khabib nurmagamedov
Ичтимои,  Навгони

РӮЗНОМАНИГОРРО БАРОИ ТАНҚИДИ ҲАБИБ НУРМАГОМЕДОВ БА МАРГ ТАҲДИД КАРДАНД

Рӯзноманигор ва нависандаи рус Олег Кашин гуфт, ки доираи мухлисон ва ҷомеаи Русия ӯро ҷиҳати дағалона сухан гуфтанаш нисбати қаҳрамони Чемпионати Мутлақ (UFC) Ҳабиб Нурмагомедов таҳдид мекунанд. Кашин дар як баромадаш гуфта буд, ки “Нурмагомедов бо муҳорибаҳои худ Русияро дар арсаи байналмилалӣ бадном мекунад”. “Изҳороти ман дар бораи санъати омехтаи ҷангӣ ва Ҳабиб Нурмагамедов боиси хашми мухлисон ва аҳолӣ шуд. Ҳатто роҳбарияти мағозаи “Папах Мир” маро ҳатто ба марг таҳдид мекунад” – гуфт рӯзноманигор дар суҳбат бо хабарнигори “Комсомольская правда”.
Ӯ инчунин шарҳ дод, ки чаро вай дар бораи қаҳрамони Русия ин қадар дағалона сухан гуфт. «Ба назарам, ман бояд гуфтаҳоямро шарҳ диҳам, зеро метарсам, ки баъзе одамони беақл ва ба ман барои интиқоди шадидам аз Нурмагамедов зарари ҷисмонӣ расонида метавонанд. Ин тарс барои ман ҳамчун рӯзноманигор таҳқир аст. Ман ба касе, ки ҳамроҳам бо таҳдид ва сухани бад муроҷиат мекунад, бо сухани хуш ҷавоб медиҳам. Ман рӯзноманигорм ва медонам, ки сухан ҳамеша аз ҳама гуна пӯлод ва ҳатто мушт пурқувваттар аст. Инро исбот мекунам”, – илова кард Кашин.
Қаблан падари Ҳабиб, ки ҳамзамон мураббии ин қаҳрамони UFC аст, рӯзноманигорро “ҳасадхӯр ва бадбин” номида буд. Абдулманап Нурмагомедов дар ҷавоб ба танқиди Олег Кашин, ки дар охир даъват ба манъи ММА-ро кард, чунин гуфт. “Инҳо одамони ҳасадхӯр ва нафратангез мебошанд. Ҳеҷ кас онро бекор карда наметавонад. Мо бо Тони Фергюсон ҳатман мубориза мебарем ва алҳол барои ин омодагӣ мебинем. Одамони ҳасадкор ба ҳар роҳе кӯшиш доранд барои анҷом наёфтани ин муҳориба халал ворид кунанд”.

Leave a Reply