст
Очабузро акоям
Саҳар ба чаро рондаст.
Аз ин сабаб бузича

Ҳар дам маъас мекунад
Бегоҳ очабуз ояд,
Маъасаш бас мекунад.
Модарам ба кор равад,
Ман ҳам мешудам гирён.
Модарам аз кор ояд,
Ман ҳам мешудам хандон

ТАРБУЗ

Модарам овард
Тарбуз аз бозор,
Мо хона мондем,
Вай рафт бар кор.
То омади ӯ

Додару хоҳар,
Карда ду тақсим
Хурдем баробар
Омад чу модар
Бегоҳӣ аз кор,
Бигуфто ба ман:
-Тарбузро биёр

Чун нест гуфтам,
Пурсид: Куҷо шуд?
Дар ишками мо
Гуфтам, ки ҷо шуд.
Ишкамчаҳоро ӯ
Молиду санҷид.
Тарбузчаҳоро
Ӯ диду хандид.

АЗ ҲАМА БЕҲТАР

Аз шаҳри дигар
Кардам телефон.
Гушакро гирифт
Ин дафъа Меҳрон
Аз ӯ пурсидам
Аҳволи модар,
Аҳволи падар,
Аҳволи хоҳар.
Гуфто дар ҷавоб
Нашав хавотир
Мо хама нағзем,
Худат макун дер.
Бобо, очаам
Аз ҳама беҳтар.
У шоколад дод
Ба ман ин саҳар.

ҚАЛАМИ БОБО

Бобочонам ҳар саҳар
Пеш аз мо хезад аз хоб.
Гирифта қоғаз, қалам,
У менависад китоб.
Чандто китоб навиштаст,
Акои ман медонад.
Гирифта аз рӯи раф,
Ӯ ҳар замон мехонад.
Аммо бобом бароям
Навиштааст китоб,
Китобчаҳои ранга

Мехонам ман аз ҳар боб.
Навис гӯям, мегӯяд
Забони бачча дигар.
Забони бачаҳоро
Ӯ намедонад магар?
Вақте бо ӯ гап занам,
Забонамро медонад
Қалами ӯ ранга нест,
Навишта наметонад.

МЕҲМОН

Ба хона меҳмон ояд,
Хурсандиям физояд.
Дастархон мешавад пур
Бо ноку себу ангур…
Хам хуришҳои бисёр
Модар мекунад тайёр.
Дар хона то меҳмон аст,
Меҳрубон хонадон аст.
Шухию бозӣ кунам,

Нозу арозе кунам,
Падар намезанад дам,
Маро намедиҳад ғам.
Модар бигашта дилтанг,
Маро намекунад ҷанг.
Мекунад сабру тоқат,
Гушамро наметобад.

ЧАРОҒИ ОСМОН

Як шаб чароғи
Хонаи мо мурд
Аз бечарогӣ
Зуд хоби ман бурд
Хестам саҳаргоҳ
Бидидам осмонӣ
Ҳар гушаи он
Равшан чароғон.
Монанди қандил
Буд моҳи тобон.
Шодона гуфтам:
Чароғи осмон!

ФАЙЗИ САҲАР

Ман ҳам чу бобом
Шудам саҳархез.
Модар нагуяд
Маро дигар: Хез!
Бобоям кунад
Сила сару му.
Модарам бофад
Муямро хушру.
Хамроҳи падар
Меравам ба кор.
Дар боғча дорам
Ман кори бисёр.
Ба пешвоз ояд
Мураббӣ аз дар
Хандон барояд
Офтоби саҳар

АЛВОНЧАК

Боде вазон шуд
Аз суйи кӯҳсор,
Алвонҷ аз он хӯрд
Шохи сафедор.
Дар нӯги шоха
Биншаста майна,
Алвонҷ мехӯрд
Пайваста майна.
Гуё, ки шоха
Алвончакаш буд,
Алвонҷ хӯрда
Буд майна хушнуд.
Алвончаки ӯ
Буд сабзу зебо.
Бар раҳгузарҳо
Боби тамошо!

Leave a Reply