Саволҳои математика — синфи 4

1) Дар гармхона аз 1 м2 30 кг бодринг ҷамъ оваранд. Чанд килограм бодринг ҷам оварда мешавад, агар 2 қатори росткунҷаи дарозиаш 10 м ва бараш 1 м бошад?

2) Талабаҳо ба осорхона соати 11 рафтанд. Рафту омад ба осорхона 1 соат ва тамошо дар осорхона 1 соату 10 дақиқа вақт гирифт. Талабаҳо соати чанд баргаштанд?

3)  Ҳикоя аз 150 саҳифа иборат аст. Талаба 5 рӯзи аввал дар 1 рӯз 18 саҳифа хонд. Баъд дар 1 рӯз 20 саҳифа хонд. Талаба дар чанд рӯз ҳикояро хонда тамом кард?

4) 700:x=7•100

5) 10 км 875 м + 925 м = ?

6) 8 м2 26 дм2 + 74 дм2 = ?

7) Дар вақти саёҳат ба автобуси якум 48 нафар ва ба автобуси дуюм 6 нафар камтар талабагон нишастанд.  Чанд талаба аз автобуси якум ба автобуси дуюм гузаштанаш даркор аст, ки автобусҳо мусофири баробар дошта бошад?

8) 962000 : 740 =

9) Вазни керосин бо зарфаш 350 г аст, ва монанди ҳамин зарф бо асал 500 г аст. Вазни зарфи холи чӣ қадар аст, агар вазни керосин аз асал 2 маротиба камтар бошад?

10) Кадом аз онҳо сабук ва ба чӣ қадар?
6 қутти конфет ва ҳар як қуттӣ 33 кг
ёки 5 қутти вафли ва ҳар як қуттӣ 35 кг

11) Арғамчин 360 м мебошад ва 4 маротиба бештар аз дигар арғамчин. Дарози арғамчинҳоро ҳисоб кунед.

12) Адади номаълумро 3 маротиба зиёд намуда, пас ба 2 тақсим кунем, адади 60 ҳосил мешавад. Адади номаълумро ёбед?

13) Лимӯро ба қуттиҳои хурди 10 килограммӣ андозанд 12 қуттӣ даркор, агар ба қуттиҳои калони 20 килограммӣ андозанд чанд қуттӣ лозим мешавад?

14) (x+750)-287=980

15) (12370-6370):300+5986

16) Ошпаз ду дона тухмро ба оби ҷӯш андохт ва дар 12 дақиқа пухт. Ошпаз шаш дона тухмро дар чанд дақиқа мепазад?

17) 143 • (75698 — 63449) — 4383 = ?

18) 5537 — 49122 : 9 + 44528 : 968 · 1809 : 3618

19) x:7=323-299

20) Модар барои фарзандони худ конфетҳо монд. Аввал аз мактаб баробараш омад ва ними конфетҳоро гирифта ба берун рафт. Баъд хоҳараш аз мактаб омад. Фикр кард, ки бародараш ҳоло конфет нагирифтааст, ними конфетҳои мондагиро мехӯрад. 3 то конфет боқимонд. Ҳамагӣ чандто конфет буд?

21) Дарозии айвон 16 м, бараш 6 м аст. Барои ранг кардани фарши айвон 6 қуттӣ ранг хариданд, ки ҳар кадомаш 3 кг буд. Агар ба 1 м2 250 грамм ранг шавад, оё рангҳои харидашуда барои ранг кардани фарши айвон мерасад? 6 қуттӣ ранг ба чӣ қадар масоҳат мерасад?

22)  Дар синф 25 талаба ҳаст ва онҳо ба як қатор рост истоданд бо тартиби: духтар, писар, духтар ва ҳамин ҳел давом дод. Дар синф чанд писар мавҷуд аст агар дар қатор якум духтар истода бошад?

Likes:
3 0
Views:
496
Article Categories:
Математика

Добавить комментарий